Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти мустақим бо Толибон дар меҳвари конфронси байналмилаии Тошканд


акс аз музокироти 28 феврали имсол
акс аз музокироти 28 феврали имсол

Мақомот аз Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд дар соатҳои аввали шурӯи конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон гирди ҳам омаданд.

Дар миёни онҳо мақомоти баландпояи 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ мебошанд, ки бояд рӯзи 27 март ташкили ҷаласа кунанд. Дар миёни ширкатдорони ин конфронс мақомот аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, СММ, Покистон, Эрон, Чин, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар ҷараёни ин конфронс музокироти сулҳи Афғонистон, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳам ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ мешавад.

Рӯзи 26 март вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон бо мақомоти Афғонистон ташкили ҷаласа карда ҷузъиёти конфронси рӯзи 27 мартро баррасӣ карданд.

Шоми 26 март қарор аст президентони Афғонистон ва Узбекистон – Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев ва инчунин муовини котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Томас Шеннон мулоқоте барпо кунанд.

Томас Шеннон
Томас Шеннон

Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки конфронси Тошканд “дар паи пешрафтҳои конфронси рӯзи 28 феврал дар Кобул барпо мешавад ва намоишгари талош ва кӯмаки байналмилалӣ дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон аст”.

Дар конфронси моҳи феврал президент Ашраф Ғанӣ ба Толибон – гурӯҳи шӯришии мусаллаҳ дар Афғонистон пешниҳод кард, ки бидуни пешшарт сари мизи гуфтугӯ нишинанд ва ҷараёни сулҳ дар ин кишварро баррасӣ кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG