Пайвандҳои дастрасӣ

Холкӯбӣ ё тату дар ин рӯзҳо дар миёни бархе ҷавонони тоҷик, бахусус духтарон беш аз пеш мушоҳида мешавад. Ҳар кадом ба далеле бадани худро бо нақшҳо ё навиштаҳои махсусе меороянд. Бештари онҳо бо ин кори худ мехоҳанд қолабҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии суннатии ҷомеъаро ба чолиш бикашанд.

Ҷавононе ба монанди Дилшод ва Санам холкӯбиро баёне аз фалсафаи зиндагӣ, ҳолати рӯҳӣ ва ё огоҳиномае барои худ мешуморанд.

Дилшод, ки 25-сола аст, дар Бухоро ба дунё омада ва дар Душанбе бурзург шудааст.

Тасвири комилу дақиқи як амали холкӯбӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ ҳам омадааст, ки нишон медиҳад, 800 сол пеш ҳам дар сарзаминҳои мо холкӯбӣ роиҷ будааст.

​Ҳанӯз холкӯбӣ надорад. Аммо умедвор аст, ки то оғози соли оянда ба орзуи худ бирасад. Дар баёни орзуяш Дилшод мегӯяд:

“Орзуи холкӯбиро аз даврони кӯдакиам доштам. Ҳоло ман омода ҳастам ва медонам, ки чӣ тасвиреро бар баданам ҷовидона кунам. Мунтазири устое ҳастам , ки бояд моҳи январ аз Қазоқистон биёяд. Барои чӣ ман холкӯбӣ мехоҳам? Барои он ки ман мехоҳам ҳолати рӯҳиамро дар холкӯбӣ бозтоб диҳам. То замоне ки ба ин орзуям бирасам, эҳсос мекунам, ки ноқисам, комил нестам”.

Дилшод мегӯяд, фикри холкӯбӣ зеҳнашро ба андозае машғул кардааст, ки наметавонад феълан ба орзуи дигаре биандешад. Зеро ба гуфтаи ӯ, “барои пур кардани ҳолати рӯҳӣ бояд кореро анҷом дод, ки аз он хушат меояд, ҳувият ва “ман”-и туро буруз медиҳад”.

Интихоби Дилшод барои холкӯбӣ ҳам ғайримаъмулист. Ӯ мехоҳад ба ҷои тасвир навиштаеро ба хатти бостонии скандинавӣ дар баданаш ҳак кунад. Мегӯяд, эҳтимолан ин танҳо холкӯбӣ бар бадани ӯ нахоҳад буд.

Холкӯбӣ барои ёдоварӣ

Аммо Санам ба орзуяш расидааст. Болотар аз қафаси синааш ду мисраи инглисиро, ки тарҷумаи сухани яке аз хирадмандони чинист, холкӯбӣ кардааст: “Let go your earthly tether. Enter the void. Empty, and become wind” (“Завлонаи заминро раҳо кун! Ба холигоҳ андар ой. Дастихолӣ ва бод шав”).

Санам мегӯяд: “Ин ду мисраи шеър маънои онро дорад, ки масъалаҳо ва душвориҳое, ки пеши роҳи маро мегиранд, чандон муҳим нестанд, то дар андешааш бошам. Ва ин мисраъҳо ба ман кӯмак мекунанд, то бо зеҳне озод аз андешаҳои музоҳим бо кори муҳимтаре саргарм шавам”.

Санам 23 сол пеш дар Душанбе ба дунё омада ва ҳамин ҷо ҳам бузург шудааст. Шуғли ӯ марбут ба тарроҳии ҳунарӣ (арт-дизайн) аст. Санам холкӯбиро аз намодҳои зебоӣ ҳам медонад: “Росташро гӯям, ин хеле зебо аст. Дигар ин ки ба рӯҳи ман хеле наздик аст. Субҳи ҳар рӯз, вақте ки ин мисраъҳоро мехонам, медонам, ки бояд дунболи чӣ коре биравам”.

Нигоҳи ҷомеа ба холкӯбӣ

Ба гуфтаи Санам, вокуниши атрофиён ба холкӯбии ӯ гуногун аст. Баъзеҳо онро меписанданд, вале аксарият ҳайрон мешаванд ваё ошкоро интиқод мекунанд. Бархе аз роҳгузарҳо ӯро ҳатто дашном медиҳанд: “Ман намедонам барои чӣ рафтори онҳо бо ман дар роҳ манфӣ аст! Хеле нохуш аст, вақте ки дар роҳҳои шаҳр пиёдагардӣ мекунӣ ва касе туро нигаҳ медораду муддати дарозе ба сару суратат нигоҳ мекунад. Ё ин ки суханҳои қабеҳ мезанад ва ту намефаҳмӣ, ки далелаш чист”.

Дар Тоҷикистон қонуни хоссе барои холкӯбӣ вуҷуд надорад. Бештари устоҳои холкӯб наққошоне ҳастанд, ки аз ин роҳ касби даромад мекунанд. Барои анҷоми ин кор онҳо муҷаввиз (литсензия) надоранд. Ба ҳамин далел ҳам ҳеч як аз онҳо ҳозир нашуданд бо номи расмии худ бо мо суҳбат кунанд.

Дилшод мехоҳад дар танаш наққошиеро холкӯбӣ кунад
Дилшод мехоҳад дар танаш наққошиеро холкӯбӣ кунад

​Аз ҷумла яке аз пуркортарини онҳо хост бо номи мустаъораш - Фирӯз муаррифӣ шавад. Ӯ аз шуғлу муштариёнаш мегӯяд: “Ҳар моҳ барои холкӯбӣ задан аз ҳафт то панҷ муштарӣ ба наздам меоянд. Аз ин теъдод як ё ду нафар духтар ҳастанд ва дигарон ҳама писарони ҷавонанд. Пеш аз омадан ба устохона онҳо тасвир ё навиштаеро интихоб мекунанд. Баъзан ман мепурсам, ки маънои он тасвир ё матн чист? Бештари онҳо наметавонанд ба суоли ман посух диҳанд. Баъзе ҳам «барои зебаш» мегӯянду аз дасти ман халос мешаванд».

Фирӯз аз таърихчаи холкӯбӣ ҳам огоҳ аст ва онро барои тоҷикон бегона намедонад. Мегӯяд, холкӯбӣ аз фарҳанги паҳлавонии тамаддунҳои бостонии Осиё нашъат гирифтааст: “Холкӯбӣ задан ҳазорон сол пеш дар фарҳанги мо низ буд, аммо ислом онро рад мекунад ва ҳаром мешуморад. Аммо наметавон хоҳиши афродеро, ки мехоҳанд аз ин роҳ ҳуввияти худро баён кунанд, нодида гирифт”.

Дар бархе аз фатвоҳои исломӣ холкӯбӣ ба унвони худозорӣ ё нақшу нигор раво набудааст. Аммо дидгоҳи воҳиде дар ин замина вуҷуд надорад. Ба далели ин ки решаи холкӯбӣ ба умқи торих бармегардад ва дар фарҳанги бостонии бисёре аз миллатҳои мусалмон холкӯбӣ ривоҷ доштааст.

Масалан, дар Эрони бостон нигораҳову тандисаҳое пайдо шудаанд, ки нақши холкӯбӣ бар бадани одамро нишон медиҳанд.

Холкӯбӣ дар «Маснавии маънавӣ»

Тасвири комилу дақиқи як амали холкӯбӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ ҳам омадааст, ки нишон медиҳад, 800 сол пеш ҳам дар сарзаминҳои мо холкӯбӣ роиҷ будааст. Он замон ба холкӯбӣ “кабудӣ задан” мегуфтанд.

Достони “Кабудӣ задани қазвинӣ” дар “Маснавӣ” бо чунин байтҳое оғоз мешавад:

Ин ҳикоят бишнав аз соҳиббаён

Дар тариқу одати қазвиниён.

Бар тану дасту ба китфҳо бегазанд

Аз сари сӯзан кабудиҳо зананд.

Холкӯбӣ солҳои охир дубора маъруфият касб карда ҳамакнун на танҳо аз як ранг, балки аз рангҳои мухталиф ҳам наққошиву навиштаҷот эҷод мешавад
Холкӯбӣ солҳои охир дубора маъруфият касб карда ҳамакнун на танҳо аз як ранг, балки аз рангҳои мухталиф ҳам наққошиву навиштаҷот эҷод мешавад

​Дар ин достон Мавлавӣ моҷарои як паҳлавони қазвиниро таъриф мекунад, ки мехост бар шона (китф)-аш нақши шерро холкӯбӣ кунад. Аммо дарди сӯзан чунон сахт буд, ки паҳлавон аз усто мехоҳад аз баҳри кашидани ёлу думу шиками шер бигзарад ва усто бо асабоният ин хостаи ӯро рад мекунад. Шеваи холкӯбӣ имрӯз ҳам тақрибан ба ҳамон сурат аст, ҳарчанд тафовутҳое дорад. Имрӯз ҳам устои холкӯб маъмулан нақшеро бо сӯзан бар пӯсти бадан мезанад, то каме хун биёяд. Сипас рӯи он захм навъе моддаи рангӣ мепошад, то пӯст онро тадриҷан ба худаш ҷазб кунад. Ба ҳамин далел ҳам, он гуна ки дар достони Мавлавӣ мехонем, ҳар касе таҳаммули неши холкӯбро надоштааст.

Сӯзани холкӯб танҳо неше нест, ки ҷавонони холкӯбишуда дар Тоҷикистон бояд таҳаммул кунанд. Таҳаммули ранҷи нигоҳи манфии ҷомеа бисёр сахттар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG