Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Академияи илмҳо аз қатъномаи Парлумони Аврупо


Ду мақоми Академияи илмҳои Тоҷикистон ба қатъномаи Парлумони Аврупо дар бораи раҳоии аъзои аршади Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Зайд Сайдов ва дигар мухолифони давлат посух дода, талаби онҳоро бепоя хонданд.

Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Парлумони Аврупо "беасос" амалкарди давлати Тоҷикистонро дар нисбати шаҳрвандони алоҳидаи он, ки зери тафтишот қарор доранд, ва ё адои ҳукми ҷиноӣ мекунанда, зери суол бурдааст.

Дар матни изҳороти ин ду олими тоҷик, ки рӯзи 11-уми июн дастраси Озодӣ шуд, аз ҷумла омадааст, ки афроди дар қатънома номбаршуда ба ҷиноятҳое маҳкум шудаанд, ки ба фаъолияти сиёсиашон дахл надорад. Муаллифон бар инанд, ки ин қатънома ва изҳоротҳои ахири Парлумони Аврупо қабл аз ҳама вазъи воқеии имрӯзи Тоҷикистонро ба инобат нагирифта, аз афроде, ки қонунгузории кишвар ҷурми онҳоро собит кардааст, ҳимоят мекунад.

Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки “амалҳои ғайриқонунии шахсоне, ки дар қатънома зикр шудаанд ва гурӯҳҳои ҷиноии вобаста ба онҳо, паёмадҳои фоҷиаборе барои кишвар дар пай доштааст". Муаллифон ба унвони мисол аз ҳодисаҳои Рашт дар соли 2010, Хоруғ дар соли 2012 ва талошҳои ба гуфтаи онҳо "табаддулоти давлатӣ" дар моҳи сентябри соли 2015, ёд кардаанд. Ин ду донишманди тоҷик мегӯянд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба ҳеҷ яке аз ин ҳодисаҳо вокуниш нишон надод ва алайҳи ташкилкунандагони ба ҳам задани суботи сиёсиву иҷтимоӣ садо баланд накард.

Наздикони маҳкумшудаҳои ҲНИТ пас аз эълони ҳукм алайҳи онҳо.
Наздикони маҳкумшудаҳои ҲНИТ пас аз эълони ҳукм алайҳи онҳо.

Аммо бо "нашри қатънома имрӯз инро зикр накардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ фаъолона қаламрави кишварҳои аврупоиро ҳамчун майдоне барои фаъолиятҳои зидди конститутсионӣ алайҳи давлати Тоҷикистон истифода карда, идора ва ниҳодҳои таъсиррасони иттилоотияшро ба қаламрави ин давлатҳои аврупоӣ кӯчонидааст. Санадҳое, вуҷуд доранд, ки шаҳодат медиҳанд, хадамотҳои ҷосусӣ фаъолияти ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати исломиро сармоягузорӣ мекарданд, то ки он заминаи иҷтимои худро тақвият диҳад.”

Дар идома муаллифони изҳорот вобаста ба талаби раҳоии Зайд Сайидов ва дигар мухолифони ҳукумат навиштаанд, ки “Зайд Саидов узви ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва аз ин хотир ба қазияи ӯ додани обу ранги сиёсӣ бесос мебошад. Ба гуфтаи онҳо, Зайд Саидов ба гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон, бисёрзанӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мансаб ба

Зайд Саидов
Зайд Саидов

29 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.

Ин ду донишманди тоҷик дар робита ба парвандаи фаъоли Гурӯҳи- 24 Мақсуд Иброҳимов, мегӯянд, ки ин созмон аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи экстремистӣ шинохта шуда буд ва дар нисбати Иброҳимов бо ҷурмҳои даъватҳои оммавӣ ба фаъоляти экстремистӣ, ташкили созмони экстремистӣ, парванда боз шуда, аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 17 соли ҳабс маҳкум шудааст. “

Ин ду олими тоҷик ҳамчунин иттиҳомот ба унвони ҳукумати Тоҷикистон ва додани обу ранги сиёсӣ ба боздошт ва ҳабси бархе адвокатҳоро маҳкум кардаанд: ”Онҳое ки дар қатънома зикр шудаанд ва фаъолияти адвокатиро пеш мебурданд, як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ, ба монанди қаллобӣ, додани пора, тақаллуби ҳуҷҷатҳоро содир кардаанд. Хислатҳои айбҳои ба онҳо эълоншуда, ба сиёсат рабт надорад.”

Шӯҳрат Қудратов.
Шӯҳрат Қудратов.

Дар ин баробар муаллифони изҳорот ба интиқоди Парлумони Аврупо дар бораи масдуд шудани бархе сомонаҳоии интернетӣ посух дода ва гуфтаанд, ки масдуд шудани пойгоҳҳои интернетӣ, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, тибқи қонун сурат мегирад.

Муаллифон изҳороти худро бо ин хулоса кардаанд, ки "бо дар назардошти гуфтаҳои боло, алорағми қатъномаи навбатии Парлумони Аврупо, Тоҷикистон танҳо дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ амал мекунад. Бинобар ин, назари шахсии гурӯҳи афроди муайян, ки намехоҳанд ба умқи вазъи воқеӣ бирасанд, боиси пайдо шудани ҳуҷҷати хислати деклоративӣ дошта шуд, ки осемасар таҳия гардида ҳуқуқ, озодиҳо ва амнияти 8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистонро сарфи назар мекунанд.”

Рӯзи 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз ҳуқумати ин кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар 12 аъзои дигари раёсати ҳизбро талаб карданд. Онҳо ҳамчунин хостори лағви парвандаҳои зидди соҳибкор Абӯбакр Азизхоҷаев ва вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов шудаанд.

Вакилони парлумони Аврупо ҳамин тавр, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ ба қонунҳои худи ин кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бруҳони қотеъ собит намояд. Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номидааст.

XS
SM
MD
LG