Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангараҳои "Хушдилон" боздошт шуданд. ВИДЕО


Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент даҳ ҷавонро бо гумони ширкат дар занозанӣ дар маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” боздошт кард. Боздоштшудаҳо ҳама 19 то 25-сола мебошанд ва дар пурсиши пешакӣ гуфтаанд, ки занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонони маҳаллӣ ва чанд муҳоҷири аз Русия баргашта барои ҷои нишаст сар задааст.

Полис мегӯяд, ки ҳамаи ширкатдорони занозанӣ тамошобин буданд ва моҷарои гурӯҳӣ боиси он шуд, ки намоишнома сар нашуда қатъ гардад.

Рӯзи 20-уми декабр навори нимдақиқаии ин занозанӣ, ки 19-уми декабр баргузор шуда буд, дастраси Радиои Озодӣ гашт. Дар навор дида

Ҳадафи маҳфилро “ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ҷавонони эҷодкор”унвон мекунанд

мешуд, ки ҷавонони зиёд ҳамдигарро бо мушту лагад мезананд. Ин занозанӣ боиси қатъ шудани маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” дар шаҳри Панҷакент шуд.

Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нафароне, ки дар навор дар занозанӣ ширкат доштанд, шиносоӣ ва боздошт шуданд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, занозанӣ қабл аз оғози маҳфил барои ҷойи нишаст шудааст.

“Ҳамин субҳ онҳо боздошт шуданд ва ҳоло муфаттишон ҳамроҳашон сӯҳбат доранд. Нисбати чанд нафар парванда боз мешавад, натиҷаи тафтишот маълум мекунад”, - гуфт ӯ.

Баъди ин "Хушдилон" манъ шуд

Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” бо қарори раиси вилояти Суғд миёни донишҷӯён ва мактаббачагон “ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳо” баргузор мешавад.

Мақсадулло Шарипов, мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент рӯзи 20-уми декабр гуфт, қарор карданд, ки дигар ин маҳфилро дар миёни хонандагон идома надиҳанд.

Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”, ки акнун баргузории онро дар Панҷакент қатъ карданд, дар тамоми вилояти Суғд идома дорад ва то охири ин моҳ бояд ҷамъбаст шавад.

Мақсадулло Шарипов далели қатъи баргузории маҳфилро чунин шарҳ дод:“Ин ҷо хонандагон аз деҳаҳои дурдаст меоянд. Амнияти онҳоро мо кафолат дода наметавонем. Бинобар ин қарор додем, ки баргузории ин маҳфилро дар миёни хонандагон бубандем”.

"Хушдилон" ба занозании гурӯҳии ҷавонон бадал шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

XS
SM
MD
LG