Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои табли ҷанги Толибон дар Осиёи Марказӣ?


Тайи чанд рӯзи ахир, баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон монанди саҳнаи набард буд, вале на ҷангҳои воқеӣ, балки ҷанги фарзӣ бо гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ, ки дар Афғонистони ҷангзада ва ҳамсоя фаъолтар шудаанд.

Артиши Афғонистон рӯзи 18-уми май амалиёти деринтизор барои поксозии шимолу ғарби кишвар аз ҳузури Толибону гурӯҳҳои дигари тундраву террористиро оғоз кард. Асадулло Шерзод, фармондеҳи воҳидҳои хоси вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибонро дар вилояти Бодғис шикаст доданд ва рустоҳои вилоятро аз ҳузури “душманони миллати афғон” пок карданд. Толибону гурӯҳҳои тундрави дигар моҳе пеш ба вилоятҳои Бодғис, Ҷузҷон, Кундуз ва Бадахшон, ки наздик ба марзи Туркманистону Тоҷикистон ҳастанд, ҳамла карданд. Танҳо дар вилояти Кундуз 200 нафар ҷон доданд ва тақрибан 10 ҳазор тани дигар беҷо шуданд.

Ҳарчанд ҷангҳо дар ин вилоятҳо фурӯ нишастааст, вале нигарониву изтироби кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯ нанишастааст. Кишварҳои минтақа ҳарос доранд, ки омадану лона мондани Толибону гурӯҳҳои ҳамақидаашон дар марз метавонад, вазъи амниятиро ноором кунад.

Шафиқ Тоҳирӣ
Шафиқ Тоҳирӣ

Таҳлилгарони амниятӣ ва аз ҷумла, таҳлилгари афғон ва корманди собиқ дар ниҳодҳои амниятии Афғонистон Шафиқ Тоҳирӣ мегӯяд, ки бояд ҳам нигарон бошанд, чун ба қавли ӯ “бидуни шак, бо таваҷҷӯҳ ба гароишоте, ки дар миёни ҷавонони тоҷиктабори мо ва дар миёни ҷавонони Осиёи Миёнаи тоза ба истиқлол расида вуҷуд дорад, шиорҳои Толибон ва таҳрикоти Толибон бистари бисёр хуберо эҷод мекунад, барои сарбозгирӣ дар ин кишварҳо."

Ба қавли ин таҳлилгари афғон, "далели умдае, ки Толибон дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон пойгоҳсозӣ бикунанд ва аз солҳои дур ба ин тараф ин орзуро доштанд, ҳамин буд, ки инҳо пойгоҳҳои наздикро эҷод бикунанд, барои расидан ба кишварҳои Осиёи Миёна ва расидан ба аҳдофе, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна доранд. Пойгоҳсозӣ дар шимоли Афғонистон роҳи бисёр ва каммасраф аст барои Толибҳо аст ва метавонанд, аз ин пойгоҳҳои худ кишварҳои Осиёи Миёнаро ба сурати бисёр хуб ва роҳаттар мавриди таҳдиди худ қарор бидиҳанд ва аҳдофи стротежикеро, ки дар ин кишварҳо доранд, ба даст биёранд, ки яке аз он ноамн сохтан, сарбозгирӣ пойгоҳсозӣ ва ноам сохтани он кишварҳост.”

Толибон дар Кундуз то минтақаҳое расиданд, ки садои тирандозии Толибон аз автоматҳои Калашников ба гӯши сокинони баъзе аз рустоҳои сарҳадии Тоҷикистон расид. Ин дафъа Толибон дар ҷанг танҳо набуданд ва гурӯҳҳои тундраве ҳамроҳашон буд, ки аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборатанд, ба мисли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва Ансоруллоҳ. Ҳадафи ҳарду ҳам як аст ва ҷорӣ кардани қонунҳои шариат ва сохтани давлати исломӣ дар Узбакистону Тоҷикистон.

Тобистони соли 2014 баъди онки артиши Покистон амалиётеро барои поксозии манотиқи қабоилнишин аз ҳузури гурӯҳҳои тундрав шурӯъ кард, аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ансоруллоҳ, ки аз паноҳгоҳи амн маҳрум шуданд ва акнун ҷойи амнро дар шимолу ғарби Афғонистон ва наздик ба ватанҳояшон ҷустуҷӯ доранд. Ба эътиқоди Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, ин тундравон, ҳоло шимолу ғарби Афғонистонро паноҳгоҳ ихтиёр кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳалли вилояти Форёб ҳудуди 70 хонаводаи узбактабор дар ин минтақа ҷо гирифтаанд:

“Мо аз мақомоти маҳаллӣ, сокинони рустоҳо ва фармондеҳон дар ҳамон минтақа мешунавем, ки аксарияти ҷангҷӯёне, ки он пайдо шудаанд, аз Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд. Онҳо инро медонанд, зеро мегӯянд, ин афрод, узбакӣ ва ё тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва аз лаҳҷаашон бармеояд, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Чанде аз фармондеҳон гуфтаанд, ки ин афрод аз Вазиристони Покистон омадаанд ва ба гуфтаи

Брус Паннир
Брус Паннир

яке аз онҳо, ин афрод пайравони Тоҳир Юлдош ва ё Ҷумъаи Намангонӣ ҳастанд. Аҷиб ин аст, ки онҳо бо аъзои хонаводаҳояшон омадаанд ва ин баёнгари он аст, ки ин мардумро аз Вазиристони Шимолӣ пеш кардаанд. Яъне онҳо аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд, ки дигар дар он минтақа ҷойи амн надоранд ва барои ҳамин оилаҳояшонро гирифта омадаанд, то барои муваққат ва ё доимӣ инҷо бимонанд, ҳарчанд ниятҳои ояндаашон маълум нест.”

Онҳое, ки барои ҷанг ба шимоли Афғонистон ва наздик ба Тоҷикистон ҳам омадаанд, ё ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳастанд ва ё фарзандони онҳое, дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муҳоҷир шуданд ва аз ночорӣ ба Покистон рафтанд. Теъдоди дигар ҳам аъзои хонаводаҳои эътиқодманди узбаке мебошанд, ки аз тарси таъқиби давлати Узбакистон дар солҳои 90-ум ба Тоҷикистон ва сипас ба Афғонистону Покистон фирор карданд

Ба эътиқоди оқои Кӯҳистонӣ, “маҷмӯи ифротиён қаблан дар ҷуғрофиёи мухталифи Покистон буданд, махсусан тоҷикон, узбакҳо, қирғизҳо ва чеченҳо, ки дар ҳавзаи Вазиристони Ҷанубӣ ва дар Вазиристони Шимолӣ, аз камарбандҳои атрофи Пешовар, дар соҳоти Абитобод, манотиқи Читрал қароргоҳ доштанд. Хонаводаҳои инҳо ин афрод ҳанӯз ҳам таҳти пӯшиши муҳоҷирони афғонӣ дар урдугоҳҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар мадорис дарс мехонанд. Вақте ба умри лозими ҷавонӣ мерасанд, ба суфуфи ҷангҷӯён якҷо мешаванд ва инҳоро мефиристанд. “

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ҳоло қисме аз ин гурӯҳҳову ҷавонон, аз гурӯҳи Давлати исломӣ илҳом гирифтаанд, ки манотиқи васеи Сурияву Ироқро ишғол кардааст. Баъзе аз созмонҳои тундрави решагирифта аз Осиёи Марказӣ аллакай ба ин гурӯҳ изҳори садоқат кардаанд. Усмон Ғозӣ, пешвои Ҳаракати исломии Узбакистон, сентябри соли 2014 гуфт, ки гурӯҳаш бо Давлати исломӣ байъат мекунад. Ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, ки таъсири ноамнӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро таҳқиқ кардааст, метавон гуфт, ки ҳоло унсурҳои гурӯҳи Давлати исломӣ ҳам ба марзҳои Осиёи Марказӣ наздик шудаанд:

“Аз рӯи он таҳлилҳое, ки мо дорем, онҳо аз Толибон ба таври пурра ҷудо нашудаанд, аммо баъзе аз ин гурӯҳҳо аллакай бо гурӯҳи Давлати исломӣ байъат кардаанд ва савганди вафодорӣ хӯрданд. Маълум аст, ки ин як кӯшише барои паҳн кардани нуфузи гурӯҳи Давлати исломӣ ва наздик шудан ба Осиёи Миёна аст ва кӯшиш барои паҳн кардани нооромӣ дар Афғонистон ва дар Осиёи Миёна. ДИИШ ҳоло як стратегияи махсус дорад ва мехоҳад, ки ҳарчӣ зиёдтар паҳн шавад ва дар дигар кишварҳо ҳам бахшҳои фаъоли худро кушояд. Онҳо мехоҳанд, ки таваҷҷӯҳ ва фишор ба маркази ДИИШ, яъне Сурия ва Ироқ камтар шавад. Агар бахшҳои дигар фаъол шаванд, ин як роҳи наҷот ва зинда мондан барои ДИИШ аст.”

