Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон: Нахустин ҷарима барои сигоркашӣ


Як донишҷӯ дар Қӯрғонтеппа барои кашидани сигор дар ҷойи ҷамъиятӣ ҷарима шудааст.

Маъмурони пулис дар Хатлон мегӯянд, Баҳодур Шарифов, донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи энергетикӣ, аввалин нафарест, ки дар чаҳорчӯби қонуни манъи истифодаи тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима мешавад.

ҶАРИМА: 35 СОМОНӢ

Вале Баҳодур Шарифов гуфт, дар чанд соли ахир сигор ё анвоъи дигари тамокуро накашида, балки "гуноҳ"-и яке аз ҳамдарсони худро ба дӯш гирифтааст.

"Вақте вориди ҳуҷраи хоби мо шуданд, гуфтанд, ки сигор кашидаед. Як ҳамсабақамон аз ҳуҷраи дигар омада сигор кашида буд. Аммо номи ӯро нагирифта, худам ба дӯш гирифтам. Санад тартиб дода, ба шӯъбаи милиса супориданд. Рафтам ва баёнот додам. 35 сомонӣ ҷарима карданд",-афзуд ӯ.

35 сомонӣ, ки баробари ҳашт доллари амрикоист, ҳадди ақалли ҷарима барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ будааст.

Баҳодур мегӯяд, муҷозот шудани ӯ барои ҳамсабақони дигараш дарси ибрат шуда, ҳоло дар хобгоҳ ва ё саҳни Донишкадаи энергетикӣ нафаре сигору нос намекашад. Аммо, ба иддаои бархе аз донишҷӯён, дар ин донишкада ягон ҷои хосе барои кашидани тамоку дуруст накардаанд.

"БЕРУН АЗ ДОНИШКАДА СИГОР КАШАНД"

Диловаршо Исоев, муовини раҳбари Донишкадаи энергетикӣ

Диловаршо Исоев, ноиби ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, мегӯяд, раёсати донишкада аз тамоми устодон ва донишҷӯён тақозо кардааст, ки аз истифодаи тамоку дар қаламрави донишкада парҳез кунанд.

"Ҷойи ҷамъиятӣ натанҳо бинои донишкадаи мост, балки дохили нақлиёт ва маконҳои серодам ҳам ҳисоб мешавад. Он ҷо ҳам натанҳо донишҷӯи мо, балки дилхоҳ одамеро, ки талаботи қонунро нодида мегирад, боздошта ҷарима карданашон мумкин аст. Аз сӯи дигар, наметавонем кашидани носу сигорро ба устодон ва донишҷӯёни донишкада комилан манъ кунем, ин ҳуқуқро надорем. Ба ҳар ҳол, тавсия додем, ки берун аз донишкада рафта, сигор бикашанд"
,-илова кард ҷаноби Исоев.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо чаҳор нуқтаи махсуси сигоркашӣ дар қаламрави бозори марказии шаҳр таъсис дода шудааст.

МУШКИЛИ НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ СИГОРКАШОН

Мухтор Гулматов, муовини раиси бозори мавсум ба "Фаровони Қӯрғонтеппа", дар ин иртибот гуфт: "Як гурӯҳи корӣ ташкил кардем, ки онҳо миёни харидорону фурӯшандаҳои бозор корҳои тарғиботӣ мебаранд."

Ҷаноби Гулматов афзуд, аммо назорати иҷроиши қонуни манъи тамокуро аслан на ходимони бозор, балки кормандони милиса бояд ба дӯш дошта бошанд.

Нуқтаи махсуси сигоркашӣ дар Қӯрғонтеппа

Раҷабалӣ Сафаров, сардори бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, тамоми нозирон милиса муваззаф шудаанд, афродеро, ки дар ҷойҳои мамнӯъшуда дар ҳоли сигору носкашӣ дармеёбанд, барои ҷаримабандӣ боздошт ва ба шӯъбаи милиса расонанд.

"Ҳама корхонаву муассисаҳоро вазифадор кардем, ки барои кормандони тамокукаши худ ҷойҳои махсус ташкил кунанд. Аммо агар одамон талаботи қонунро сарфи назар карда, дар ҷойи ҷамъиятӣ носу сигор кашанд, онҳоро нозирони минтақаии мо ба ШКД оварда шуда, протокол тартиб медиҳанд ва аз онҳо тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ситонида мешавад",-афзуд ӯ.

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, бар асоси муқаррароти қонун, кашидани сигор дар ҳудуди мактабу беморхона, корхонаву муассиса, осоишгоҳҳо, иншоотҳои варзишиву фарҳангӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мебошад. Ҳамчунин тоҷироне, ки фурӯши маҳсулоти тамокуиро дар масофаи на дуртар аз сад метр дар назди кӯдакистону мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисоти фарҳангиву беҳдоштӣ ба роҳ мондаанд, муҷозот хоҳанд шуд.

ТАРКИ ОДАТ - АМРИ МАҲОЛ

Ин ҳам дар ҳолест, ки иддае аз ҷавонон мегӯянд, иҷрои талаботи қонуни мазкур дар ҳоле ки дар шаҳр мавзеъи махсуси кашидани тамоку тақрибан вуҷуд надорад, хеле сахт аст.

Сӯҳроби Рустам, як ҷавон аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, "чанд дафъа кӯшиши тарки сигор кардам, аммо намешудааст. Дар ҷойҳои камодам кам-кам сигоркашӣ мекунем, дуртар аз чашми милисаҳо. Дигар илоҷ нест."

Ин ҳам дар ҳолест, ки пизишкони маҳаллӣ ба зиёни маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ишора мекунанд. Искандар, донишҷӯи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худ аз хонаводаи пизишкон аст, мегӯяд, бо дарки ҳамин зарар сигоркашии аз рӯйи ҳавову ҳавасашро, ки пинҳонӣ анҷом медод, тарк кардааст.

Маъмурони пулис мегӯянд, дар баробари донишҷӯе, ки барои сигоркашӣ муҷозот шудааст, ҳамчунин як зан ва як марди дигарро дар Қӯрғонтеппа барои бадмастӣ ва истеъмоли машрубот дар ҷойи ҷамъиятӣ ба пардохти 35 ва 70 сомонӣ ҷаримабандӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG