Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани 8 нафар барои симобфурӯшӣ


Симоб метали моеъ аст. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8 нафариро ба қочоқи симоб гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард. Дар байни онҳо як рӯзноманигор аз Афғонистон аст. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки ин афродро ҳангоми хариди симоб дастгир кардаанд.

Додгоҳ ҳафт узви гурӯҳро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд бо гуноҳи “муомилоти ғайриқонунӣ бо симоб” аз 5 то 5.5 солӣ ба зиндон маҳкум кардааст.

Акмал Савриддинзода, додраси додгоҳи Хуҷанд гуфт, Мир Мирзода, шаҳрванди Афғонистонро ба “қочоқ” ва “муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаҳои заҳролуд” гунаҳкор донист ва ба шашу ним сол маҳкум ба зиндон кард.

Дар ҳукми додгоҳ аз ҳафтаи гузашта омадааст, ки гурӯҳи 8 нафарӣ талош доштанд, соли гузашта миқдоре аз симобро дар 5 зарф аз роҳи қочоқ ба хориҷ интиқол диҳанд. Дар байни ин афрод сокинони Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Душанбе, Данғара ва Панҷакент се зан низ ҳаст.

Ба истиснои шаҳрванди Афғонистон - Мир Мирзода, ки рӯзноманигор муаррифӣ шудааст, дигарон дар парванда “бекор” ё “муваққатан бекор” ном бурда шудаанд.

Ба гуфтаи додгоҳи Хуҷанд, Мир Мирзода, дар бораи симоби фурӯшӣ аз аъзои дигари гурӯҳ дарак ёфта, барои харидани он моҳи ноябри соли гузашта тавассути Душанбе ба Хуҷанд омадааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дастгир карданд.

Мақомот мегӯянд, ки Мир Мирзодаи 39-сола сокини шаҳри Парвон буда, замони боздошт мудири телевизиони “Ҷаҳон” дар маҳали зисташ будааст.

Муфаттишон мегӯянд, ки симобро соли 2017 як фарде, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад, ба аъзои гурӯҳ пешниҳод карда ва гуфтааст, ки дар хориҷ аз кишвар метавонанд бо қимати баландтар бифурӯшанд. Яке аз аъзои гурӯҳ 400 грам симобро бо арзиши 3 ҳазор доллари амрикоиву 6 ҳазор сомонӣ харидааст.

Зоиршоҳ Исроилов, вакили дифои Манзура Рӯзибоева, зани 39-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки додгоҳ ӯро ба 5 соли ҳабс маҳкум кард, рӯзи 1-уми май гуфт, зерҳимояаш ҷазоро сангин медонанд.

“Мо шикояти кассатсионӣ навиштем ва дархост кардем, ки муҳлати адои ҷазо мавқуф гузошта шавад. Зеро зерҳимояам ду кӯдаки 3 ва 5-сола дорад ва бояд онҳоро солиму дуруст калон кунад.”

Мақомот нагуфтаанд, ки харидорони эҳтимолии симоб дар хориҷ кӣ будаанд, вале қаблан гузоришҳои зиёде дар бораи қочоқи симоб аз Тоҷикистон ба Қирғизистон нашр шудааст.

Гуфта мешуд, ки симобро аз Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон, барои корбурд дар корхонаи металлургӣ интиқол медоданд. Симоб, ки металли моеъ ва хатарнок аст, дар абзори илмии таҳқиқотӣ, барои холис кардани тиллову нуқра ва ҳам тавлиди моддаҳои тарканда ба кор бурда мешавад

Дар Тоҷикистон, симобро дар Комбинати метталлургии “Анзоб” истеҳсол мекунанд. Танҳо дар соли 2015 дар ин корхона тақрибан 30 ҳазор тонна хокаи сурмаву симоб истеҳсол кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

XS
SM
MD
LG