Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО аз амиқрафти бӯҳрони саноати алюминий шикоят кард


Бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон барои модернсозии корхона аз ҳукумат кӯмаки молиявӣ мехоҳад.

Игор Сатторов, сухангӯи «Талко» рӯзи сешанбе зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, барои модернсозии истеҳсолот ширкат тайи панҷ соли ахир ҳудуди 100 миллион доллар аз ҳисоби даромадҳои худ сарф кардааст. Рӯзи 5 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе ӯ гуфт, ба далели бӯҳроне, ки чанд соли ахир дар бозори алюминиум ба миён омадааст, даромади ширкат коҳиш ёфтааст:

«Мо сармояи худро дорем, аммо он пурра барои модернсозӣ кифоят намекунад, яъне дар ин маврид мо бидуни кӯмаки ҳукумат ва сармоягузорон коре карда наметавонем. Ҳоло саноати алюминиум дар ҳоли бӯҳрони шадидтарин аст. Бӯҳроне, ки соли 2008 сар шуд, гӯё ба охир расид, аммо хуруҷи нави он аз соли 2008 ҳам ҷиддитар аст. Ҳоло сиёсати мо чунин аст, ки албатта маблағҳои худро истифода мекунем, аммо бидуни кӯмаки ҳукумату сармоягузорон наметавонем. Ҳатто шурӯъ нахоҳем кард», гуфт Сатторов.

Ба қавли намояндаи масъули «Талко», дар пайи бӯҳроне, ки аз соли 2008 идома дорад, қимати як тонна алюминий аз 2500 доллари он сол, ба 2200 доллар поён омад. Ҳамчунин хароҷоти роҳ ҳоло 30 дарсади арзиши аслиро ташкил медиҳад, омдааст дар иттилоияи ин ширкат. Масалан, тайи панҷ соли ахир Ӯзбакистон таруфаҳои роҳи оҳанро 250 дарсад боло бурдааст. Ва ё соли 2012 хароҷоти гумруку андоз 166 доллар сари тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс бо корхонаи рақиб дар Русия, 110 доллар зиёд аст. Хароҷоти ғайриистеҳсолии ширкат сари ҳар тонна ҳоло 400 долларро ташкил мекунад. Дар баробари ин, истеҳсоли алюминий аз 390 ҳазор тоннаи соли 2008 ба 275 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, таъкид мекунанд масъулини ин ширкати азими саноатии Тоҷикистон.

Манзарае, ки ҷаноби Сатторов тасвир кард, миф ё устураи инро, ки «Талко» сарватмандтарин корхонаи Тоҷикистон ва сутуни иқтисоди ин кишвар аст, аз байн мебарад. Ба эҳтимоли зиёд, баёнияҳои Хадамоти матбуотии он бояд ба бархе аз вакилони порлумон таскин бахшад, ки аз пардохтҳои ками «Талко» ба будҷа норозиянд. Ягона роҳи афзоиши даромадро корхона дар кам кардани харҷи тавлиди алюминий мебинад.

Аммо тарҳҳое, ки он барои коҳиши арзиши аслии алюминий дар пеш гирифтааст, ба қавли Игор Сатторов, сармояи зиёд мехоҳанд. Ба қавли ӯ, тарҳи бузургтарини ширкат, таъсиси Корпоратсияи кимиёву металлургияи Тоҷикистон иборат аз 20 корхона бо тақрибан 10 ҳазор ҷои корӣ аст, ки ду адади он барои истеҳсоли креолит ва алюминии фторӣ дар Ёвон дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло тарҳи бунёди корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат ва гилхок рӯи даст ҳастанд.



Талко барои модернсозӣ, аз ҳукумат кӯмаки молиявӣ мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Барномаи дигари «Талко» - гузаштан ба ашёи хоми дохилист. Дар ҳоли ҳозир, тибқи иттилои расмӣ, 90 дарсад – 25 намуди ашёи хом ва таркибҳои зарурӣ ба теъдоди 12 ҳазор номгӯ аз хориҷ ворид мешаванд. Дар ҳоли амалӣ шудани барнома, 60 дарсади ашёи хом ва таркибҳои зарурӣ дар худи Тоҷикистон ба даст меоянд. Ҳоло ширкат тавонистааст 100 дарсад худро бо гази дохилӣ таъмин кунад.

Барномаи дигари «Талко» - коҳиш додани харҷи барқ аст. Ин ширкат бузургтарин истеъмолгари барқи Тоҷикистон аст, ки солона 5 миллиард киловатт-соат барқ мехӯрад. Масъулон мегӯянд, бо харҷи 101 миллион доллар, имкон дорад ин хароҷот солона 1 миллиарду 155 миллион киловат соат коҳиш дода шавад.

«Талко» дар ҳоле аз камбуди маблағ шикоят мекунад, ки то ба имрӯз ягона ширкати бузурги худкифо ва даромадноки Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зимнан, саҳми он дар буҷаи кишвар 214 миллион сомонӣ, беш аз 45 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳоле, ки гардиши моли ширкат 911 миллион доллар аст. Даромадҳои «Талко» куҷо мераванд, ки имрӯз мусоидати ҳукумат ва сармоягузоронро мехоҳад?

Дар гузашта расонаҳо дар дохилу хориҷи Тоҷикистон аз «фирор»-и даромадҳои «Талко» ба манотиқи оффшор зиёд навишта буданд. Коршинос Зафар Абдуллоев, муаллифи матолиби зиёд дар бораи «Талко» мегӯяд, дар ҳақиқат корхона метавонад дар ҳолати бад қарор дошта бошад, зеро аз оғоз барояш чунин шароите фароҳам кардаанд, ки ҳамеша бедаромад бошад:

«Агар ин ширкат ҳамроҳони худ дар минтақаи оффшорро ҳам муаррифӣ кунад, рӯшан мешавад, ки даромад хеле хуб аст ва дар асл на пуштибонӣ, балки қимати таруфаҳо барои барқу андоз ва ғайра бозбинӣ шавад. Ҳадди аққал қимати барқро боло бояд бурд. Ин ба давлат 200 миллион доллар фоида меорад. Ҳоло барои «Талко» пуштибонӣ зарур нест. Балки аудити ҳамон ширкатҳои ҳамроҳи он дар оффшор зарур аст, ки аз сӯи раҳбарияти «Талко идора мешаванд», - мегӯяд З. Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, масъулони «Талко» дар бораи коршарикони худ сӯҳбат намекунанд ва онҳоро ширкатҳои комилан мустақил меҳисобанд. Ба қавли коршиносон, танҳо замоне як ширкат метавонад, хостори сармоягузорӣ ва кӯмак шавад, ки шаффофияти фаъолияти худро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG