Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳқиқ нишон дод, ки ин мардум тоҷик ҳастанд"


Акс аз хешовандони муаллифи пажӯҳиш аст, ки мегӯяд, тоҷик аст.
Акс аз хешовандони муаллифи пажӯҳиш аст, ки мегӯяд, тоҷик аст.

Дар вилоятҳои Балучистон, Хайбар Пахтунхоҳ ва дигар шаҳрҳои Покистон бештар аз як миллион нафаре зиндагӣ мекунад, ки иддао доранд, тоҷик ҳастанд, вале зери таҳоҷуми фарҳангӣ забони худро аз даст додаанд.

Дар насаби расмии аксари онҳо низ пасванди “Тоҷик” ба назар мерасад. “Тоҷик қавмӣ мувмент”, ҳаракатест, ки моҳи апрели исмол дар шаҳри Карочии Покистон барои таблиғи ҳуввияту забони ин мардум созмон ёфт.

Юнус Тоҷик, ҷавони 30-сола аз шаҳри Кветтаи вилояти Балучистон, ки забони форсиро медонад, ба узвияти ин созмони ҷамъиятӣ пайвастааст. Донишҷӯи бахши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Карочӣ аст. Созмоне, ки Юнус Тоҷик узви он мебошад, беш аз 5 ҳазор аъзо дорад. Ӯ аз Покистон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

"Мехоҳем, ба асли худ баргардем"

“Мо мехоҳем, ба асли худ баргардем. Забони худро донем, фарҳанги худро донем. Мо ҳоло танҳо ном аз қавмамон мондааст. Мехоҳем, “Шоҳнома”-хониро ба роҳ монем. Барои ҳамин дар созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷамъ шудем”- гуфт ӯ.

Тоҷикони Покистон тоҷиру кишоварз ҳастанд. Аксари тоҷикони Покистон худро “деҳқон” ном мебаранд. Ин вожа дар истифодаи онҳо маънии ашрофзодаро дорад.

Ориф Охунзода аз дасти чап бо кулоҳ.
Ориф Охунзода аз дасти чап бо кулоҳ.

Ориф Охунзода, пажуҳишгари тоҷики муқими Чорсадаи Покистон ва муаллифи пажуҳиш ва китоби нави "Тоҷикҳои гумшудаи Покистон” рӯзи 27-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то асри 15 тоҷикон дар қаламрави ин кишвар ҳукумат доштанд ва забони гуфтугӯяшон форсӣ буд.

Дар асри 15, ба гуфтаи ӯ, дар ҳуҷуми сулолаи Темуриён тоҷикони зиёде кушта шуданд ва бархе ба кӯҳистон фирор карданд. Баъдан, зери забонашонро аз даст доданд ва ҳоло бо забони “ҳиндко”, як забони наздик ба пашту суҳбат мекунанд.

“Ҳуҷуми Бобури Темурӣ на танҳо давлатдории тоҷикон дар Покистонро аз байн бурд, балки ҳуввияти онҳоро ҳам гум кард. Беш аз 500 сол боз ин мардумро чун як қавми паштун мешинохтанд, ҳарчанд, тоҷикон ҳеҷ гоҳ худро пашту намедонистанд. Бисёриҳо дар шинохти ҳувияти худ оҷиз монда буданд. Таҳқиқи генетикӣ низ нишон дод, ки ин мардум тоҷик ҳастанд” - гуфт ӯ.

"Тоҷикон бедор мешаванд"

Муаррихи покистонӣ мегӯяд, пас аз муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиши беш аз даҳ солааш тоҷикон бештар бедор шуданд. Ҳоло талош мекунанд, дар маҷлисҳои маҳаллӣ намоянда дошта бошанд.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, ки 20 соли пеш бо зиндагии тоҷикони Покистон шинос шудааст, мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд шумораи тоҷикон ба беш аз ду миллион мерасад, вале ин шумора дар ҷамъияти 200 миллионии ин кишвар як ақаллият бисёр хурд ҳастанд.

Аксарияташон дар дараи Свот зиндагӣ мекардаанд.
Аксарияташон дар дараи Свот зиндагӣ мекардаанд.

“Дар ду се соли ахир онҳо фаъолтар шудаанд. Ҳизби сиёсӣ доранд ва дар сатҳи Балучистон барои ҳуқуқи худ мубориза мебаранд. Аммо ҳанӯз дар сатҳи мамлакат матраҳ нестанд. Муборизаи сиёсиро хеле дер шуруъ кардаанд” - гуфт ӯ.

Покистон як кишвари бисёрмиллат ҳаст, ки дар ҳамсоягии Афғонистон ва Ҳиндустон ҷойгир аст. Аксари тоҷикони ин кишвар дар вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо дар Покистон ҳанӯз дақиқ ҳисоб нашудааст, вале дар умум пажӯҳишгарон теъдоди онҳоро наздики 2 миллион нафар медонанд.

XS
SM
MD
LG