Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи каратэ-до, ки дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон - баргузор шуд, панҷ медал – як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ - ба даст оварданд.
Дар сабқати бузургсолон Шероз Икромов дар вазни то 84 кило бо медали тилло, Сафаралӣ Давлатов дар вазни то 67 кило бо медали нуқра ва Бадриддин Умедов дар вазни беш аз 84 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар сабқати наврасони синашон 16-17-сола Мурод Назаров дар вазни то 55 кило ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни то 52 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, рӯзи 22 сентябр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ дар ин мусобиқот беш аз 400 варзишгар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Оқои Бодаков афзуд, “дар риштаи каратэ-до аввалин медалро ба Тоҷикистон соли 1994-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷопон Исроил Исмоилов, ки феълан раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон аст, оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 75 кило бо нишони биринҷӣ сарфароз гашта, дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наве боз кардааст. Умуман, ин нахустин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ ба шумор меравад. Варзишгарони мо баъдан дар тӯли 22 сол дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд.”
Ба гуфтаи оқои Бодаков, барои омодагии каратэчиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам аст. “Дар шаҳри Турсунзода як маркази замонавии варзишӣ бо номи “Қасри Самандар – XXI” мавҷуд аст, ки дар онҷо варзишгарони мо ҳам тамрин мекунанд, ҳам ғизо мехӯранд ва ҳам хобу истироҳат мекунанд. Ягона мушкилоте, ки дорем, ин камбуди маблағ аст. Бинобар ин мо дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ иштирок карда наметавонем”, - иброз дошт Муҳаммад Бодаков.
Ман дар баъзе ҳолатҳо лол мемонам, ки чаро роҳбарони давлати Тоҷикистон аз ҷумла касеро ки пешво мегӯем ягон бор дар бораи мушкилли Тоҷикистон, иушкилии мардум, ҷангҳои бо қирғзҳои кучманчӣ шуда ки боиси марги мардуми тоҷик шудааст ё дар хусуси мушкилиҳо бо ҳамсоякишвари Афғонистон ягон изҳороти расмӣ намедиҳанд. Барои чи "пешво" дар бораи вазъи Бадахшон чизе намегӯяд гӯё ки ин воқеа дар дарягон мамлакати дурдаст рух медода бошад. Эй ба ном пешво бедор шав, аз бағали домодҳою авлоди сернашавамат дур шав, дар ғазаби мардум гирифтор нававӣ. Мардум гурусна аст. Беҳуда нагуфтаанд ки "Гурусна ба шер задааст".
Барои суиқасди куштори раиси маҳалла, ки бо дархости намояндагони мақомоти сухторхомушкунии ноҳияи Файзобод дар рафти санҷиш иштирок намуда, минбаъд аз ҷониби маҳкумшуда Камолов Н. бо истифодаи табар суиқасди куштори ӯ содир гардида, дар натиҷаи расонидани зарбаҳо ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, бо расонидани ёрии саривақтии тиббӣ аз марг наҷот дода шудааст. Ҷинояти содирнамудаи Камолов Н. ба дараҷаи махсусан вазнин мансуб буда, хавфи баланди ҷамъиятӣ дорад ва бо дарназардошти дараҷаи ҷазнинии ҷиноят хавфи баланди ҷамъиятии он ва шахисти маҳкумшуда дар дораи раводиди моддаи мазкур ба номбурда ҷазои асоснок ва одилона таъин карда шудааст.
Эмомалира зураш ба мардуми бечораи худаш мерасад. Киргизхо зуд зуд худсарона ва гайриконуни ба хоки Точикистон медароянд, террор мекунанд, мекушанд аммо эмомали хап, бечора коре карда наметавонад факат мардумро ба тахаммулпазири даъват мекунад. Аммо хизматгоронашро ба суи мардуми худас фас меандозад. Бо ин корхояш худашро дар назди мардум беобру месозад.
Аз руи талаботи конун шумо вазифадорен барои нашри шархи ирсолшуда
Аз Шумо илтимос шархи дируз пешниходкардаи моро нашр намоед...