Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикону қирғизҳо соҳилҳо ва дилҳоро ба ҳам пайвастанд (ВИДЕО)


Пуле дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Сокинони рустои Қӯрғончаи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Исфанаи Қирғизистон, бо ҳашар болои сой пуле сохта, роҳу дилҳои мардуми минтақаҳои наздимарзиро ба ҳам наздиктар кардаанд.

Сокинони деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳаммарз бо ноҳияи Исфанаи Қирғизистон, бо ҳашар пуле сохтаанд, ки роҳу дилҳои сокинони рустоҳои наздимарзиро наздиктар мекунад. Қаблан, ҳар сол дар айёми баҳор оби сой боло рафта, имкон намедод сокинон аз як деҳа ба деҳаи дигар гузаранд ва ё хонандагон ба мактаб раванд. Ҳоло, ба гуфтаи Бӯстон Эгамбердиев, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи деҳаи Қӯрғонча, кӯдакон низ натарсида, ба мактаб мераванд ва аз як дарди сар халос шудаанд.

Деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов тақрибан дар 60-километрии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва дар ин маҳалли ҳаммарз бо Исфанаи Қирғизистон ҳудуди 2500 нафар зиндагӣ мекунанд. Як деҳаи Қирғизистон дар наздикии он воқеъ аст.

Дар худи деҳаи тоҷикон ҳам 6-7 оилаи қирғизҳо ба сар мебаранд, ки аллакай шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд. Кӯдакони онҳо дар мактаби Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Кӯчаи канории деҳаи Қӯрғонча маҳалли истиқомати қирғизҳост.

Пуле дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Пардагул Мӯъминова, яке аз онҳо, ду фарзанд дорад. Писараш дар мактаби рақами 4-и деҳаи Қӯрғонча мехонад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пули нав равуои онҳоро низ ба қисмати марказии деҳа осон кардааст. “Акнун мо дигар аз сел наметарсем”, -- мегӯяд бо табассум Мӯъминова. Ба қавли вай, сокинони ин маҳаллаи қирғизнишин дар он сӯи сарҳад, дар Қирғизистон хешу табор доранд ва равуои онҳо ба меҳмонии якдигар бидуни мушкил сурат мегирад.

Дар ин қисмати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нақлиёт ба ҳар ду самт озодона дар ҳаракатанд ва танҳо нақлиёти калони боркашу транзитӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ назорат мешаванд.

Бунёди ин пули хурд, аммо барои чанд ҳазор сокини маҳалҳои наздимарзии атрофи он хеле муҳим дар ҳолест, ки сокинони ноҳияҳои сарҳадии вилоятҳои ҳамсояи Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бштар аз роҳҳо ва манобеи обиву чарогоҳҳои ягона истифода мебаранд. Аммо баъзан даъвоҳои соҳибӣ кардан ба ин ё он маҳал боиси сар задани муноқишаҳо мегардад. Дар маҳалҳое ҳам сокинон аз набудани роҳу пулҳои мустақим, барои рафтан ба маҳалҳои ҳамдигар, масофаи дарозу пурпечутоберо тай мекунанд. Аммо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ин гуна мушкил вуҷуд надорад ва сокинони марзӣ бо ҳам муносибати хуб ва равуои озод доранд.

Мақсадой Шокирова, мутахассиси ҷамоати “Ҳаёти нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки деҳаи Қӯрғонча тобеи он аст, мегӯяд, пули навро бо роҳи ҳашар бунёд кардаанд. Маводу таҷҳизоти сохтмониро ба онҳо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас кардааст. Ба гуфтаи Шокирова, пули нав танҳо иншооте нест, ки сокинони деҳаи марзии Қӯрғонча дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд кардаанд. Пеш аз ин, онҳо бо роҳи ҳашар мактаби рақами 4-ро низ дастҷамъона сохтаанд, ки кӯдакони қирғиз ҳам дар он таҳсил мекунанд.

Пули нав ба сокинони деҳаи ҳамсояи қирғизҳо роҳи омадан ба бозори тоҷиконро наздик кардааст.

Ҳарчанд ин иншоот аз ҷониби созмонҳои хайрия дастгирии молӣ дидаанд, вале ин барномаҳо бо ташаббуси худи сокинони ин маҳалли марзӣ иҷро шудаанд. Онҳо бо бунёди пулу мактаб шароити хуби таҳсил барои кӯдакони худро фароҳам ва муносибатҳои тиҷориро бо ҳамсояҳои қирғизи худ беҳтар кардаанд.

XS
SM
MD
LG