Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи раиси Кумитаи андоз аз хоҷагиҳои деҳқонӣ


Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон аз сатҳи пасти фарҳанги андозсупории хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар шикоят кард.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2013 дар парлумон, дар посух ба суоли вакилон дар бораи имтиёзе барои кишоварзон гуфт, сол аз сол ҷамъоварии молиёт аз бахши кишоварзӣ коҳиш меёбад.

Ба гуфтаи Давлатов, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон торафт таҷзия ва хурдтар мешаванд ва бисёре аз раҳбарони онҳо дониши муҳосибот надоранд. "Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 11 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст. Бовар дорам, аз ҳамин 11 ҳазор 90 дарсади роҳбарони хоҷагиҳо на маълумот доранд, на муҳосиб ва дар бораи ҳисобдорӣ комилан тасаввурот надоранд. Сатҳи фарҳанги андозсупории чунин хоҷагиҳо хеле паст аст. Бинобар ин, рӯз то рӯз сатҳи воридоти андоз аз соҳаи кишоварзӣ коҳиш меёбад ва дар соли 2011 дар 7 дарсад қарор гирифт. Соли ҷорӣ бошад, ин рақам боз аз ин ҳам камтар аст",-гуфт ӯ.

Ҷаноби Давлатов ҳамчунин илова кард, ки тақрибан се сол пеш ҳиссаи даромади буҷа аз ҳисоби андози кишоварзӣ то даҳ-ёздаҳ дарсад мерасид. Таҷзияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Шӯравии собиқ ва барҳам хурдани колхозу совхозҳо оғоз шуд. Вале баъди 500 миллион доллар қарздор шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз сармоягузорон раванди таҷзияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба воҳидҳои хурд авҷ гирифт. Чунки мақомоти маҳаллӣ бо тақсим кардани қарзҳои хоҷагиҳои калон ба чанд нафар деҳқон хостанд як навъ мушкили қарзиро ҳал кунанд.

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, хоҷагиҳои деҳқонӣ умдатан дар навоҳии кӯҳистон, ки пахта кишт намешавад, бештар таҷзия шуда хурд шудаанд. Ба гуфтаи ин коршинос, хурд шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ягон бадие надорад, чунки масоҳати замин ҳамон хел боқӣ хоҳад монд ва сатҳи андозситонӣ низ набояд тағйир ёбад. Танҳо ниҳодҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, ба гуфтаи ӯ, сатҳи дониши истеҳсолӣ ва молиявии деҳқононро бояд баланд бардоранд: "Вазорати кишоварзӣ, академияи илмҳои кишоварзӣ, ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ миёни раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, то онҳо дар пардохти андоз мушкилӣ накашанд. Кумитаи андоз низ бояд дар ин самт кор кунад."

Партоев афзуд, дар оянда рақобат ва шароити иқтисодӣ хоҷагиҳои хурди деҳқониро водор хоҳад кард, ки барои зинда мондан боз аз сари нав мутаҳҳид шаванд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иддаои мақомотро дар мавриди сатҳи пасти фарҳанги андозсупорӣ бепоя хонданд. Миралӣ Шоев, роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дар ноҳияи Масчо, мегӯяд, чун деҳқонон пахтаи истеҳсолкардаашонро бо нархи бозорӣ фурӯхта наметавонанд, ҳини супурдани андоз низ мушкилӣ мекашанд. Бар тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон 62 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG