Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни рӯзҳои фарҳангии Узбекистон. Навбати Тоҷикистон соли 2020. ВИДЕО


Поёни рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар поёни рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон бештар аз мустаҳкам шудани равобити миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахши ҳунар, тавсиф шуд. Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон 13-уми ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон оғоз ёфт ва шаби 14-уми ноябр дар Душанбе ба анҷом расид.

То се соли пеш натанҳо равобити сиёсиву иқтисодӣ, балки муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон низ ба мушкил печида буд. Баъд аз тағийрот дар раёсати ҷумҳури Узбекистон дар соли 2016 муносибати ду кишвар дар ҳама бахшҳо ба ҳолати одӣ баргаштааст. Интизор меравад, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбекистон соли 2020 дар Тошканд гузарад.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоми 14-уми ноябр дар Душанбе гуфт, "тайи чанд рӯз ба шарофати истеъдоди нодир ва ҳунари волои фиристодагони ин кишвари дӯсту бародар иди пуршукуҳ ва маҳфили рақсу суруд доштем. Ҳоло ҳеч мушкиле дар омаду рафти шаҳрвандони ду кишвар ва ҳунармандон намондааст. Мо ба дӯстони узбеки худ худҳофизӣ намекунем, балки то дидор мегӯем."

Сафири Узбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов мегӯяд, миёни Тошканду Душанбе ҳамасола рӯзҳои фарҳангӣ баргузор карда мешавад ва "ин бори дигар собит мекунад, ки тоҷикону узбекҳо фарҳанги муштарак доранд".

"Ба Шумо хабар медиҳам, ки соли 2020 Узбекистон мизбони рӯзҳои навбатии фарҳангии Тоҷикистон мешавад. Мардуми узбек бесаброна сафари ҳунармандони тоҷикро интизор аст", -- афзуд ӯ.

Ҳунармандони тоҷик мегӯянд, намоишҳое, ки фарҳангиёни узбек дар Тоҷикистон бо худ оварда буданд, хеле гарму самимӣ ва барои мардуми тоҷик ошно буданд. Давлатманди Хол, ҳунарманди маъруфи тоҷик гуфт, ӯ натанҳо дар маросими фарҳангӣ ба Узбекистон сафар мекунад, ҳамчунин ба маъракаву маросими хонаводагии сокинони он кишвар даъват мешавад:

"Пайванди фарҳангии ду кишвар аслан дар он аст, ки ҳар ду миллат як маҷро доранд, созҳои мусиқиаш ҳам дар бисёр маврид монанданд. Як сози мусиқианд. Пештар танҳо бо гирифтани виза метавонистам ба Узбекистон биравам. Ҳоло ҳаттонамояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон маро мешиносанд ва раҳбаладӣ мекунанд."

Зулфия Узоқова, роҳбари гурӯҳи рақсии "Тошкент зеболари” аз сафараш ба Тоҷикистон зиёд хушҳол буд ва гуфт, бесаброна дидор бо Зебо Аминзода, роҳбари дастаи рақсии “Зебо”-ро интизор аст. Вай гуфт, аз лиҳози касбӣ онҳо метавонанд бо якдигар ҳамкорӣ карда, рақсҳои наверо эҷод кунанд.

Узоқова афзуд, “тарҳҳои муштарак метавонад рақсӣ бошад. Бо иштироки ҳайати ду дастаи рақсии “Тошкент зеболари” ва “Зебо”. Мо Хуб медонем, ки Зебо Аминзода омӯзишгоҳи хореографии Тошкандро хатм кардааст. Пас, дастаи ҳунарии “Зебо” ба шаҳри Тошканд пайвандӣ дорад.”

Нигина Амонқулова, овозхони машҳури тоҷик дар ин барномаи ҳунарӣ суруди наверо иҷро кард ва сазовори кафкӯбиҳои тамошобинон шуд. Вай гуфт, дар ду соли ахир ба Узбекистон барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ зиёд сафар мекунад. “Имсол дар Узбекистон барои як сурудам клип сохтем. Мехоҳам минбаъд низ клипҳои нави худро дар ин кишвар бигирам”.

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон равобит бо Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст. Қаблан дар замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон баргузории чунин маросими фарҳангии мушктарак хеле кам баргузор мешуд. Дар рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон ҳудуди 60 ҳунарманд ширкат ва ҳунарнамоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG