Пайвандҳои дастрасӣ

Маошро кӣ бояд муайян кунад -- Кумитаи андоз ё талаботи бозор?


"Маоши кормандонро боло бубаред!" Маъмулан чунин талаб аз забони иттифоқҳои касаба ва ё коргарони норозӣ аз даромад садо медиҳад. Вале дар Тоҷикистон дар як тақозои бесобиқа, Кумитаи андоз бо чунин як талабе ба кордеҳон муроҷиат кардааст.

Дар як номаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки ба шӯъбаҳояш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол шуд, аз муассисони ширкатҳои хусусиву тиҷоратӣ ва соҳибкорон тақозо шудааст, ки ҳамасола маоши кормандонашонро боло баранд.

Шикоятҳои соҳибкорони алоҳида ва ширкатҳои дохиливу хориҷӣ аз мизони баланди андоз ва шеваи ҳисоб шудани он, солҳост шунида мешавад.

Матни ин нома, ки 23-уми август аз Душанбе ба тамоми зерсохторҳои Кумитаи андоз дар кишвар ирсол шуд, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ ҳам дастрас шуд. Дар он, аз ҷумла, омадааст, "новобаста ба таъкидҳои пай дар пай ... давра ба давра зиёд намудани музди меҳнат, аз он ҷумла вобаста ба беқурбшавии пули миллӣ”, маоши кормандонро баланд накардаанд.

Дар идома Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, кордеҳон дар соли 2016 ва се моҳи авввали соли 2017 на танҳо маоши кормандонашонро боло набурдаанд, балки камтар кардаанд. Кумитаи андози Тоҷикистон тавассути нозиронаш аз кордеҳон хусусан аз бахши хусусӣ талаб мекунад, ки маоши кормандонро ҳадди ба қадри беқурбшавии пул боло бубаранд. Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи таваррум дар сол 6-7 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ дар шарҳи ин талаботи нав гуфтанд, бар асоси таҳлилҳо, бисёре аз соҳибкорон ҳадди ниҳоии маошро дар санадҳо нишон дода, ҳақмузди воқеии кормандонашонро рӯйпӯш мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳадди ниҳоии маош барои ҳама гуна корхонаву ширкатҳо 400 сомонӣ муқаррар шудааст ва ягон кордеҳ дар Тоҷикистон ҳаққ надорад аз ин камтар ба кормандаш маош пардохт кунад.

Аммо соҳибкорон дар Тоҷикистон, ки аз кордеҳони аслӣ ба шумор меоянд, мегӯянд, айни замон бизнес дар шароити бӯҳрон пеш меравад ва онҳо имконияти боло бурдани маоши кормандонашонро надоранд.

Баҳром Назаров, молики як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе рӯзи 5-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: "Оҷонсии омори Тоҷикистон музди як сохтмончиро аз 2 ҳазор сомонӣ боло ҳисоб кардааст. Даромади мо дар ҳамин шароит бе ин ҳам кам шудааст. Мо аз кадом ҳисоб маошро боло барем?".

Таҳлилгарон мегӯянд, исрори Кумитаи андоз барои боло бурдани маош ба хотири таъмини бемушкили ҷамъоварии молиёт аст. Яъне масъулини андоз пеш аз ҳама ҳадафҳои худро барои пур кардани нақшаи андоз дунбол мекунанд. Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумии маоши коргар 13 % андоз ба фоидаи давлат дода мешавад. Бисёриҳо дар Тоҷикистон солҳои охир аз баланд будани мизони андоз шикоят мекунанд.

Бархе соҳибкорон мегӯянд, даъвати Кумитаи андоз дуруст нест, чунки ин кишвар аз рӯи қонуни иқтисоди бозорӣ пеш меравад. Доро Соҳибов, муҳосиби таҷрибадоре мегӯяд, Кумитаи андоз ҳаққи дахолат дар умури бахши хсусиро надорад.

Ӯ гуфт: «Давлати мо роҳи иқтисоди бозориро интихоб кардааст. Бинобар ин, ширкатҳои хусусӣ ва ё соҳибкорон дар таъин кардани маош ба коргар озоданд. Яъне, маоши таъинкардаи онҳо аз ҳадди аққали маош боло бошад, кифоя аст. Маоши корманд дар асоси талаботи бозор таъин мешавад, на ин, ки талаби Кумитаи андоз. Мақсади кумита танҳо бештар ситонидани андоз аз кордеҳ аст, ки оқибаташ вазъи молиявии ширкатҳоро бадтар мекунад. Вазъи молии ширкатҳо, ки хароб шуд, маош ҳам намешавад».

Зимнан, Кумитаи андоз ба тамоми шӯъбаҳояш дар шаҳру навоҳии кишвар дастур додааст, ки минбаъд андозро аз маоши кормандон тибқи мизони маоши миёна биситонанд, на оне ки кордеҳон нишон медиҳанд. Барои мисол, ин кумита гуфтааст маоши миёна дар соҳаи сохтмон 2149 сомонӣ аст ва кордеҳон низ бояд аз рӯи ҳамин мизони маош, ба давлат андоз супоранд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Шикоятҳои соҳибкорони алоҳида ва ширкатҳои дохиливу хориҷӣ аз мизони баланди андоз ва шеваи ҳисоб шудани он, солҳост шунида мешавад. Дар поёни соли гузашта ширкатҳои русӣ тавассути сафири Русия дар Тоҷикистон ва ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ тавассути сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз баланд будани мизони андоз дар Тоҷикистон, шикоят карда буданд.

Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ин иддаои онҳоро рад карда гуфта буд, мизони андоз дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигари минтақаву ҷаҳон баланд нест.

Тоҷикистон соли 2012 Кодекси нави андозро қабул кард ва номгӯи андозҳо аз 21-тои қаблӣ то ба 11 адад коҳиш дода шуд. Мувофиқи муқаррароти Кодекси нав, аз соли 2015 андоз аз истеҳсолот аз 15 ба 14 ва то соли 2017 то 13 дарсад бояд коҳиш ёбад. Аммо соҳибкорони собиқадор мегӯянд, ҳарчанд номгӯи андоз коҳиш дода шуд, аммо ҳаҷми андоз боло рафт ва дар маҷмӯъ сарбории андозҳо зиёд гашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG