Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудои Тел-Авив бе медал монданд


Беҳрӯзи Хоҷазода. Акс аз бойгонӣ
Беҳрӯзи Хоҷазода. Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил баргузор шуд, натавонистанд медал ба даст биёранд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони Байналмилалии Ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив 545 гуштигир (313 мард ва 232 зан) аз 83 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Аз байни паҳлавонони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми ҳафтумро касб намуд. Беҳрӯз, ки дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Евгений Прокопчук (Русия) ғолиб шуд. Баъдан Жансай Смагулови қазоқро мағлуб кард. Вале рақобати севуми худро ба Мартин Ҳояк (Словения) бохт. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш аз Нилс Стамп (Швейтсария) шикаст хӯрд ва дар натиҷаи ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон – Сомон Маҳмадбеков – низ дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Александру Раику (Руминия) ғолиб омад. Вале баъдан қувваозмоиро ба Ҷиованни Эспозито (Италия) бохт.

Панҷ нафар гуштигирони дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ ноком шуданд. Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг) аз Гусман Қирғизбоев (Қазоқистон), Акмал Муродов (-81 кг) аз Кристиан Тонисте (Эстония), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) аз Пиотр Кукзера (Полша), Темур Раҳимов (+100 кг) аз Мбагник Ндияе (Сенегал) ва Шакармамад Мирмамадов (100 кг) аз Бегболот Токтогонов (Қирғизистон) шикаст хӯрданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Гран-прии Тел-Авив, ки нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2020 маҳсуб мешуд, 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.

Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазордолларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш) тақдим гардид.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив-2020 дар раддабандии ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ (натиҷагирии мусобиқа миёни мардон ва занон) мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 8 медал ( 3 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Мунтахаби Исроил бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум дар зинаи 38-ум ҷойгир шуд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон соҳиби медал – як нишони нуқра - гардид. Умуман, варзишгарони 27 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла гуштигирони 9 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Ба ҷуз аз варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Исроил боз намояндагони Британияи Кабир 2 медали тилло, Фаронса, Словения, Русия, Италия ва Австралия яктоӣ медали тилло гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Тел-Авив-2020

Мардон

-60 кг

1. КИМ вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)

2. АККУС Михрак (Туркия)

3. АОКИ Дай (Ҷопон)

3. ФОКА Николае (Молдова)

-66 кг

1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)

2. САРИХАНОВ Ерлан (Қазоқистон)

3. КАРГНИН Даниел (Бразилия)

3. ФЛИКЕР Тал (Исроил)

-73 кг

1. БАЗИЛ Фабио (Италия)

2. КАРАПЕТЯН Фердинанд (Арманистон)

3. ҲОЯК Мартин (Словения)

3. СТАМП Нилс (Швейтсария)

-81 кг

1. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)

2. НТАНАТСИДИС Алексиос (Юнон)

3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон

4. САНТОС Эдуардо Юди (Бразилия)

-90 кг
1. ГВАК Донган (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ОЗЕРЛЕР Микаил (Туркия)
3. КУКЗЕРА Пиотр (Полша)
3. МАСЕДО Рафаел (Бразилия)

-100 кг
1. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)
2. ГОНКАЛВЕС Леонардо (Бразилия)
3. БУЗАКАРИНИ Рафаел (Бразилия)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)

+100 кг
1. САССОН Ор (Исроил)
2. КИМ Сунмин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ҲАММО Якив (Украина)
3. КУМАШИРУ Юсуке (Ҷопон)

Занон

-48 кг

1. СУНОДА Натсуми (Ҷопон)

2. БОУКЛИ Ширин (Фаронса)

3. БЕДЕР Тугче (Туркия)

3. КЛЕМАНТ Мелани (Фаронса)

-52 кг

1. МАЕДА Чишима (Ҷопон)

2. ҶЕОНГ Бокйеон (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ПАРК Да Сол (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)

-57 кг

1. КАҶЗЕР Каҷа (Словения)

2. РЕСЕВО Ҳелен (Фаронса)

3. ГҶАКОВА Нора (Косово)

3. КАРАКАС Ҳедвиг (Маҷористон)

-63 кг

1. ҲАЕКЕР Катарина (Австралия)

2. БОШЕМИН-ПИНАРД Кетрин (Канада)

3. ТРАЙДОС Мартина (Олмон)

3. ЗАЧОВА Рената (Ҷумҳурии Чех)

-70 кг

1. КОНВЭЙ Салли (Британияи Кабир)

2. КИМ Сеонҷион (Кореяи Ҷанубӣ)

3. СУНОДА РУСТАНТ Аи (Испания)

3. ЗУПАНКИК Келита (Канада)

-78 кг
1. ПОВЕЛ Натали (Британияи Кабир)
2. ГРАФ Бернадетт (Австрия)
3. САМПАИО Патрисиа (Португалия)
3. ЁОН Ҳюнҷи (Кореяи Ҷанубӣ)

+78 кг
1. ДИКО Роман (Фаронса)
2. САВЕЛКОУЛС Тесси (Нидерланд)
3. НУНЕС Рокел (Португалия)
3. САЙИТ Кайра (Туркия)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG