Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиб, посбон ва... Тоҷикистон киро ба Қатар мефиристад?


Созиши Тоҷикистону Қатар дар бораи муҳоҷират садҳо нафарро барои дарёфти кору маоши муносиб дар ин кишвари арабӣ умедвор кардааст. Тайи ду рӯзи охир чанд корбари Радиои Озодӣ аз мо пурсиданд, ки чӣ гуна худро ба Қатар бирасонанд ва ё дар он кишвар ба чӣ коргар ниёз ҳаст?

  • Мақомот дар посух гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан барои кор дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, соҳаи тиб, муҳандисӣ ва посбонии биноҳо дар Қатар ҷалб карда хоҳанд шуд. Вале онҳо гуфтанд, ин кор фақат пас аз тасвиби созишнома аз тарафи порлумони ду кишвар мумкин хоҳад шуд.
Коргарон тайи се моҳ дар он ҷо давраи озмоишӣ (санҷишӣ)-ро мегузаранд. Агар мувофиқ буд, фаъолияташонро идома медиҳанд, вагарна ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.

Алтернативаи Русия?

Созишнома миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нерӯи корӣ рӯзи 3-юми феврали имсол дар шаҳри Доҳа аз тарафи намояндагони Вазоарти кори ду кишвар имзо шуд, вале ҳанӯз аз тарафи порлумонҳо ба тасвиб нарасидааст. Дар Тоҷикистон камбуди ҷойи кор яке аз мушкили асосист ва солона беш аз як миллион нафар бо умеди дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд.

Солҳои охир бо сабаби осеб дидани иқтисоди Тоҷикистон аз бӯҳрон дар Русия ва бо назардошти паёмадҳои сиёсии вобастагии Душанбе танҳо аз бозори кори Русия, ҳарчи бештар даъватҳо ба “диверсификатсия” ё гуногунҷабҳа шудани самти кори муҳоҷирони тоҷик садо медиҳанд. Созишномаи танзими нерӯи корӣ бо Қатар дар пайи се соли музокира даст дод.

"Се моҳ давраи санҷишӣ мегузаранд"

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо ҳамтои қатарияш Юсуф бин Муҳаммад-ал Усмон Фахру
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо ҳамтои қатарияш Юсуф бин Муҳаммад-ал Усмон Фахру

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъули ҷалби сокинон барои кор дар Қатар – Оҷонси таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар хоҳад шуд, ки дар назди Вазорати меҳнат ва бар асоси тақозои кордиҳандагони Қатар амал хоҳад кард.

Саидасрор Саидов, сардори Раёсати меҳнати Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти созишро шарҳ дод. Ӯ гуфт, мақомоти Қатар барои ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳеҷ квота таъйин накардаанд. "Ҷалби коргарони тоҷик бар асоси тақозои ширкат ва корхонаҳои қатарӣ сурат хоҳад гирифт", - афзуд ӯ.

Саидов гуфт, “бар асоси созишнома, кордеҳ ба шаҳрвандони Тҷоикистон бо пул худ билети ҳавопаймо мехарад. Сокинони мо тайи се моҳ дар он ҷо давраи озмоишӣ (санҷишӣ)-ро мегузаранд. Агар мувофиқ буд, фаъолияташонро идома медиҳанд, вагарна ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ҷониби Қатар квота пешниҳод накард ва гуфт, бар асоси шумораи мутахассисоне, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳод мекунад, иктифо хоҳанд кард.”

Аз маош то бима

Саидасрор Саидов
Саидасрор Саидов

Бар асоси созишномаи танзими нерӯи корӣ, масъалаҳое ба монанди маошу пардохтҳои иҷтимоӣ, бима (суғурта), харҷи сафар ва дигарҳо аз пеш танзим мешавад.

Қатар аз кишварҳои хурди сарватманди арабӣ ва аз Тоҷикистон дар фосилаи 2 ҳазору 400 километр дур воқеъ аст. Аҳолии ин кишвар, ки шумори зиёдашон хориҷиҳо мебошанд, тақрибан 3 миллион нафар аст. Созмони Милали Муттаҳид ин кишварро дар шумули давлатҳое ном мебарад, ки сатҳи зиндагиаш баланд буда, суръати рушди инсониаш ҳам нишондодҳои хуб дорад. Қатар дорои захираҳои бойи гази тибиӣ ва нафт мебошад.

