Зимнан, варзишгар муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллат аст. Варзишгарон ва дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти бонуфуз натиҷаҳои баланд нишон дода, ба ин васила обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким мебахшанд.
Фароҳам овардан ва боз ҳам беҳтар намудани шароит барои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои аҳолии кишвар, рушди варзиши касбӣ аз самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ, аз он ҷумла зиёда аз 120 варзишгоҳ, наздики 7000 майдончаи варзишӣ, зиёда аз 1700 толори варзишӣ, қариб 90 ҳавзи шиноварӣ ва ҳудуди 780 маҷмааи варзишӣ мавҷуданд.
Дар баробари муҳайё намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ низ қабул шудаанд.
Дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 паҳлавонони кишвар Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод ба гирифтани медали нуқра ва Расул Боқиев дар намуди ҷудо ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шудаанд, ки аввалин медалҳои олимпии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Медали биринҷии муштзан Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012, медали тиллои гурзандоз Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ва медалҳои биринҷии ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва муштзан Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз дастоварди дигари олимпичиёни мо ба шумор мераванд.
Вале бо вуҷуди пешравиҳо, мушкилот дар соҳа зиёд аст ва ҳалли масъалаҳо бе кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастон ғайриимкон мебошад.
Таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба сохтори нав – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеаҳои зиёд эҷод кардааст.
Фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хеле заиф гардидааст, зеро ба вазифаи роҳбарӣ кадрҳое таъин шудаанд, ки мутахассиси соҳаи варзиш нестанд ва дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоранд.
Бинобар ин, коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон бояд сохтори алоҳидаи соҳаи варзиш фаъолият намояд, зеро ниҳоди ҷудогона метавонад ин самтро пурра ва самаранок идора бикунад. Ин иқдом ҳам ба нафъи варзиши тоҷик, ҳам ба нафъи варзишгарон буда, сатҳи касбият боло меравад.
Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.
Бояд зикр намуд, варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки наметавонанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст оранд.
Хотиррасон мекунем, ки пас аз пирӯзии варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ соли 1995 (Ҳётеборг, Шведсия), дигар касе аз Тоҷикистон то имрӯз дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Соли равон варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои муҳими варзишӣ – Бозиҳои олимпии наврасон аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр дар шаҳри Дакар (Сенегал), Бозиҳои осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октбяр дар шаҳрҳои Аичи ва Нагайаи Ҷопон – ширкат меварзанд.
Гуфтугӯ