Абдулмаъруфи Росих, сухангӯи волии Бадахшони Афғонистон рӯзи 30 сентябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Карону Манҷон, воқеъ дар марз бо минтақаи Читроли Покистон, ки рӯзи шанбе аз сӯи Толибон забт шуда буд, дар пайи як амалиёти дубора зери назорати нирӯҳои давлатӣ омадаанд.
Сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон ба Радиои Афғонистони озод гуфт, маркази Карону Манҷон алакай то соати 12-и рӯзи 30 сентябр озод шуд. Ин сухангӯ афзуд, нирӯҳои давлатӣ дар ин амалиёт талафоте надодаанд, вале талафоти ҷониби Толибон ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи ин манбаъ, вазъи Карону Манҷон ва Вардуҷ, яке дигар аз улусволиҳои Бадахшон, ки низ дар моҳҳои охир ба як ҷабҳаи доғи ҷанги Урдуи давлатии Афғонистон бо ҷангиёни толиб табдил ёфтааст, шоми якшанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон баррасӣ шуда, ба дунбол ҷиҳати роҳандозии амалиёти густарда бо ҳадафи саркӯби нирӯҳои Толибон дар ин минтақа тасмим гирифтаанд.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки ҷангиёни ин ҳаракат соати 12 – шаби рӯзи шанбе, 28 сентябр дар пайи як ҳамла ва муқовимати андаки нерӯҳои ҳукуматӣ як ноҳияи воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон ва ҳаммарз бо Покистону Тоҷикистонро таслим карданд. Бино ба иттилоъи ӯ, Толибон ҳудуди 30 пулис ва кормандони ҳукумати ноҳияро асир гирифтаву 13 танро ба ҳалокат расондаанд ва силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ, маводи ғизоӣ ва чанд адад мошини сабукравро ғанимат гирифтанд.
Аммо сухангӯи волии Бадахшони Афғонистон иттилоъи Толибонро «муболиға ва беасос» унвон карда, мегӯяд, ин ҷангиён буданд, ки бидуни ягон муқовимати ҷиддӣ Карону Манҷонро бозпас доданд, ва ҳам теъдоди кушташудагон аз ҷумлаи нирӯҳоит пулис танҳо ду нафар, аммо аз миёни ҷангиёни толиб 8 нафар будааст. Оқои Росих ҳамин тавр, ба асорати Толибон афтодани кадоме аз нирӯҳои давлатиро рад кард.
Карону Манҷон улусволие дар ҷануби вилояти Бадахшон аст, ки бо Читроли Покистон ҳаммарз аст. Ин ноҳия ҳамагӣ 8000 ҷамъият дошта, бо захираҳои лоҷувард ва уранаш маъруф аст.
Манобеъи Толибон ҳамчунин аз як ҳамла ба минтақаи Яхшираи дараи Вардуҷ иттилоъ пахш карда, аз кушта шудани 7 аскар ва 6 арбакӣ – нерӯҳои шибҳанизомӣ, захмӣ шудани 5 аскар ва 4 арбакӣ ва ҳам кушта шудани 2 ҷангӣ иттилоъ пахш кардаанд.
Абдулмаъруфи Росих аммо мегӯяд, ин як ҳамлаи кӯчак буд, ки дастгоҳҳои таблиғотии Толибон онро аз ҳадд бузург нишон медиҳанд, вале дар асл касе аз ҷониби пулис куштаву захмӣ нашудааст.
Аввалин хабарҳо дар бораи таҷаммӯъи ҷангҷӯёни Толиб ва дигар созмонҳои террористӣ дар дараи Вардуҷ тобистони соли 2012 пахш шуда буд. Бино ба ин хабарҳо, дар ин дараи душворгузари Бадахшони Афғонистон ҳудуди 400 ҷангӣ ҷамъ омадаанд.
Дар охирин нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Сочӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз таҷаммӯъи 1 200 ҷангӣ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ(ИДМ) изҳори нигаронӣ карда, аз ин ин паймон аброи таҳкими 1370 километр марзи муштаракаш бо Афғонистон кумак хост. Кишварҳои ИДМ, бахусус Осиёи Марказӣ аз ташдиди вазъи амниятӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал дар соли 2014 аз Афғонистон нигарон буда, эҳтимоли ба ин сӯи рӯди Омӯ буруз кардани ҷангиёни исломӣ, бахусус баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то поёни соли 2014-ро баъид намедонанд.