Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо мунтахаби Узбакистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарду бозӣ рӯзҳои 5-6 август дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябри соли равон дар шаҳри Табризи Эрон доир хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо тимҳои миллии Афғонистону Эрон рақобат мекунад.
Мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15-уми октябр оғоз меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16-уми октябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад.
Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми октябр бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбад.
Мунтахаби Узбакистон, ки дар мусобиқаи охирини қаҳрамонии Осиё бо медалҳои нуқра мукофотонида шудааст, дар сабқати интихобӣ бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Непал рақобат хоҳад кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ
Минтақаи ҷанубӣ ва марказӣ. Гурӯҳи «В»
Макон – Табриз, Эрон.
Даври 1-ум
15 октябр (якшанбе)
Афғонистон – Эрон
Даври 2-юм
16 октябр (душанбе)
Тоҷикистон – Афғонистон
Даври 3-юм
17 октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.