Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи ислоҳшудаи қатъномаи Амрико зидди Эрон ба Шӯрои Амният пешниҳод шуд


Келлӣ Крафт, сафири Амрико дар Созмони Милал
Келлӣ Крафт, сафири Амрико дар Созмони Милал

Амрико қатъномаи ислоҳшудаеро барои тамдиди таҳрими фурӯши аслиҳа ба Эрон ба аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кард ва аз онҳо хост, назарашонро рӯзи 12-уми август бигӯянд.

Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерс", матни қатънома аз чаҳор банд иборат аст ва дар он омадааст, ки таҳрими фурӯши аслиҳа ба Эрон то замони номуайяне дароз карда шавад. То вақте ки Шӯрои Амният қарори дигареро дар ин замина қабул кунад.

Тарҳи пешинаи қатъномаи Амрико, ки аз даҳҳо саҳифа иборат буд, ба гуфтаи дипломатҳо ва таҳлилгарон талаботи беш аз ҳад дошт. Дар он хоста шуда буд, ки кишварҳои ҷаҳон борҳоеро, ки аз Эрон меоянд, ё мераванд, тафтиш кунанд.

Дар матни ислоҳшудаи қатъномаи Амрико омадааст, ки тамдиди таҳримоти фурӯши аслиҳа ба Эрон барои ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ зарурист.

"Ройтерс" бо такя ба қавли баъзе аз дипломатҳо дар Созмони Милал навиштааст, шояд тарҳи ислоҳшуда дар миёни аъзои Шӯрои Амният тарафдори бештар пайдо кунад, аммо маълум нест, ки оё барои тасвиб ба қадри кофӣ раъй мегирад, ё не. Русияву Чин ду узви соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният мухолифи дароз кардани таҳримот ҳастанд.

Пешниҳоди тарҳи нав дар рӯзи 11-уми август барои ба даст овардани ҳимояти 15 узви Шӯрои Амният аст. Келлӣ Крафт, сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, тарҳи нав “назари шӯроро ба инобат мегирад ва кореро анҷом медиҳад, ки ҳама мехоҳанд. Яъне, тамдиди таҳрими аслиҳа, то нагузорад, ки Эрон ба хариду фурӯши озоди аслиҳа машғул шавад."

Ӯ дар як баёнияе гуфт, “бар асоси ақли солим, бояд ба ҳомии рақами яки терроризм абзоре дода нашавад, ки зарари бештар ба ҷаҳон бирасонад."

Тарҳи қатъномаи нав ба зидди Эрон вокунишҳоеро ба бор овард. Ричард Гован, яке аз мудирони Гуруҳи Байналмилалии Пажуҳиши Буҳронҳо дар Твиттер навишт, "пешнависи соддаи қатъномаи Амрико фиребатон надиҳад. Нуктаи аслӣ ин аст, ки ин тарҳ таҳрими фурӯши аслиҳа ба Эронро то замони номаълум тамдид мекунад ва Чину Русия инро намеписанданд."

Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико борҳо ҳушдор додааст, ки дар сурати тамдид нашудани таҳримот ба зидди Эрон аз як банди Қатъномаи 2231-и Созмони Милал истифода мекунад, ки бозгардонидани ҳамаи таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Эронро дар назар дорад.

Қатъномаи мазкур дар чаҳорчӯби созиши атомӣ байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон қабул шуд ва таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Ҷумҳури Исломиро сабуктар кард.

Дар вокуниш ба идомаи баррасии тарҳи қатъномаи Амрико дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал, раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш дар рӯзи 12-уми август гуфт: “Боз дирӯз Амрико як қатъномаеро матраҳ кардааст, ки барои зарба задан ба БАРҶОМ (созиши атомӣ) ва Қатъномаи 2231 аст. Ва он инки тибқи қатъномаи 2231 ва тибқи БАРҶОМ аз авохири меҳрмоҳ (октябр) таҳрими таслиҳотии Эрон бардошта мешавад. Қатъномаҳое, ки алайҳи Эрон будаанд, дар заминаи таслиҳотӣ беэътибор мешаванд. Эрон метавонад, силоҳ бифурӯшад, Эрон метавонад, силоҳ бихарад. Ин яке аз осори тавофуқи ҳастаӣ буд, ки бояд иҷроӣ шавад.”

Таҳрими 13-солаи хариду фурӯши аслиҳа ба зидди Эрон бар асоси созиши атомии соли 2015 моҳи октябри имсол ба поён мерасад.

Бар асоси ин созиш бо Русияву Чин, Олмон, Бритониё ва Фаронсаву Амрико, Эрон аҳд додааст, ки дар ивази сабуктар кардану бардоштани баъзе аз таҳримот фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд месозад.

Қарор аст, тарҳи қатъномаи пешниҳодии Амрико барои маҳдуд кардани дастрасии Эрон ба аслиҳаи пешрафта рӯзи ҷумъа дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои раъйгирӣ гузошта шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG