Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 59 килограмм бар Ҷерри Кастроверде аз Филиппин ғалаба кард. Баъди силсилаи зарбаҳои нишонраси Шавкатҷон дар раунди панҷум қувваозмоӣ қатъ ёфт ва муштзани тоҷик ба унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth) мушарраф гашт.

Шавкатҷон Раҳимови 22-сола дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ аз 27-уми феврали соли ҷорӣ иштирок мекунад. Вай дар муддати нӯҳ моҳ бо рақибонаш аз Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Филиппин панҷ қувваозмоӣ карда, дар ҳамааш дастболо шудааст. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бо нокаути техникӣ ғолиб омадааст.

Муштзани дигари тоҷик Муҳаммадхӯҷа Ёқубов дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 61 кило рақибаш Николай Бузолинро аз Русия шикаст дод. Дар сонияи 29-уми раунди ҳаштум бинобар бартарии комили муштзани тоҷик қувваозмоӣ қатъ ёфт. Ин ғалабаи чаҳоруми Муҳаммадхӯҷаи 21-сола дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Ӯ аз 22-юми апрели соли равон то инҷониб бо рақибонаш аз Қазоқистон, Арманистон ва Русия чаҳор қувваозмоӣ карда, дар яктоаш бо нокаут пирӯз шудааст.

Боз як муштзани тоҷик Муҳаммад Алиев дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 72 кило бар рақибаш Дмитрий Антипови русиягӣ дар сонияи 51-уми раунди аввал бо нокаут пирӯзӣ ба даст овард. Муҳаммади 20-сола дар бокси ҳирфаӣ аз 5-уми апрели соли 2015-ум то ҳоло се қувваозмоӣ карда, дар ҳарсеаш ғолиб омадааст. Рақиби аввалинаш аз Латвия ва ду нафари дигар аз Русия буданд.

Бояд гуфт, ки ҳарсе муштзани тоҷик айни ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебаранд ва дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ Тоҷикистону Русияро намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG