Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳҳо барои наврасон "тағою хола" омода мекунанд


Мактабҳои олии Тоҷикистон, ки дорои ихтисоси омӯзгорианд, акнун мутахассисони соҳаи томактабиро низ омода мекунанд.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январ ба хабарнигорон гуфт, тамоми мактабҳои олии кишвар, ки дорои ихтисоси омӯзгорианд, вазифадор шудаанд, ба қадри зарурӣ мутахассиси соҳаи томактабӣ омода созанд. Ба қавли ӯ, "мо солҳои охир "тағо"-ю "хола" тайёр накардем. Акнун ба тайёр карданаш шуруъ намудем. Дар сурате, ки дар замони Шӯравӣ ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда, бо роҳхати вазорати маориф ба шаҳри Қӯрғонтеппа ба Донишгоҳи ба номи Носири Хисрав кор рафтам ва иловатан дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба «холаҳо» аз фанни таърих дарс мегуфтам. Дар онҷо дар шуъбаи ғоибона ҳама холаҳо дарс мехонданд. Он солҳо ингуна кадрҳоро тайёр мекарданд. То тайёр шудани мутахассисҳо ҳоло аз нерӯи мавҷуда истифода мебарем."

Вазири маорифи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар сурати ба таври кофӣ омода шудани мутахассисон, мавзӯи аттестатсияи онҳо низ ба роҳ монда мешавад ва аз ин тариқ сифати таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ беҳтар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз аксарияти волидайн аз шароити кӯдакистонҳо, ба хусус ҳирфаӣ набудани кормандони он шикоят доранд.

Дилафрӯзи Анвар, сокини шаҳри Душанбе, модари ду кӯдак аст, ки ним сол боз фарзандонаш ба боғчаи рақами 110-и пойтахт мераванду қариб ҳар рӯз аз шароити номусоиди кӯдакистон ба мудири он изҳори норозигӣ мекунанд. Вале Дилафрӯз мегӯяд, бо ин ҳам вазъ беҳтар намешавад, "қариб ҳар рӯз дояву мураббияҳояшон иваз мешаванд. Ман сабаби инро пурсидам, мудир гуфт, ки маош кам аст, барои ҳамин тоқат накарда мераванд. Кӯдакро фаррош ҳам нигоҳ мекунад, ошпаз ҳам нигоҳ мекунад. Онҳо чою хӯроки кӯдакро медиҳанду аз пайи фаршшӯйӣ ва кору бори худ мешаванд. Бисёр вақт меравам, мебинам, кӯдакҳо диск монда, телевизор тамошо мекунанд. Мегӯянд, ки ба кӯдакҳо забони русиро меомӯзонем, вале онҳо ҷузъитарин чизро намедонанд. Чунки ҳамон духтараке, ки дарс мегӯяд, методи ба кӯдак дарс доданро намедонад."

Феълан ба таъкиди соҳибназарон дар муассисаҳои томактабӣ аксаран онҳое кор мекунанд, ки тасодуфан ва аз ночорӣ ба ин соҳа "афтодаанд". Моҳира Наврӯзова, ки хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ним сол мешавад, дар яке аз боғчаҳо кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ду фарзандаш низ ба ин боғча мераванду бинобар ба хона наздик будани кӯдакистон, фаъолият дар ин боғчаро авло донист. Аммо вай баъдтар фаҳмид, ки кор бо кӯдак, хусусан атфоли томактабӣ муносибати хосро талаб мекунад. "Психологияи кӯдакро ман нахондаам. Албатта, бо кӯдак кор кардан мушкил аст. Дар ҳамин соҳа хонӣ, ба фикрам хубтар аст. Психологияи кӯдакро ҳаматарафа мефаҳмӣ",-мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Нисо Кокова, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ҳамасола то 200-250 нафар мутахассиси педагог - психологи синни томактабӣ ва методистон омода мешаванд ва аз ҳисоби шахсони ғайриҳирфаӣ ҳам бошад, аммо муассисаҳои томактабии кишвар бо кадр таъминанд. Вале ба таъкиди вай то ҳол мураббии мард барои кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон омода намешуд. "Имруз дар муассисаҳои томактабӣ тақрибан мардҳо кор намекунанд. Умуман кор намекунанд гӯем ҳам, хато намекунем. Масалан, мудири кӯдакистон мард нест, мураббия мард нест. Вазири маориф ҳам ҳар бор таъкид менамоянд, ки магар мардҳои мо наметавонанд, кӯдакро тарбия намоянд."

Фирӯза Мадалиева, 18 сол аст, дар яке аз кӯдакистонҳо мураббия шуда кор мекунад. Ӯ, ки хатмкардаи Донишкадаи омӯзгорӣ аст, аз психологияи кӯдак бохабар аст ва аз ин рӯ, мегӯяд, кор бо атфол барояш мушкил нест. Вале бо ин ҳам, ӯ бар ин назар аст, ки дар баробари таҷрибаи кофӣ бояд мураббӣ фаъолияти ҳирфаӣ дошта бошад. Вале бо ин ҳам, ӯ мураббии мардро дар боғча қабул надорад, "дар боғча мард фақат метавонад, роҳбари мусиқӣ ва ё мудир шуда кор кунад. Вале ҳеҷ гоҳ мураббӣ шуда наметавонад. Чунки онҷо духтарон низ ҳастанд ва онҳо бо таҳпӯш мегарданду онҳоро нигоҳубин кардан лозим, барои ҳамин мард-мураббӣ ҳеҷ гоҳ қобили қабул нест."

Бо ин ҳам соҳибназарон ҷалби мураббиёни мард ба кӯдакистонҳоро муассир намедонанд. Зеро ба таъкиди онҳо мушкилоти молӣ дар ин муассисаҳо ҳатто мураббии занро аз фаъолият дар ин муассисаҳо дур мекунад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати маорифи Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро дар бораи муассисаҳои томактабӣ тарҳрезӣ намудааст, ки он баробари омода кардани кадрҳо, бунёди кудакистонҳои замонавиро низ дар назар дорад. Зимнан, дар Тоҷикистон шумораи кӯдакистонҳо ба беш аз 600 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 100 адад зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG