Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарки узвияти додгоҳи Созмони Милал барои Тоҷикистон осон аст?

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки ин кишвар эҳтимолан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ хориҷ мешавад. Дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи қарор «Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ», - ро баррасӣ кардаанд.

Тасмими мазкур ба эҳтимоли ғолиб ба дархости додгоҳи мазкур робита дорад, ки аз Тоҷикистон хоста буд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дастгир карда барои муҳокима ба дасти ин додгоҳи байналмилалӣ супорад.

Радиои Озодӣ дар робита ба ин тасмим аз Фаридун Саидзода, ҳуқуқдони ҳуқуқи байналмилалӣ хост, ки раванду муқаррароти хориҷ шудан аз узвияти ин додгоҳи Созмони Милалро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад, ки ба эҳтимоли ғолиб вокуниши манфӣ ва интиқоди ҷомеаи байналмиларо бармеангезад.

Фаридун Саидзода дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, пеш аз ҳама бояд гуфт, ки айни ҳол сухан танҳо дар бораи лоиҳаи қарор меравад, на қарори қабулшуда. Фаридун Саидзода афзуд: “Раванди хориҷ шудани давлат аз ин санади байналмилалӣ аз ду марҳила иборат аст: марҳилаи дохилӣ ва марҳилаи байналмилалӣ. Дар марҳилаи дохилӣ қатъ кардани амали шартномаи байналмилалӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ тавассути бекор кардан (денонсатсия) сурат мегирад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ ба салоҳияти палатаи поёнии парлумон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад (моддаи 57). Маҷлиси намояндагон ваколати худро дар ин масъала тавассути қабули қарор амалӣ менамояд. Лоиҳаи мавриди баррасӣ низ дар ҳамин шакл таҳия шудааст.

Фаридун Саидзода муқими шаҳри Гаагаи Ҳолланд аст, ки қароргоҳи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳам дар онҷост.
Фаридун Саидзода муқими шаҳри Гаагаи Ҳолланд аст, ки қароргоҳи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳам дар онҷост.

Тартиби мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври муфассал муқаррар шудааст. Пешниҳод дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва тавассути Ҳукумат пешниҳод мегардад (моддаи 26). Вазорати корҳои хориҷӣ, дар навбати худ, оид ба мувофиқи мақсад будани бекор кардани шартнома хулоса пешниҳод менамояд.

Қарор дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаи байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад (қисми 1 моддаи 27). Ин муқаррарот ба Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ низ дахл дорад, зеро он аз ҷониби Тоҷикистон соли 2000 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.

Дар ин маврид як нуктаи муҳимро бояд зикр кард. Барои бекор кардани Низомномаи мазкур розигии палатаи болоии парлумон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ талаб карда намешавад.

Қисми 2 моддаи 27 қонуни мазкур Президент ва Ҳукуматро низ зикр мекунад, вале муқаррароти ин қисм ба дигар навъҳои шартномаҳои байналмилалӣ дахл доранд, яъне шартномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти давлатӣ баста шуда, аз ҷониби парлумон тасдиқ (ратификатсия) нашудаанд. Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудааст, ба ин навъи шартномаҳо дохил намешавад.

Пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ марҳилаи байналмилалӣ оғоз мегардад. Мутобиқи қисми 1 моддаи 127 Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ, давлат дар бораи хориҷ шудани худ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро хаттӣ огоҳ менамояд. Хориҷшавӣ пас аз як соли гирифтани чунин огоҳинома эътибор пайдо мекунад, агар дар огоҳинома мӯҳлати дертар пешбинӣ нашуда бошад.

Асоси ин муқарраротро усули соҳибихтиёрии давлат ва, дақиқтараш, ризоияти давлат ҳамчун асоси уҳдадориҳои шартномавӣ ташкил медиҳад. Давлат дар сурате уҳдадориҳои шартномавиро ба зимма мегирад, ки ба онҳо ризоият дода бошад. Ҳамон тавре ки давлат метавонад барои иштирок дар шартнома ризоият диҳад, метавонад ин ризоиятро бозпас низ гирад, вале танҳо бо риояи тартибу шартҳое, ки дар худи шартнома пешбинӣ шудаанд. Ин яке аз хусусиятҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад: уҳдадориҳои шартномавии давлат бар асоси ирода ва ризоияти худи он ба вуҷуд меоянд.”

Ба гуфтаи ҳуқуқдони тоҷик, танҳо қабули қарори Маҷлиси намояндагон барои анҷом ёфтани раванди хориҷшавии Тоҷикистон кофӣ нест ва мӯҳлати яксолаи пешбинишуда танҳо аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи расмии Тоҷикистон аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оғоз мегардад.

Фаридун Саидзода дар посухи катбии худ, ин бахши раванди қатъ кардани узвияти Тоҷикистон дар додгоҳро чунин шарҳ додааст: “То имрӯз чунин огоҳинома ирсол нашудааст ва дар пойгоҳи шартномаҳои Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ҳамоно ҳамчун давлати иштирокчии Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ сабт шудааст. Бинобар ин, муҳлати яксолаи хориҷшавӣ ҳанӯз оғоз нагардидааст.

Дар мавриди уҳдадориҳои Тоҷикистон низ бояд вазъи ҳуқуқии кунунӣ ба назар гирифта шавад. То замоне ки раванди хориҷшавӣ ба анҷом нарасидааст, Тоҷикистон ҳамчун давлати иштирокчии Низомнома боқӣ мемонад ва уҳдадориҳои пешбининамудаи онро бояд иҷро намояд. Ин уҳдадориҳо аз иштироки амалкунандаи Тоҷикистон дар Низомнома бармеоянд, на аз оғози муҳлати яксолаи хориҷшавӣ.

Агар қарори дахлдор қабул шавад ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттиро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд, муҳлати яксолаи пешбининамудаи моддаи 127 оғоз хоҳад шуд. Дар давоми ин як сол Тоҷикистон ҳамчун давлати иштирокчии Низомнома боқӣ мемонад ва уҳдадориҳои худро тибқи он бояд иҷро намояд.”

Тасмим барои ихроҷ шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ чаҳор моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки ин додгоҳ бо танқиди ҳукумати Тоҷикистон барои боздошт накардани Владимир Путин дар шаҳри Душанбе гуфт, ки парвандаи ин амалкарди Тоҷикистонро барои баррасии минбаъда дар ихтиёри тамоми кишварҳои узв гузоштааст.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, соли гузашта аз Тоҷикистон хоста буд, ки зимни сафари Путин ба Душанбе ӯро дастгир кунад.

Владимир Путин, аз рӯзи 8-ум то 12-уми октябри соли гузашта барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт. Аммо ҳукумат гуфтааст, ки ин дархостро иҷро карда наметавонад, зеро Владимир Путин аз масуният бархурдор аст ва Тоҷикистон бе ризояти Русия ҳеч яке аз мақомҳои баландпояи ин кишварро дастгир карда наметавонад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG