Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатзода: “Мошинҳои мо ба он ҳадде гарон нест, ки мардум мепиндорад”


Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфт, мошинҳои кормандонаш ба он ҳадде гарон нестанд, ки мардум мепиндоранд. Ӯ ба ин мавзӯъ дар нишасти хабарии рӯзи 21-уми июл дахл кард.

Ин мошини соҳибкорон ва корафтодагони дигар низ метавонад бошад

Давлатзода гуфт, ҳарчанд мошини бархе аз зердастонаш дар назари аввал гаронарзиш менамоянд, дар асл дар бозор нархи чандон боло надоранд. “Ҳоло дар мо қариб мошини гаронарзиш ҳам намондааст. Мошинро мебинӣ, ҳавасат мекунад ва мегӯӣ, ки хеле мошини гарон аст. Аммо дар асл рафта дар бозор бинед, онҳо нархи чандон гарон надоранд. Чунки ин мошинҳо даҳҳо сол дар кишварҳои дигар истифода шуда, баъд ба кишвари мо ворид шудаанд. Ҳарчанд мо имсол барои ворид кардани мошинҳои нав сабукӣ додем ва шояд дар оянда вазъият дигар шавад”, - афзуд ӯ.

Нусраталло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, на ҳамаи мошинҳое, ки дар назди идораҳои андоз дида мешаванд, моли кормандони ин идораанд. “Ин мошини соҳибкорон ва корафтодагони дигар низ метавонад бошад”, - иброз дошт Давлатзода.

Бахтиёр Султон, сардори Раёсати андози вилояти Суғд, ба саволи хабарнигорон посух медиҳад. Рӯзи 12-уми июли 2017
Бахтиёр Султон, сардори Раёсати андози вилояти Суғд, ба саволи хабарнигорон посух медиҳад. Рӯзи 12-уми июли 2017

Ишораи Давлатзода доир ба қимати мошинҳои давлатӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар як нишаст дар Раёсати андоз дар вилояти Суғд хабарнигорон суол карданд, ки мошинҳои гаронарзиши саҳни идораи андоз аз они кист ва кормандони мақомот аз кадом ҳисоб ин мошинҳоро харидорӣ кардаанд? Ин суоли хабарнигор баҳсеро дар нишаст барпо кард ва нозирони андоз гуфтанд, ки дар қатори маоши расмӣ онҳо даромадҳои дигаре низ доранд.

Обиди Муҳаммадсаид, муовини сардори Раёсати андози вилояти Суғд дар посух ба ин суоли хабарнигор чанд роҳҳои ба ибораи ӯ “пулкоркунии ҳалоли” нозирони андоз, аз қабили дарс гуфтан дар донишгоҳ, кишоварзӣ ва заминдориро зикр кард. Ӯ инчунин гуфт, “бар замми ҳамаи ин, камбудии зиёдтаре аз ягон андозсупори гарданшах ёфтем, аз Кумитаи андоз фоиз ҳам мегирем.”

Аммо соҳибкорони тоҷик мегӯянд, маҳз “фоизгирии нозирони андоз” аз ҳисоби ҷаримаҳо нозирони андозро ба “айбҷӯӣ ва ҷаримаситонӣ” манфиатдор мекунад, ки дар натиҷа ҷабри онро бизнес мекашад. Ҳамсӯҳбатони мо аз ҳисоби соҳибкорон ва моликони тоҷиратҳои хурду бузург мегӯянд, вақте ҷайби нозири андоз аз ҷаримаҳои ситонидаи ӯ вобаста аст, албатта, нозир соҳибкоронро ба истилоҳ “ғалбер” мекунад.

Акбар Сияров, як соҳибкор аз вилояти Суғд, мегӯяд, ҳамеша талош мекунад, андозҳоро тибқи қонун ва ба пуррагӣ саривақт пардохт кунад. Аммо ҳар боре тафтиши ширкати ӯ шурӯъ мешавад, боз ҳам нозирон айбе пайдо мекунанд. Ӯ афзуд, “дар мавриди тафишоти нақшавию камералӣ ҳоҷати гап нест. Вақте нозирон ба тафтиши корхона меоянд, то ягон айбе ёфта ҷарима накунанд, тафтиш тамом намешавад.”

Афсӯс, ки маълумот дар мавриди даромадҳои мансабдорон барои омма дастрас нест. Аз ин рӯ, шакку гумонҳо дар мавриди манбаи даромадҳои мансабдорон боқӣ мондааст

Михаил Петрушков, раиси созмони “Маркази ҳимояи бизнес” дар Тоҷикистон мегӯяд, маҳз ба хотири шаффофияти даромадҳо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мансабдорон ва наздикони онҳоро муваззаф кард, дар мавриди даромадҳояшон эъломия пур кунанд.

Ӯ гуфт, “аммо афсӯс, ки маълумот дар мавриди даромадҳои мансабдорон барои омма дастрас нест. Аз ин рӯ, шакку гумонҳо дар мавриди манбаи даромадҳои мансабдорон боқӣ монд. Масалан, дар Олмон ҳар як шаҳрванд метавонад дар марвиди нархи мошини Ангела Меркел, садри аъзам ва мизони маоши ӯ маълумот пайдо кунад. Вақте шаҳрванд мебинад, ки маоши як мансабдор дар Аврупо дар як сол 100 ҳазор евро аст ва ӯ мошини 30 ҳазордолларӣ харидааст, нисбат ба мансабдор шубҳае намекунад.”

Мошинҳои гаронбаҳое аз қабили “Ланд Крузер Прадо”, “Лексус”, “Мазда” ва “Тойота”-ро дар истгоҳи ҳар идораи давлатии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Вақте сокинон аз назди ин парки мошинҳо убур мекунанд, дар зеҳни аксарият ин суол пайдо мешавад, ки чигуна мансабдорони тоҷик бо маоши миёнаи аз 1 то 2 ҳазор сомонӣ мошинҳое харидорӣ мекунанд, ки аз 15 то 30 ҳазор доллар арзиш доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG