Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бодиринг, гӯш ва ханда: Маҳдудияти бештар ба ҳунарнамоии занон дар ТВ Эрон


Мақомот дар Эрон пайваста кори телевизионҳои давлатиро назорат мекунанд, то маводи, ба қавли онҳо, ғайриисломӣ, номатлуб ва аз назари сиёсӣ ҳассос нашр нашавад.

  • Ҳадафи аслии ин назоратҳо занон ва намуди зоҳирии онҳост. Баъзе ҳунарпешаҳо мегӯянд, дар миёни масоиле, ки пайваста мавриди назорату танқид қарор мегирад, бараҳна шудани гӯш аст. Масъала ба он андоза ҳассос шудааст, ки як коргардону достоннависи барномаҳои телевизионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди сензураи намуди зоҳирии занон эътироз кард.
Ба бонувони ҳунарпеша иҷозат нест, ки ҳангоми иҷрои нақш "садо баланд кунанд, ҳуштак кашанд, баланд биханданд ва шӯхиҳои муайянро ба забон оранд"

Андозаи гӯш бояд чанд бошад?

Амир Маҳдӣ Жуле ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як маъракаи зидди сензураро бо номи #Ман ва сензура (#Me_and_the_censor) роҳандозӣ кард, то ки маҳдудиятҳои бештар болои бонувони корманди телевизион ва ҳунарпешаҳо бардошта шаванд. Жуле мегӯяд, замоне ки сериали ҳаҷвии “Шабҳои Барара” ба намоиш даромад, сензура ба беш аз ҳад боз будани гӯши яке аз бонувони ҳунарпеша мухолифат кард. Сензура гуфт, ки гӯши ин ҳунарпеша дар зери сатраш бисёр намудор аст.

"Ҳеҷ гоҳ нафаҳмидем, ки дар андозаи гӯши ҳунарпеша дар зери сатр чӣ чизе метавонист мавриди асабоният бошад ва ҳангоми дидани гӯши ин ҳунарпеша ба фикри онҳо чӣ меомад?", - навишт Жуле дар Инстаграм. Ин навиштаи ӯро аз рӯзи 27-уми август то 1 сентябр беш аз 2 миллион нафар пайгирӣ карданд.

Жуле гуфт, дар бораи сензура хотираҳои талху хандадори бештар дорад ва агар ҳамаи онро ба баррасӣ гузорад, мавриди ҳайрати бисёриҳо мешавад. Дар пайи ин навиштаҳои Жуле, як ҳунарпешаи дигари эронӣ Митро Ҳаҷҷор худро дар видео сабт карда тарзи пинҳон кардани гӯшро дар зери рӯймоли сараш намоиш дод. Ҳаҷҷор мегӯяд, барои пинҳон мондани гӯшҳо рӯймол ва пӯсти рӯяшро часп мезанад ва дар ин сурат гӯшҳояш ҳамеша пинҳон мемонад.

Ҳушдор, ҷарима... ва зиндон

Қоидаи танзим ва маҳдуд кардани либоси занон дар Эрон баъди инқилоби исломии соли 1979 ҷорӣ шуд. Занон муваззаф ҳастанд, ки аз сар то пои худро пурра зери либос пинҳон кунанд. Онҳое, ки ин муқарраротро нодида мегиранд ва аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд, бо муҷозоте мисли ҳушдор, ҷарима ва ҳам зиндон рӯ ба рӯ мешаванд. Чунин муқаррарот ба хориҷиҳо ҳам дахл дорад.

Бархе занон дар Эрон дар муддати даҳсолаҳо маҳдудият талош мекунанд, аз роҳи рангубор ё ороиши симо, пӯшидани манто ё болопӯши кӯтоҳу тангтар ва шимҳои замонавӣ фазои фишору монеаҳоро ба чолиш кашанд. Вале дар бисёр ҳолатҳо ин занону духтарон бо хатари муҷозот шудан барои нақзи қоидаи либоспӯшӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Дар як соли гузашта, даҳҳо зан аз роҳи бадар кардани рӯймоли сарашон дар мазҳари ом талош карданд зидди қоидаи ҳиҷобпӯшӣ баромад кунанд, вале дар ниҳоят чанд нафарашон пушти панҷара рафтанд.

"Ҳуштак накашанд, шӯхӣ накунанд"

Заноне, ки дар телевизиони давлатии Эрон кор мекунанд, мисли ҳама дигар сохторҳои давлатӣ таҳти назорати муҳофизакорони мазҳабӣ ҳастанд. Онҳо низ вазифадоранд, ки қоидаи либоспӯширо бо шеваи хеле сахт риоя кунанд. Ба кормандони телевизион ороиши рӯй ва ҳам бараҳна кардани гардан манъ мебошад. Баробар бо либос, тарзи рафтори бонувони корманди телевизион ҳам шадидан зери назорат аст.

Жуле гуфт, аз бонувон тақозо мешавад, ки дар зери монто ё "плаш"-и худ шими борик пӯшида аз болои он ҳатман курта ба бар кунанд, то ки рони пойҳояшон дида нашавад. Инчунин, ба бонувони ҳунарпеша иҷозат нест, ки ҳангоми иҷрои нақш "садо баланд кунанд, ҳуштак кашанд, баланд биханданд ва шӯхиҳои муайянро ба забон оранд". Ӯ гуфт, дар бархе барномаҳои ахир ҳатто хӯрдани бодиринг ва ҳам пӯст кандани он ба занон манъ будааст. Зоҳиран, сензура ба хотири ҷилавгирӣ аз он ки дар зеҳни тамошобин шабоҳатҳои баде пайдо нашаванд, чунин монеагузорӣ мекунад. Вале Жуле дар ин бора шарҳи зиёд надод.

Навиштаҳои сенаристи маъруфи эронӣ дар бораи манъи намоиши гӯши занон дар телевизионро нафарони зиёд тасдиқ карданд. Яке аз онҳо ҳунарпешаи синамо Парасту Солеҳӣ аст. Ӯ дар як шарҳаш дар "Инстаграм" гуфт, азбаски гӯшҳои калон дорад, наметавонад онҳоро зери рӯймоли сараш пинҳон кунад.

Солеҳӣ ба беш аз 1 миллион ҳаводори худ дар саҳифааш навишт, ки пинҳон кардани гӯшҳои калонаш ҳангоми бозӣ дар филми “Зери осмони шаҳр” ба “як моҷаро” табдил шуд.

Ба девор такя задани зан мазмуни шаҳвонӣ дорад?

Ӯ гуфт, дар таҷрибаи кориаш чанд ҳолате пеш омадааст, ки аз тасмиму манъкуниҳои мақомот дар ҳайрат мондааст. Солеҳӣ, аз ҷумла, суол гузоштааст, ки чаро саҳнаи аз пила ё зинапоя баланд шудани зан манъ асту бо кадом сабаб ба девор такя задани зан мазмуни шаҳвонӣ доштааст? "Мисли ин саволҳои зиёде ҳастанд, ки аз гуфтани онҳо шарм медорам", - навиштааст ҳунарпеша.

Эрониҳо телевизиони давлатиро барои татбиқи сензура зиёд интиқод мекунанд. Дар миёни ин тадбирҳо пинҳон кардани саҳнаҳои филмҳои ғарбиву амрикоӣ, масалан, паҳлӯи мардон нишастани занон, намоиши машрубот ва дигар чизҳо мебошанд, ки дар Эрон мамнӯъ ҳисоб мешаванд.

Дар оғози имсол телевизиони Эрон рамзи клуби футболи “Рома”-ро ҳам сензура кард. Аз рӯи ривоят, муассиси шаҳри қадимии Рум ва бародараш Ромулус фарзандони гург ҳастанд ва тасвири шири гург хӯрдани ду бародар як рамзи қадимии пойтахти Итолиё шинохта шудааст. Вале дар телевизиони давлатии Эрон саҳнаи ширхӯрии кӯдакон сиёҳ карда шуд ва ин ҳодиса боис ба интиқодҳо гардид.

XS
SM
MD
LG