Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷикон аз равоншиносҳо "мегурезанд"? ВИДЕО


Ҷомеашиносон мегӯянд, ки бо вуҷуди мушкили фаровони равонӣ мардум ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва солҳо дард мекашанду таҳаммул мекунанд. Чаро тоҷикон аз равоншиносон парҳез доранд?

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистони дорои беш аз 9 миллион аҳолӣ 200 равонпизишк сабтином шудаанд.

Ташвиши Зарифа

Зарифа Мирзоева, сокини шаҳри Душанбе, соҳиби ду фарзанд аст. Метарсад, ки дар марҳилаи гузариши синну соли фарзандон ба ягон иштибоҳ роҳ надиҳад ва ба онҳо осеби равонӣ нарасад. Ба ин хотир, барои суҳбат ба назди равоншинос рафтааст.

Мирзоева аз равоншинос бештар дар бораи ҳолати рӯҳии фарзандон ва тарзи дурусти муносибат бо онҳо маслиҳат мегирад. Ӯ мегӯяд: «Вақте дар бораи равони кӯдак маълумоти бештар доред, дар ҳолатҳои «стресс» ба ӯ ёрӣ карда метавонед. Ин зарбаҳои равониро аз рӯзҳои аввали зиндагӣ пешгирӣ мекунад.»

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро тоҷикон аз равоншиносҳо "мегурезанд"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ аз тарсу ваҳм

Зарифа Мирзоева мегӯяд, ки муроҷиат ба равоншинос кори осон нест ва ҳама наметавонад дар ҳолати афсурдагӣ аз мушкили худ рӯшан суҳбат кунад. Дар ҳоле, ки маърифати равонии аксар волидон дар пояе нест, ки ҳолати фарзандонашонро дуруст дарк ва онҳоро дастгирӣ кунанд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, дар чунин ҳолат аз равоншинос кумак бигиранд.

Мирзоева танҳо модаре нест, ки марҳилаи гузариши синни фарзанд ва ҳолати равонии онҳо ӯро ба ташвиш овардааст. Модарони зиёде ҳоло мисли ӯ дар ин мавзӯъ ба суолҳои зиёд посух меҷӯянд, бархе ҳам мушкилҳои зиёди равонӣ доранд, аммо бовар надоранд, ки равонпизишк метавонад ба дарди онҳо «даво» бахшад.

Аниса, ҳамсӯҳбати дигари мо, солҳо боз роҳи рафъи тарсу ваҳмро ҷустуҷӯ дорад. Наздикон ҳам барояш суҳбат бо равоншиносро машварат медиҳанд. Ӯ мегӯяд, 8 сол пеш аз сӯи шавҳари собиқ зиёд латту кӯб шуд ва вақте талоқ гирифт, дигар натавонист ин ҳама тарсу ваҳмро аз худ дур кунад ва дубора бо нафари дигар издивоҷ кунад.

"Равоншинос мард буд, дарди дил карда натавонистам"

"Бисёриҳо мегӯянд, ки равоншинос маслиҳатҳои дуруст медиҳад ва метавонам ҳамаи ҷанҷолҳои шавҳари собиқамро фаромӯш кунам. Лекин намедонам назди кадом психолог равам ва тамоми мушкиламро бигӯям. Чанд бор хостам бо равоншинос суҳбат кунам, аммо нашуд. Равоншинос мард буд ва натавонистам диламро холӣ кунам. Асабам зиёд хароб аст", - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Худи равоншиносон ҳам мегӯянд, бо вуҷуди мушкилоти фаровони равонӣ дар ҷомеаи тоҷик фарҳанги муроҷиат ба мутахассисон роиҷ нест ва аксарият моҳу солҳо бо ин дард зиста, азият мекашанд. Барои кумак ба ин гуруҳи ҷомеа, равоншиноси тоҷик Марям Давлатова як маркази офияти равониро фаъол кардааст. Ӯ машваратҳои равониро барои ҷомеаи тоҷик муҳим медонад ва аллакай нахустин суҳбатҳои равониро барои хоҳишмандон шуруъ кардааст.

"Мардум ба калимаи “психолог” одат мекунанд"

Давлатова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷомеа ба оҳистагӣ ба корӣ равонпизишкон одат мекунад. Ӯ гуфт, "ҷомеа бо вуҷуди дарки ин мушкил, онро як дарди маъмулӣ медонанд ва ба худ ҳеҷ гоҳ ҳақ намедиҳанд, ки бо гирифтани маслиҳати равонӣ онро аз байн баранд. Ҳоло танҳо мардум ба калимаи психолог тоза одат карданд ва, албатта, даъвати мардум ба назди равоншинос осон нест".

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Ба бовари равоншиносон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бештар сатҳи пасти зиндагӣ, муносибати нобаробар дар оила, хушунат ва бекории сокинон онҳоро аз зиндагӣ дилсард мекунад, ки дар натиҷа ба мушкили равонӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дигар намунаҳои густардаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кори бармаҳали наврасон дар кӯчаву хиёбонҳо, аз таҳсил дур мондани фарзандони хонаводаҳои нодор, ба вижа духтарҳо, ном бурда мешавад. Марям Давлатова мегӯяд, муроҷиатҳои гуруҳе аз сокинон нишон медиҳад ки ҷомеаи тоҷик ба равонпизишкон ниёзи бештар дорад. Ин аст, ки теъдоди қурбониёни ҳама навъҳои хушунат барои гирифтани машварату ёрӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

“Ҳоло дар аввали роҳ ҳастем, корро тоза шуруъ кардем. Умед дорам, метавонем дар зеҳни мардум рафтан ба назди равоншиносро як кори маъмулӣ ошно кунем”, - афзуд ӯ.

Ду омили гурез аз равоншиносҳо

Шаҳрибону Шонасимова, роҳбари як созмони ҷамъиятӣ, ки бештар бо хонаводаҳои нодору хушунатдида кор мебарад, гуфт, мушкили бетаваҷҷуҳии сокинон ба равоншиносон ду омил дорад:

  • "Нахуст, бештари мардум нисбат ба "психолог" ҳассосият доранд. Фикр мекунанд, ба назди ин гуна пизишк танҳо афроди мубталои бемориҳои равонӣ муроҷиат мекунанд;
  • Дуюм, бовари сокинон ба таҷриба ва кори равоншиносон зиёд нест. Онҳо ба ин назаранд, ки равонпизишк наметавонад ҳолати афсурдагии зиёдро аз як инсон дур кунад."

Аммо бархе ҳам ба ин боваранд, ки сабаби дигари бетаваҷҷуҳӣ ба кори равонпизишкон нобоварӣ ба онҳост, ки мабодо асрори хонаводагии муштариҳоро фош накунанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистони дорои беш аз 9 миллион аҳолӣ 200 равонпизишк сабтином шудаанд.

Теъдоди расмии мубталоён ба бемориҳои равонӣ дар Тоҷикистон беш аз 43 ҳазор гуфта мешавад, аммо равоншиносон мегӯянд, теъдоди воқеии чунин афрод ба маротиб бештар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG