Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Толибон ноҳияи Куҳистонро тасарруф карданд"


Масъулони Бадахшони Афғонистон гуфтанд, ки ноҳияи Куҳистони ин вилоят шаби гузашта ба ихтиёри Толибон гузаштааст. Абдуллоҳ Ноҷии Назарӣ – узви Шӯрои вилоятии Бадахшон – рӯзи 5-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Куҳистон се рӯз боз дар муҳосираи Толибон қарор дошт.

“Толибон ба хотири гирифтани ноҳияи Куҳистон ҳамлаҳоро оғоз карда буданд. Шаби гузашта нирӯҳои афғон ақибнишинӣ карданд ва ноҳияро Толибон тасарруф намуданд. Ҳоло нирӯҳои давлатӣ дар деҳаҳои ноҳияи Куҳистон ҷобаҷо шудаанд”, - афзуд ӯ.

Абдуллоҳ Ноҷии Назарӣ
Абдуллоҳ Ноҷии Назарӣ

Назарӣ гуфт, дар ин даргирӣ то кунун панҷ нафар аз нирӯҳои пулиси маҳаллӣ кушта шуда, илова бар он, даҳҳо оила бе хонаву дар гардидаанд. Ба қавли ин узви Шӯрои вилоятии Бадахшон, агар ҳукумат ба зудӣ бо ҳадафи саркӯби ҷангҷӯёни Толибон амалиёти густардаи низомӣ роҳандозӣ накунад, эҳтимол баъзе аз ноҳияҳои дигари ин вилоят низ ба дасти ҷангҷӯён бигузаранд.

Абдуллоҳ Ноҷии Назарӣ гуфт, “се-чаҳор рӯз пеш 40 дарсади вулусволии Ташконро ҳам Толибон тасарруф карданд. Дар дараи Хиштаки вулусволии Ҷирм ҳам Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳузур доранд. Ҳамчунон ҳаштод дарсади вулусволии Роғистон зери назорати Толибон аст.”

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи фармондеҳии амнияи Бадахшон низ суқути ноҳияи Куҳистонро тасдиқ кард. Вай гуфт, се рӯз боз Толибон ҳамлаҳои густардаро ба хотири ҳимоят аз ҷангҷӯёни хориҷӣ оғоз карда буданд. “Ба сабаби вайронии боду ҳаво нирӯҳои давлатӣ натавонистанд дар вақташ худро ба минтақа бирасонанд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли вай, ҳоло нирӯҳои давлатӣ дар бахшҳои ин ноҳия ҷобаҷо шудаанд ва, қарор аст, ба зудӣ амалиёти густардаи ҳавоӣ ва заминӣ ба ҳадафи бозпасгирии ноҳияи Куҳистон оғоз шавад.

Бархе дигар аз аъзои шӯрои вилоятии Бадахшон гуфтанд, аз як ҳафта ба ин тараф ҷангҷӯёни Толибон ҳамлаҳоро шиддат бахшидаанд ва ҳамакнун дар ноҳияҳои Ташкон, Шуҳадо ва Куҳистон даргирии ин гуруҳ бо нирӯҳои афғон ҷараён дорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, мегӯяд, онҳо Куҳистонро шабаи гузашта тасарруф кардаанд ва илова бар он иддао дорад, ки ба нирӯҳои давлатӣ талафот ворид кардаанд.

Ноҳияи Куҳистони Бадахшон дар ҳоле ба дасти Толибон суқут кард, ки беш аз се сол мешавад ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони ин вилоят дар тасарруфи ин гуруҳ қарор дорад. Бар асоси маълумоти расмӣ, вулусволии Куҳистон дар 80-километрии қисмати шимоли шарқи шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон қарор дошта, бо Роғистон ва Яфтaли Боло ва Яфтaли Поин ҳамсарҳад аст.

XS
SM
MD
LG