Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико пас аз қатъи гуфтушунид ҳамла ба Толибонро афзоиш медиҳад


Сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон
Сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки пас аз лағв шудани музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон неруҳои амрикоӣ ҳамлаҳо барои куштани фармондеҳони Толибонро афзоиш хоҳанд дод.

Рӯзномаи "Дейли Телеграф" ба нақл аз манобеи низомӣ навиштааст, пешбинӣ мешавад, ки неруҳои амрикоӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ барои ҳадаф қарор додани фармондеҳони толибонро афзоиш диҳанд. Як манбаи низомӣ гуфтааст, "амрикоиҳо гуфтаанд, акнун фармондеҳони Толибонро ба таври ҷиддӣ ҳадаф хоҳанд гирифт".

Бештар кардани ҳамла ба гуруҳи Толибон бо ҳадафи фишори бештар ба ин гуруҳ амалӣ мешавад.

Аз сӯи дигар интизор меравад, гуруҳи Толибон низ дар вокуниш ба қатъи гуфтугуҳо ҳамла ва амалиётҳои мусаллаҳонаи худро бештар кунанд. Ба ин тартиб ин гуруҳ ҳушдор додааст, ки ҳафтаҳои оянда ҳамлаҳои хушунатбор дар Афғонистон бештар хоҳанд шуд.

Ҳарду тараф Амрико ва гуруҳи Толибон бо вуҷуди идомаи музокирот тайи як соли ахир амалиёти низомии худро қатъ накарда буданд.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар твитер навишт, "тайи чаҳор рӯзи гузашта мо ба душманони худ шадидтар аз ҳар замони дигар дар ду соли гузашта ҳамла кардем".

Трамп бори дигар ба кушта шудани як сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи ахири Толибон ишора карда гуфт, "вақте шунидам, ки онҳо як сарбози мо ва 12 нафари дигаррро куштаанд, ба ҳеҷ унвон ҳозир нестем дар чунин вазъият бо онҳо дидор кунем. Онҳо иштибоҳи бузурге карданд".

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрио низ пас аз лағви музокирот гуфт, "тайи 10 рӯзи гузашта мо беш аз ҳазор нафар аз неруҳои Толибонро куштем. Шароит барои Толибон сахтар шуд ва дар ояндаи наздик аз ин ҳам вазнинтар хоҳад шуд".

Гуруҳи Толибон ҳам ҳушдор додааст, ки лағв шудани музокирот сабаби хунрезии бештар хоҳад шуд. Ин гуруҳ рӯзи душанбе эълом кард, ки ҷанг алайҳи неруҳои амриикоиро идома медиҳад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон рӯзи сешанбе ба хабаргузории Фаронса гуфт, "мо барои поён додан ба ишғоли Афғонистон ду роҳ дорем. Якум ҷиҳод ва набард ва дувум гуфтугӯ ва музокира. Агар Трамп мехоҳад музокиротро мутаваққиф кунад мо роҳи аввалро дар пеш мегирем ва онҳо ба зудӣ пушаймон хоҳанд шуд".

Толибон дар чанд рӯзи ахир ду ноҳияи дигар дар вилояти Тахор воқеъ дар шимоли Афғонистон ва ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, пас аз чанд рӯз даргирӣ ноҳияҳои Янгиқалъаи вилояти Тахор ва Дашти Арчаи вилояти Кундуз ба дасти Толибон гузаштааст.

XS
SM
MD
LG