Вале бархе аз тоҷиконе, ки таҷрибаи кору муҳоҷират дар Қатарро доранд, мегӯянд, кор дар ин кишвар чандон осон нест ва пеш аз сафар хоҳишмандон бояд ин вижагиҳоро ба назар гиранд.

Қатар дар соли 2022 мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст.
Қатар дар соли 2022 мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст.

"Ба дуредгарӣ бурданд, сангкашонӣ кардем"

Амирбек Сафаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамроҳи 11 тани дигар дар соли 2003 барои дарёфти кор ба Қатар рафта буд. Вай гуфт, ӯ ва ҳамроҳонаш наҷҷор ё дуредгар буданд ва аз тарафи як ширкати маҳаллӣ ба Қатар даъват шуданд. "Вале баробари ворид шудан ба Доҳа ба мушкил рӯбарӯ гардидем. Моро на ба корҳои ваъдагӣ, балки ба корҳои сиёҳ, аз қабили сангкашонӣ ҷалб карданд", - нақл кард ӯ рӯзи 7-уми феврал.

Амирбек Сафаров афзуд, вақте баҳси онҳо бо кордеҳ ба моҷаро печид, ҳамаашон дар кӯча монданд: “Он солҳо Тоҷикистон сафорат надошт ва мо маҷбур шудем, ки ба намояндагии расмии Русия дар Қатар муроҷиат кунем. Баъд аз ин, ба Бобохон Маҳмадов (мушовири пешини президенти Тоҷикистон) муроҷиат кардем ва нота ба Девони Қатар ирсол шуд. Ҳамон рӯз моро аз Доҳа ба Маскав фиристоданд. Бо дасти холӣ баргаштем.»

Нурулло Маҳмадуллозода
Нурулло Маҳмадуллозода

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло аз тариқи расонаҳо мехонад, ки вазъи муҳоҷирон дар Қатар нисбат ба солҳои пеш рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, низ рӯзи 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷавобгарӣ барои кордеҳ дар Қатар хеле ҷиддӣ ва сангин аст.

"Мақомот пеш аз сафар коргаронро омода кунанд"

"Ҳатто санаи пардохти музди корӣ аз тарафи мақомоти назоратӣ сабт мешавад. Ҳар шартномаи корӣ бо шаҳрванди хориҷӣ низ. Мо созишномаро барои он ба имзо расонидем, ки шаҳрвандони мо дар Қатар ба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд", - гуфт ӯ.

Бозори кор дар Қатар як саҳифаи тозаву нокушода барои шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад. Ба қавли коршиносон, ба фарқ аз Русия, ин кишвари дур вижагиҳои худро дорад, ки ҳар довталаби кор бояд ба он омода шавад. Пеш аз ҳама, надонистани забону фарҳанги маҳаллӣ ва қонунҳост. Чизе, ки бисёр вақт дар Русия ҳам садо медиҳад.

“Мақомоти тоҷик пеш аз фиристодани шаҳрвандон ба кишвари дуру бегона бояд муҳоҷиронро омода кунанд, то ҳуқуқи онҳо поймол нашавад ва тавонанд дар ҷои бегона дар фурсати кӯтоҳ унс гиранд”, - хулоса кард як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Тафсилоти бештари созишнома бо Қатар дар ин ҷост:

Ин мавзӯъ бо вокунишҳои зиёди корбарони Радиои Озодӣ ҳам рӯбарӯ шуд:

Беном:

“Дар 25 сол забони русиро базӯр ёд гирифтем. Қатар монда буд.”

Коргар:

“Барои мо ҳар қадар интихоб бештар шавад, ҳамон андоза хуб аст. Русия намонд, ба Қазоқистонқ Туркия, Корея, Қатар, Саудӣ ва Кувейт меравем. Танҳо аз як кишвар вобаста будан хуб нест.”

Абдулло:

“Хуб аст. Агар муҳоҷирони тоҷик ба Қатару Корея тақсим ва шумораашон дар Русия камтар шавад, шояд баоқадр шаванд.”

Муҳоҷирбой:

“Наход, бечора тоҷик фақат дар кишварҳои дигар мардикор бошад.”

Ман:

“Хуб мешуд ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон ташкил мекарданд. Бигзор бо маоши миёна. Чун ҳам дар ватан ва ҳам дар назди оила... Вале сад афсӯс...”

Авасто:

“Созишномаҳо имзо мешаванду дар ҳаво муаллақ мемонанд. Корея, Қатар, Арабистон... Бачаҳо, аз Русия намонед. Хуб аст, бад аст, як бурда нон ёфта истодаед.”

XS
SM
MD
LG