Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои амн барои сайёҳӣ


Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст. Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кардааст, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, дар бахши «Машваратҳо барои сайёҳӣ» кишварҳои дунёро аз назари бехтариву амният дар чор радда қарор додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бо истифода аз имкониятҳои табииаш сайёҳони бештари хориҷиро ба кишвар ҷалб кунад. Ба ин манзур соли гузашта як ниҳоди наве бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсси дода шуд.

Раддаи чорум кишварҳоест, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намедиҳад, балки ҳушдор додааст, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд. Кишварҳое ноамне мисли Сомалӣ ва Афғонистон дар ин радда қарор доранд. Раддаи севвум “Сафарро бозбинӣ кунед” унвон дорад ва дар ин радда низ кишварҳое шомиланд, ки амният ба пуррагӣ таъмин нест.

Дар мақоми дуввум кишварҳое шомил ҳастанд, ки Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш гуфтааст ҳангоми сафар ба ин кишварҳо “ниҳоят эҳтиёт кунанд”. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда Украина айни замон шомил аст. Раддаи аввал “Чораҳои оддии бехтарӣ” унвон дорад, ки дар он кишварҳое шомиланд, ки амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ таъмин ҳастанд.

Департаменти давлатӣ ба шаҳрвандони Амрико, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, омода он бошанд, ки нозирони БДА дар роҳҳои Тоҷикистон зуд-зуд мошинҳоро ба хотири тафтиши ҳуҷҷатҳо боз медоранд.

Аммо дар идома Департаменти давлатӣ гуфтааст, дар ҳоле ки бархе аз мошинҳо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо зуд- зуд дошта мешаванд, мошинҳои гаронарзиш ва ё бо рақамҳои давлатӣ аз назди милисаҳо ба самти ғайриқонуниии роҳ мошинро тоб медиҳанд ва ё ба чароғаки сурх итоат намекунад. "Милисаҳои роҳ дар Тоҷикистон “бо талаб кардани ришват” аз ронандагони мошин ном баровардаанд", -гуфтааст Департаменти давлатӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бо истифода аз имкониятҳои табииаш сайёҳони бештари хориҷро ба кишвар ҷалб кунад. Ба ин манзур соли гузашта як ниҳоди наве бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард.

Абдукарим Қурбонов, як масъули Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талошҳои давлат барои ҷалби бештар сайёҳон самар дода ва дар соли 2017 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 25 дарсад афзудааст. Ӯ гуфт: "Дар тӯли соли 2017 шаҳрвандони 146 кишвар аз Тоҷикистон дидан карданд. Дар маҷмӯъ шумораи сайёҳон дар ин сол ба беш аз 430 ҳазор нафар расид”.

Ин масъули Кумитаи рушди туризм гуфт, шаҳрвандони Амрико барои сайёҳат дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва шумораи сайёҳони хориҷӣ аз кишвар хеле зиёд аст. Қурбонов гуфт, тибқи маълумотҳои охирин дар соли 2017 беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Амрико ба Тоҷикистон сафар карданд. “Аз ин шумор шаҳрвандони Амрико 2947 нафар ба хотири сайёҳат ба Тоҷикистон омаданд”, иброз дошт Қурбонов.

Ин масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфт, айни замон Тоҷикистон намудҳои сайёҳии варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ этнографӣ, рафтинг ва шикори байналмилалиро рушд медиҳад. Тибқи таҳлилҳои ин кумита, сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG