Раиси шаҳри Истиқлол гуфт, бунёди корхонаи азими саноатӣ бо сармоягузории чиниҳо дар ин гӯшаи вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад. Сухан аз корхонаест, ки қарор буд соли гузашта ба кор сар мекард.
“Дар ҳақиқат, соли гузашта, дар остонаи рӯзи истиқлол бояд корро оғоз мекардем. Бо сабаби кам ворид шудани пули сармоягузорон, сохтмони корхона ба поён нарасид. Охири моҳи феврали имсол корхона пурра ба кор сар мекунад," – гуфт шаҳрдори Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода дар нишасти хабарӣ.
Ба ин корхона, ки масоҳаташ ҳафтод гектар буда, бо фаъол шуданаш дар он беш аз 300 нафар ҷойи кор хоҳанд ёфт, чиниҳо панҷоҳ миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Қарор аст, маъдани ширкати Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор коркард шавад. Қаюмҷон Маҳмудзода мегӯяд, “он консентратҳое, ки барои коркард ҳамчун метал мебурданд, ҳоло ба чор қисм тақсим мекунанд. Инҳо консентрати қурғошим, руҳ, мис ва нуқра.”
Корхонае, ки сохта мешавад, ба ғайр аз ин соле 50 тонна нуқра тавлид хоҳад кард. Маҳмудзода пештар гуфта буд, ки дар ин ҷо ҳамчунин истеҳсоли аккумуляторҳо ба роҳ монда мешавад.
“Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” соли 2007 таъсис ёфта, ба истихроҷи сурбу руҳу мис машғул аст. Ин корхона аз азимтарин корхонаи шимоли Тоҷикистон ҳисоб меёбад ва ҳиссаи бештари андози минтақаро пур мекунад. Ҳамчунин дар сохтмони биноҳои иҷтимоӣ барои сокинон фаъол аст.
Инчунин, бо технологияи чиниҳо дар шаҳри Истиқлол коргоҳҳои дигар низ имсол ба кор оғоз хоҳанд кард. Қаюмҷон Маҳмудзода ба рӯзноманигорон гуфт, “дар сурати фаъол шудани ин коргоҳҳо шаҳри Истиқлол аз вартаи дастнигарӣ ё субвенсионӣ берун мебарояд”.
Коркарди маводи хом дар худи Тоҷикистон яке аз самтҳои бартаридоштаи ҳукумат аст, чун ҳоло бахши бузурги ин мавод барои коркард ба Чин бурда мешавад. Таъхир дар сохтмони чунин корхонаҳо нишон медиҳад, ки кашонда шудани маъдан ба Чин алҳол идома хоҳад кард.