Ҳар гурӯҳе, ки набошад, фаъол шудани онҳо дар манотиқи шимол-ғарбии Афғонистон, хоби ороми сокинони ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва ҳам мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро аз чашмашон парронд. Ҳарчанд бисёре аз мақомот дар аввал гуфтанд, ки расонаҳо дар бораи фаъол шудани Толибону гурӯҳҳои тундрав дар шимоли Афғонистон муболиға мекунанд, вале Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон чанде пеш бармало гуфт, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ҳукумати кишварро ҷиддан нигарон кардааст:

“Мутаассифона, авзоъ бисёр ноором аст ва албатта, мо бисёр нигарон ҳастем. Аз як тараф Тоҷикистон марзи дарозе бо Афғонистон дорад ва ин марз мутаассифона, аз манотиқи кӯҳӣ ва душворгузар убур мекунад. Аз ҳамин сабаб мо бояд барои муҳофизати марзи худ талоши зиёде ба харҷ бидиҳем.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Айни замон ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон нерӯ ва қувваи кофӣ барои посбонии марзҳояш дорад ва иҷоза намедиҳад, ки Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ба кишвар ва Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Умеди дигари Тоҷикистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст, ки 6 кишвар шомили он ҳастанд ва ҳамин ҳафта дар Тоҷикистон бо ҷалби 2500 сарбоз ва тонку тӯпу чархболҳо тамринҳои низомӣ анҷом доданд.

Размоиши сарбозону афсарони Тоҷикистону Русия, Арманистону Белорус ва Қазоқистону Қирғизситон, рӯзи 19-уми май дар Қубодиён ва дар наздикии марз бо Афғонистон поён ёфт. Раҳбарони паймон ҳам гуфтанд, ки дар сурати зарурат Тоҷикистонро танҳо намегузоранд ва ба кӯмакаш мешитобанд.

Ба бовари Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ дар воқеъ ин размоишҳо ба ноамнӣ дар Афғонистон иртибот дошт ва як навъ намоиши қудрат ба гурӯҳҳое буд, ки нияти вуруд ба кишварҳои минтақаро доранд. Брюс Паннир ба ин назар аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ба он ҳад қавӣ нестанд, ки тавонанд, ба яке аз кишварҳои минтақа ҳамла кунанд, аммо ин тавоноиро доранд, ки бо фиристодани гурӯҳҳои хурди ҷангҷӯёнашон дар кишваре бомбгузорӣ анҷом диҳанд ва ё харобкорӣ кунанд.

Ҷамъбасти тамрини низомии нерӯҳои СПАД дар Ҳарбмайдони Қубодиён.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:33 0:00

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон мегӯяд, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонистанд, хатароти сирояти гурӯҳҳои тундрави иборат аз зодагони ин кишварҳоро камтар кунанд, вале роҳи дигареро пеш гирифтанд.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.
Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон.

Ин таҳлилгари афғон мегӯяд, ки “мутаасифона худи ин кишварҳо ба шумули Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври хос ҳеҷ гуна иқдомотеро ба истиснои марзбандӣ ва таҳкими марзҳояшон роҳи ҳалҳоеро ҷустӯҷу накарданд, ки битавонанд, аз тариқи тафоҳум ва тамос он идда аз хонаводаҳоеро, ки дар гузашта муҳоҷир шуданд ва мардҳои хонаводаҳояшонро дар ҷангҳо аз даст доданд, баргардонад. Инҳо афроди осебпазир ҳастанд ва шояд бисёр орзумандии бозгашт ба зиндагии маданӣ дар кишварашонро доранд, вале ҳеҷ кори созмонёфта барои бозгардонидани онҳо сурат нагирифт."

Ба гуфтаи оқои Кӯҳистон, "фақат бо бастани марзҳо, сахтгирӣ ва тараддуд кӯшиш мешавад, ки ҷилавгирӣ бикунанд аз нуфузи исломгароён, дар ҳоле, ки роҳҳои дигаре вуҷуд дорад. Иддаи зиёде аз ҷараёни ҷанг, талафот ва кушта шудани фарзандонашон дар амалиётҳои интиҳорӣ ва ҷангҳо дар Афғонистону Покистон хаста шудаанд, алоқаманди бозгашт ҳастанд, аммо ин режимҳо аслан ибтикоре дар ин маврид ба харҷ надоданд. “

XS
SM
MD
LG