Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими хоксупории афғонҳои эъдомшуда дар Эрон


Ахиран шуморе аз афғонҳои муҳоҷир дар Эрон эъдом шуданд ва ҷасадҳои онҳо ба хонаводаҳояшон супурда шуд.

Ба дунболи ҳодисаи эъдоми муҳоҷирони афғон дар Эрон, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз вазорати умури хориҷии кишвараш хост, ки ин мавзӯъро аз роҳҳои дипломатӣ тафтиш кунад.

Авохири ҳафтаи гузашта вилояти Тахор садҳо нафар дар маросими ҷанозаи даҳ марде ширкат карданд, ки дар Эрони ҳамсоя бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дор овехта шуданд. Ҷамъомадагон аз ҳукумати Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки аз куштори афғонҳо дар Эрон ҷилавгирӣ намоянд. Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки тайи шаш моҳи ахир онҳо 80 нафари дар Эрон эъдомшударо ба хок супурданд.

Рӯзи якшанбе Муҳаммадмӯсо Маҳмудӣ, раиси иҷроияи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, бо ишора ба қатли даҳ зиндонии афғон дар Эрон аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хост, ки ба ин масъала расидагӣ кунад.

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International ҳам гуфтааст, ки зиндониёни афғон аксар вақт бидуни доштани вакили дифоъ ва муҳокимаи одилона дар Эрон ба қатл маҳкум мешаванд. Ин созмон аз ҳукумати Эрон хостааст, ки аз чунин амал даст бардорад.

Абдулҷаббор, сокини вулусволии Ҷал Дароқи вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон, аз ҷумлаи афроде буд, ки ахиран дар Эрон ба дор овехта шуда ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. Самира, ҳамсари Абдулхайр зимни сӯҳбат дар маросими хоксупории шавҳараш, иттиҳомот алайҳи ӯро беасос хонд. Навори зерро хабарнигори бахши афғонистонии радиои "Озодӣ" Даён Аҳмадӣ аз маросими хоксупории Абдулҷаббор дар вилояти Тахор фиристодааст.



Хоксупории як муҳоҷири афғон, ки дар Эрон эъдом шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00
Хоксупории як муҳоҷири афғон, ки дар Эрон эъдом шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00
XS
SM
MD
LG