Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Кумитаи забони Тоҷикистон ба "Wikipedia”


Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба бахши тоҷикии сомонаи "Wikipedia" ҳушдор додааст, ки хатоҳои имлоии матолибашро ислоҳ кунад. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 2-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сомона аз ду ҳафта ба ин тараф мавриди санҷиши масъулони кумита, қарор гирифт.

Wikipedia” як сомонаи боз ва донишномаи озод аст, ки муаллифи матлабҳои он ҳар нафар метавонад бошад.

Кумитаи забон ва истилоҳот пас аз санҷиши матлабҳои бахши тоҷикии сомомонаи "Wikipedia” гуфтааст, ки ин сомона қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя накардааст. Пас аз санҷиш кумита ошкор кардааст, ки дар чанде аз матлабҳо дар сомонаи "Wikipedia", калимаи "кумак" бо “ӯ”-и дароз навишта шудааст, ки ғалат будааст. Инчунин кумита гуфтааст, истифодаи калимаи “энсиклопедия”, “систем” хато аст ва ба ҷои он калимаи “донишнома” ва “система”-ро бояд истифода кард.

Дар идома Кумита мегӯяд, истифодаи ғалати калимаҳо ва хатоҳои имлоӣ нақзи қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори №458 Ҳукумати Тоҷикистон, ки тибқи он қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ шудаанд, мебошад. Бинобар ин, Кумитаи забон ва истилоҳот хитоб ба масъулони бахши тоҷикии "Wikipedia” гуфтааст, ғалатҳои имлоиро ислоҳ кунанд, вагарна ин ҷавобгарии ҳуқуқиро дар пай дорад.

Ин ҳушдори Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳолест, ки "Wikipedia” як сомонаи боз ва донишномаи озод аст, ки муаллифи матлабҳои он ҳар нафар метавонад бошад. Ин сомона дар маҷмӯъ ба худ ягон ҳайати ноширон ва муаллифони хоссе надорад ва маълум нест, Кумитаи забон ва истилоҳот дар амри ислоҳи хатоҳо, киро мухотаб қарор додааст.

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик.
Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик.

Коршиносон ҳам мегӯяд, ки Wikipedia донишномаи озодест, ки бар асоси манобеи мӯътабар таҳия мешавад ва яке аз чунин манбаъҳо, Қоидаи имлои забон аст, ки муқаррароташ барои ҳама яксон эътибор доранд.

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, нависандаҳои Викитоҷикӣ бояд ин муқарраротро бечуну чаро риоя кунанд ва аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳаққ дорад аз "викинависҳо" дархост кунад, ки матолибро бо қоидаи имлои забони тоҷикӣ, созгор кунанд.

Яъне, имлои "Википедия" бояд бо имлои Донишномаи миллии тоҷик ва дигар фарҳангҳову манобеъ, комилан ҳамсон бошанд. Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари тоҷик, аммо ин, ки имлои забони тоҷикӣ худ мушкилоти дигаре дорад, масъалае дигар аст ва бояд ҳаллу фасл шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG