Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамла ба меҳмонхонаи Интерконтинентал дар маркази Кобул 14 хориҷӣ ва 4 афғон кушта шудаанд.
Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки 11 кушташуда кормандони ширкати ҳавопаймоии хусусии Комэйр буданд, ки дар як конфронс ширкат доштанд. Дар бораи ҳуввияти хориҷиёни кушташуда ҳанӯз хабаре нарасидааст, аммо мақомоти Украина гуфтанд, ки як шаҳрванди кишвар дар байни қурбониён ҳаст. Гузориш мерасад, ки мумкин астт теъдоди қурбониён бештар шавад.
Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба меҳмонхонаи боҳашамат дар Кобул 5 ғайринизомӣ кушта шуданд.
Афроди мусаллаҳ шоми 20-уми январ ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ворид шудаанд ва чанд нафарро гаравгон гирифтаанд ва задухӯрд бо онҳо 12 соат то субҳи 21-уми январ идома кардааст.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки се ҳамлаварро куштанд ва 150 нафар аз ҷумла 40 хориҷиро озод карданд. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
Дар ин ҳодиса 6 ғайринизомӣ ва се маъмури пулис захм бардоштаанд. Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бомбгузориву ҳамла дар ин кишварро зиёдтар карданд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико моҳи август гуфт, ки барои тамрину кӯмак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ин кишвар 3 ҳазор сарбози изофӣ мефиристад. Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Афғонистон 14 ҳазор сарбоз дорад.