Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллими Меъроҷ бо як "танбеҳ" халос хӯрд?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Омӯзгори мактаби 42-и ноҳияи Аштро, ки гуфта мешуд, ба сари як толибилм даст бардоштааст, барои "муносибати ғайрикасбӣ бо талаба" танбеҳ додаанд. Аммо наздикони Меъроҷ Азизхонов чунин муҷозотро хеле сабук меноманд.

Омӯзгори мактаби 42-и ноҳияи Аштро, ки гуфта мешуд, ба сари як толибилм даст бардоштааст, барои "муносибати ғайрикасбӣ бо талаба" танбеҳ додаанд. Аммо бобои Меъроҷ Азизхонов, ки бо осеби майнаи сар мудате дар бемористон бистарӣ буд, мегӯяд, ягона даъвояш аз сафи омӯзгорон рондани муаллимест, ки ба сари набераи ӯ даст бардоштааст. Модари Меъроҷ дар айни замон ба таҳқиқи ҳодиса ва ҷазои ин омӯзгор пофишорӣ дорад.

Атамхон Азизхонов, бобои Меъроҷ, талабаи синфи 5-и як мактаби миёна дар ноҳияи Ашт рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло варақаи беморхона дар бораи бистарӣ шудани набераам - дар дастам. Аммо бо он ба ҷое шикоят набурдам, ҳамин кор ба нағзӣ ҳал шавад. Аммо талаби ман ҳам ҳамин ки он муаллими набераамро задагиро аз кор холӣ кунанд.”

Вале модари Меъроҷ – Шоиста Алоудинова - мегӯяд, то охир ба таҳқиқи ҳодисаи лату кҳби пи сараш дар мактаб пофишорӣ хоҳад кард: “Охир, майнаи писарам дар мактаб осеб мебинаду чӣ тавр ба падараш нагӯем? Шумо ҳам чораи муаллимро бинетон, гуфтам. Гапҳо, ки гӯё ман аз даъвом даст кашида бошам, нодуруст аст.”

Меъроҷ Азизхонов, ки рӯзи 26-уми май дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо осеби майнаи сар бистарӣ карда шуда буд, ҳафтаи гузашта мураххас шудааст. Вай дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъи сиҳаташ хуб аст, аммо ҳоло ба мактаб нарафтааст: “Саломатиам нағзтар шудааст. Сардарду дилбеҳузуршавиам ҳам дигар бас шуд.” Меъроҷ афзуд, ки бо тавсияи табибон 10 рӯзи дигар бистарӣ хоҳад буд, аз ин рӯ то ҳол ба мактаб барои фаҳмидани он ки имтиҳонҳоро кай месупорад, нарафтааст.

Меъроҷ Азизхонов, талабаи синфи 5 –и мактаби рақами 42 –и ноҳияи Аштро задани муаллимаш - Аҳрор Мирзоҷонов - барои надоштани либоси ягонаи мактабӣ баъди он расонаӣ шуд, ки падари Меъроҷ аз муҳоҷирати кории Русия ба бархе расонаҳо нома ирсол кард ва ёрӣ хост, “каси писарашро латукӯбкарда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.”

Дар пайи ҳодиса раҳбарияти мактаби мазкур эълон карданд, ки муаллим талабаро назадаст, балки танҳо сарпӯши ӯро дуруст карда, барои бо либоси мактабӣ ба дарс наомадан сарзаниш кардааст. Дар пайи моҷаро ва дар беморхона бистарӣ шудани Меъроҷ бо осеби сабуки майнаи сар раҳбарияти мактаб муаллим – Аҳрор Мирзоҷоновро расман барои “муносибати ғайрикасбӣ бо талаба” танбеҳ додаст.

Ҷӯрабек Қиличев, сардори бахши ноболиғон дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт, ки ба таҳқиқи ҳодисаи бо осеби майнаи сар дар беморхона бистарӣ шудани Меъроҷ, талабаи мактаб машғул аст, ба радиои Озодӣ гуфт: “Мо баъди дар беморхона бистарӣ шудани Меъроҷ Азизхонов нисбат ба муаллимаш мавод таҳия кардем. Дар як – ду рӯз хулосаи ташхиси тиббиро мегирем ва ин ҳодисаро аз рӯи талаботи қонун таҳқиқ мекунем. Мо баёноти наздикони он талаба ва муаллимони мактабашро ба ҳайси шоҳид гирифтем.”

Зимнан, дар баёнотҳои худ чанд муаллими мактаби мазкур навиштаанд, ки ҳамкасбашон Меъроҷро назада, танҳо кепкаи ӯро рост карда буд ва ин шогирд ва пайвандонаш ба омӯзгор тӯҳмат мезананд.

Насибҷон Қодиров, мудири мактаби рақами 42 –и ноҳияи Ашт мегӯяд, раҳбари синфи Меъроҷ барои аёдати вай ба хонаашон рафта, бо модараш ҳамсӯҳбат шудааст. Мусоҳибам афзуд, Меъроҷ бо пешниҳоди маълумотномаи беморхона метавонад имтиҳонҳои худро моҳи август супорад ва моҳи сентябр қатори ҳамсинфонаш ба дарс ҳозир шавад. Аммо модари Меъроҷ мегӯяд, ба ҷуз як муаллиме, ки дар кӯча ҳоли Меъроҷро аз вай пурсид, дигар то имрӯз касе аз устодонаш ба аёдати ӯ нарафтаанд.
XS
SM
MD
LG