Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Узбакистон бар Тоҷикистон ва Тайван бар Ҳонконг. ВИДЕО


Акс аз саҳифаи Федератсияи футболи Тоҷикистон
Акс аз саҳифаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Узбакистонро Шаҳноза Қурбонова (дақиқаи 23-юм), Шоира Қултӯраева (67) ва Малика Бурҳонова (71) ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” мунтахаби Тайван дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду голро Ю-Ҷиеҳ Лан (дақиқаҳои 74-ум ва 78-ум) ва як голро Йинг-Ҳуи Чен (76) ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг ворид намуданд.

Ба ин тартиб, баъди даври аввал дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 31-уми октябр идома меёбад, дастаҳои Тайван ва Узбакистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дар даври дувуми мусобиқаи интихобӣ рӯзи шанбеи 29-уми октябр Ҳонконг бо Узбакистон (соати 14:00) ва Тоҷикистон бо Тайван (17:00) рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола роҳхат мегирад.

Пирӯзии Узбакистон бар Тоҷикистон ва Тайван бар Ҳонконг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27 октябр (панҷшанбе)

Тайван – Ҳонконг – 3:0

Узбакистон – Тоҷикистон – 3:0

Даври 2-юм

29 октябр (шанбе)

14:00 – Ҳонконг – Узбакистон

17:00 – Тоҷикистон – Тайван

Даври 3-юм

31 октябр (душанбе)

14:00 – Узбакистон – Тайван

17:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG