Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Тоҷикистон сафорати Русияро асабонӣ кардааст


Сафорати Русия дар гузашта ҳам гуфтааст, аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон эътироз кардааст.
Сафорати Русия дар гузашта ҳам гуфтааст, аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон эътироз кардааст.

Сафорати Русия гуфтааст, аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки "алайҳи тоҷикон дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад."

Сафорати Русия дар Душанбе дар як баёнияи ғайримуқаррарии дипломатӣ матбуоти Тоҷикистонро ба “бадном” кардани Русия муттаҳам кардааст. Сафорат бо нашри шарҳе дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, аз гузоришҳои пайвастаи матбуоти Тоҷикистон дар бораи нақзи ҳуқуқ ва ҷиноят алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки "гӯиё алайҳи онҳо дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад."

Аммо ба гуфтаи сафорат, маълум аст, ки аз миёни “якуним ё ду миллион нафар“ аз муҳоҷирони тоҷик, теъдоде аз онҳо ногузир ҳалок мешавад, вале набояд инро “онгуна ки бадхоҳон” дар матбуоти Тоҷикистон мекунанд, кори дасти сартарошидаҳои рус номид. Сафорат омори вазорати умури дохилии Русияро оварда ва гуфтааст, соли 2012, дар қаламрави он кишвар 1700 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар заминаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия 66 парванда боз кардаанд. Сафорат эътироф кардааст, ки бо вуҷуди онки аз соли 2009 шумори ҷиноятҳое, ки тоҷикон дар Русия содир кардаанд, 40 дар сад кам шудааст, аммо ҷиноят нисбат ба онҳо 4 баробар афзудааст.

Айни замон намояндагии дипломатии Русия гуфтааст, одилона нест, фақат дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар навишт ва бо нашри оморе гуфтааст, ки саҳми тоҷикон дар ҷинояткорӣ дар Русия кам нест. Сафорат тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2012 дар Русия 7005 ҷиноят кардаанд, аз ҷумла 59 қатлу 57 таҷовуз ба номус ва 198 роҳзанӣ. Дар ин миён аз ҳама бештар ва 1201 ҷинояти вобаста ба ҳифзу қочоқи маводи мухаддир аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия содир шудааст.

Дар шарҳи баёнияи сафорати Русия дар Душанбе як корбари Фейсбук бо номи Акбар Тиллоев гуфтааст, “Сафорати мӯҳтарам бояд воқеъиятро гуфт. Дар Русия азияту озори ошкори тоҷикон идома дорад, ҳар ҷинояте, ки нашавад, кори тоҷикон медонанд, на шаҳрвандони кишварҳои дигари муштаракулманофеъ, балки тоҷикон. Ҳамаи шабакаҳои саросарии Русия ин хабарро бо иштиқиёти зиёд нашр мекунанд. Масалан, дар бораи қаторҳо се кишварро ном бурданд, вале қатори Тоҷикистонро намоиш доданд.”

Корбари дигари Фейсбук бо номи Алексей Авганов, шарҳи сафоратро бисёр “рӯзмарра” хонда ва навиштааст, "табиист, ки дар миёни муҳоҷирони зиёд ва синну соли гуногун теъдоди аз онҳо мемиранд ва теъдоди ҷиноятҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр ночиз аст. Аммо ин воқеъият аст, ки ҷиноятҳое ба мисли қочоқи маводи мухаддиру, таҷовузи ҷинсӣ, ғорату куштор сабаби напазируфтани тоҷикон аз тарафи мардуми рус мешавад.”

Сафорати Русия дар гузашта ҳам борҳо матбуоти Тоҷикистонро ба “бадгӯӣ” дар ҳаққи Русия муттаҳам кардааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам аз ҳукумати Маскав хостаанд, ба тавҳину носазо гуфтан дар ҳаққи муҳоҷирону ҳукумати Тоҷикистон хотима диҳад, ки “як расми маъмул дар матбуоти русӣ” шудааст.
XS
SM
MD
LG