Манбаъҳои огоҳ дар Туркия рӯзи панҷшанбеи 4-уми октябр гуфтанд, ки вазорати умури хориҷии ин кишвар сафири Арабистони Саудиро барои машварат дар мавриди сарнавишти Ҷамол Хошақҷӣ, рӯзноманигори маъруф ва мухолифи ҳукумати Саудӣ, ки пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд, даъват кардааст.
Нопадид шудани Ҷамол Хошақҷӣ метавонад муносибатҳои Анқара ва Риёзро, ки дар ҳол ҳозир сард аст, печидатар кунад.
Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли ин манбаъҳои худ гузориш додааст, ки сафири Арабистони Саудӣ барои ироаи тавзеҳот дар мавриди сарнавишти оқои Хошақҷӣ рӯзи чаҳоршанбе ба вазорати умури хориҷии Туркия рафтааст. Ҷамол Хошақҷӣ -- рӯзноманигори мухолифи сиёсатҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ва саркӯби дигарандешон, соли гузашта бинобар нигаронӣ аз боздошт, тарки кишвараш намуда ва ба Амрико рафта буд.
Як манбаи огоҳ дар Туркия гуфт, "рӯзи гузашта сафири Арабистони Саудӣ барои гуфтугӯ дар бораи вазъияти Ҷамол Хошақҷӣ ба вазорати умури хориҷии Туркия даъват шуд. Иқдомоте барои рӯшан кардани иддаоҳо дар бораи вазъияти оқои Хошақчӣ сурат гирифтааст ва мо мӯътақидем, ки натиҷаҳои мусбате хоҳад дошт."
Як манбаи дигар гуфт, "тамос байни Туркия ва Арабистони Саудӣ барои ҳалли мушкили марбут ба оқои Хошақҷӣ аз дирӯз идома дорад."
Як дӯсти Ҷамол Хошақҷӣ мегӯяд, ки ӯ аз рӯзи сешанбе ва пас аз вуруд ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шудааст. Консулгарии Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, оқои Хошақҷӣ рӯзи сешанбе муддате пас аз мулоқоти худ, бинои консулгариро тарк кардааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки консулгарӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Туркия талош мекунад, "сабабҳо ва шароити нопадид шудани ӯро кашф кунад."
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Анқара рӯзи панҷшанбе ҳозир нашуд дар мавриди ин моҷаро изҳори назар кунад ва як мақоми консулгарӣ низ дар посух ба суоли хабаргузории "Рейтерз" дар мавриди даъват шудани сафири он кишвар ба вазорати умури хориҷии Туркия, баёнияи консулгарии ин кишварро такрор кард.
Нопадид шудани Ҷамол Хошақҷӣ метавонад муносибатҳои Анқара ва Риёзро, ки дар ҳол ҳозир сард аст, печидатар кунад. Ҳукумати Туркия дар рақобати тӯлонӣ миёни Қатар ва Арабистони Саудӣ ва кишварҳои муттаҳиди он, аз Давҳа ҳимоят карда ва соли гузашта ба Қатар нерӯ фиристод.
Сухангӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҳукумати ин кишвар ба ин бовар аст, ки Ҷамол Хошакҷӣ ҳанӯз дар консулгарии Арабистони Саудӣ аст ва ба ин тартиб тавзеҳоти Арабистони Саудӣ дар мавриди ин моҷароро зери суол буд. Бо ин ҳама, то ба ҳол ҳукумати Туркия аз интиқоди ошкоро аз ҳукумати Арабистони Саудӣ худдорӣ кардааст.
То даме,ки русия хаст,намемонад,ки давлатхои форсхову, давлатхои туркхо якчоя шаванд!!!русия бо тамоми кувааш мубориза мебарад. Мо холохам мустамликаи русхо хастем.Истиклолият НЕСТ !!!
Амрико ва НАТО шикасти худро дар Афгонистон эътироф карданд. Созиши Амрико бо Толибон дар бораи хуручи нерухои Амрико исботи ии иддао аст. Бе кайду шарти иловаги Афгонистонро тарк мекунанд. Афгонхо бояд такдири мамлакати худро ба дасти худ бигиранд.
Манзури худат чист? Химия, физика, математика, кайхошиноси, ки сайорахои дигар ро кашф мекунанд, магар инхо илм нестанд, инхо иллмхои вокеьи хастанд ки ба ягон дину мазхаб марбуту тобеь нестанд! Телефони ки дар даст дори ва паем менависи махсули махз хамин илмхост! Тамаддуни ирони то тачовузи араби биебонии , яке аз аввалинхо буд ва миллатхоро ботамаддун месохтанд! Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.
Душанбе. Саволи ман ин аст ки агар ин донишҷӯён гунаҳкор ва хоин миллати тоҷик ҳастанд чаро. Хоини онҳоро ошкор мурофиа онҳоро баргузор намекунанд???? Ба назари мо донишҷӯёни тоҷик хоин нестанд. Ин ҳама дар ғарби дарс хонда бо савод шуданд. Ки рафта дар кишвари худ ба мардум хидмат кунанду дар кишвар сарбаланд бошанд. На зиндонӣ....
Душанбе