Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқраи Хушқадам ва биринҷии Акмалиддин дар Ҷоми ҷаҳонии самбо


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд).

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳо 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, нахуст паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард.

Дар ин вазн Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Аймерген Аткунов (Русия) барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Масанори Араки (Ҷопон), ки мақоми севумро соҳиб гашт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми ноябр – паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.

Натоиҷи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Наритаи Ҷопон оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

Вазнито 52 кг

1. Геннадий ЧИРГАДЗЕ (Гурҷистон)

2. Агасиф САМАДОВ (Озарбойҷон)

3. Василий КАРАУЛОВ (Русия) ва Шавкат ҶӮРАЕВ (Узбакистон)

Вазни то 57 кг

1. Вахтанги ЧИДРАШВИЛИ (Гурҷистон)

2. Аймерген АТКУНОВ (Русия)

3. Масанори АРАКИ (Ҷопон) ва Акмалиддин КАРИМОВ (Тоҷикистон)

Вазни то 62 кг

1. Борис БОРИСОВ (Булғористон)

2. Хушкадам ХУСРАВОВ (Тоҷикистон)

3. Йессет КУАНОВ (Қазоқистон) ва Давлатҷон ҲАМРОЕВ (Узбакистан)

Вазни то 68 кг

1. Тумурхулег ДАВААДОРЖ (Муғулистон)

2. Леван НАХУТСРИШВИЛИ (Гурҷистон)

3. ЭмилҲАСАНОВ (Озарбойҷон) ва Мартин ИВАНОВ (Булғористон)

Вазни то 74 кг

1. Амил ГАСИМОВ (Озарбойҷон)

2. Иля ЛЕБЕДЕВ (Русия)

3. Ассилбек АЛКЕЙ (Қазоқистон) ваДесарион БЕРУЛАВА (Гурҷистон)

Вазни то 82 кг

1. Владимир ПРИКАЗЧИКОВ (Русия)

2. Ивайло ИВАНОВ (Булғористон)

3. Ашот ДАНИЕЛЯН (Арманистон) ва Нико КУТСИА (Гурҷистон)

Вазни то 90 кг

1. Алсим ЧЕРНОСКУЛОВ (Русия)

2. Отгонбаатар ЛКАГВАСУРЕН (Муғулистон)

3. Андрей КАЗУСЕНОК (Беларус) ва Давит КАРБЕЛАШВИЛИ (Гурҷистон)

Вазни то 100 кг

1. Дмитрий ЕЛИСЕЕВ (Русия)

2. Ариунердене БАТБАЯР (Муғулистон)

3. Давит ЛОРИАШВИЛИ (Гурҷистон) ва Викторс РЕСКО (Латвия)

Вазни беш аз 100 кг

1. Артём ОСИПЕНКО (Русия)

2. Батмунх ПЕРЕНЛИИ (Муғулистон)

3. Йедил УССЕНОВ (Қазоқистон) ва Юрий РИБАК (Беларус)

XS
SM
MD
LG