Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо даъвати қатъи “душмантарошӣ” ҲНИТ ба Э. Раҳмон муроҷиат кард


ҲНИТ дар як муроҷиатнома ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи “сиёсати душмантарошӣ” нисбат ба ин ҳизби мухолифро тақозо кардааст.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як муроҷиатнома ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори “гирифтани пеши роҳи “сиёсати душмантарошӣ” нисбат ба ин ҳизби мухолиф ва ислоҳи “сиёсатҳои иштибоҳӣ”-и идораҳои давлатии Тоҷикистон шудааст.

Дар ин нома, ки шоми 15 июн нашр шуд, аз “фишорҳо, таҳдидҳо, таҳқирҳо ва қонуншиканиҳои ошкору пинҳони мақомоти давлатӣ алайҳи аъзо ва масъулини ҳизб” изҳори нигаронӣ шуда, гуфта мешавад, ки ин ҳама зарурати “дахолати бевосита”-и президент “ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, созмонҳо ва иттиҳодияҳо, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсиро пеш овардааст.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ рӯзи 16 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “матни ин муроҷиатномаро мо рӯзи 15 июн, ҳанӯз як соат қабл аз он ки нашр шавад, расман бурда, ба Қасри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон супурдем. Умедворем, ки расидагие ба ин вазъ аз сӯи раисиҷумҳур хоҳад шуд, вагарна маълум хоҳад шуд, ки ҷаноби Раҳмон низ мисли мақомоти дигараш ба арзишҳои созишномаи сулҳи тоҷикон эҳтироме қоил нест.”

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ.

Аммо коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон ба натиҷаи муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ чандон хушбин нестанд. Онҳо ба айни муроҷиатҳои ин ҳизб ба мақомоти қудратӣ, аз ҷумла ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ёдовар мешаванд, ки мақомот дар ҳарду маврид бо ирсоли як посухи хушк ба ҲНИТ иктифо карданд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр намекунам, ки ин муроҷиат ягон натиҷаи амалӣ диҳад. Ин фишорҳо маълум аст, ки тарҳрезишуда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар садри ҳукумат меистад, гумон намеравад, ки ин ҳама фишорҳо бидуни ризоияти ӯ сурат гирифта бошанд.”

Дар муроҷиатномаи ҲНИТ бо ишора ба пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба созмони ифротии “Давлати исломӣ” гуфта мешавад, “чигуна метавон ба сиёсатҳои мақомоти давлатӣ эътимод кард, ки ин ҳама вақт экстремисту террористи эҳтимолиро дар байни аъзо ва тарафдорони ҲНИТ ва рӯҳониён ҷустуҷӯ мекарданд ва акнун маълум гашт, ки маҳз иқдомоти ғайриқонунӣ ва ғаразноки бархе аз онҳо боиси пайвастани афсарони воломақомашон ба гурӯҳҳои ифротӣ гаштааст?”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин мегӯяд, фишорҳо алайҳи аъзо ва ҳаводорони ҳизб аз соли 2012 ба ин сӯ идома доранд ва “то ҳадде ошкоранд, ки дигар аз чашми мардум ва коршиносони дохиливу хориҷӣ пинҳон намондааст. Ин ҳама таҳқирҳо, фишорҳо, парвандасозиҳои сохта алайҳи масъулин ва аъзои ҳизб, кашида гирифтану тахриби моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзову масъулин, ба хотири эчоди фазои тарсу ҳарос ва ноумедӣ байни аъзо, инчунин заъифу фалаҷ сохтани сохторҳои ҳизбӣ мебошад.”

Мақомоти расмии Тоҷикистон вуҷуди кадом маъракаи барномарезишуда алайҳи ҲНИТ-ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо бархе бо ишора ба собиқаи ин ҳизб ва нақшаш дар ҷанги шаҳрвандӣ мегӯянд, ҳукумат аз тарафи ҲНИТ ҳамеша эҳсоси хатар мекунад. Ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ шудани чанд нафаре, ки дар Сурия ҷангидаанд, бо ҷурми ҳамдастӣ ба гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ дар водии Рашт дастгир шудани вакили ин ҳизб дар маҷлиси ноҳиявии Рашт Ҳусниддин Давлатов ба ин нигарониҳо, албатта, меафзояд.

Абдураҳим Каримов
Абдураҳим Каримов

Мулло Абдураҳим Каримов, яке аз фаъолони собиқи ин ҳизб, ки дар як соли охир чандин аз давлат бастани ҲНИТ-ро тақозо кардааст, рӯзи 16 июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Коре ки аз соли 1992 сар шуд, ҳамин қадар қатлу куштор шуду занҳо бева шуданд, сабаби ҳамаи ин ҲНИТ буд. Зарараш ошкор аст. Имрӯз ҳам хатар дорад, чунки ҳар чизе ки дар аввал хатар дошт, то охир хатар дорад. Коре ки мекунанд, ин фишор ба ҲНИТ нест, ба мардум фаҳмондани ҳақиқат аст, ки дар назари онҳо фишор метобад. Бояд таърифашон кунӣ, бигӯӣ, ки қанд занед, ки аз соли 1992 мухолифат карда истодаед, бигӯӣ, ки сулҳро шумо кардед.”

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро то 45 000 нафар ҳисоб мекунад, баъди ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон бузургтарин ташаккули сиёсӣ дар ин кишвар маҳсуб мешуд. Ин ҳизб як мӯҳраи асосӣ дар ҳайати Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки соли 1997, баъди 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон сулҳ баст ва дар иваз дар ин ҳукумат 30 фоизи курсиҳоро соҳиб шуд.

Дар се интихоботи қаблии порлумонӣ – солҳои 2000, 2005 ва 2010 – ҲНИТ соҳиби ду курсӣ дар парлумон шуда буд, вале дар интихоботи парлуумонии 1 марти соли 2015 ҲНИТ, бар асоси натиҷаҳои расмии эълоншуда, бори аввал натавонист садди 5-дарсадӣ барои роҳ ёфтан ба Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро убур кунад.

Дар ду соли охир дар матбуот, бахусус дар Интернет як силсила мақолаҳо ва наворҳои видеоӣ нашр шуданд, ки дар он аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ ба амалҳои террористӣ, ифротгароӣ ва амсоли ин айбдор мешуданд. Ҳамчунин дар Интернет чандин навори видеоии фаҳш нашр шуд, ки дар он лаҳзаҳои зино ва алоқаҳои ҷинсии афроде нишон дода мешуд, ки ба талқини ноширонаш, аз ҲНИТ мебошанд.

Рӯзи 16 июн, ҳамагӣ як рӯз баъд аз нашри муроҷиатномаи ҲНИТ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати ин кишвар – матлабе бо номи “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” ба чоп расид. Муаллифи ин матлаб Анвари Комил бо барчидани рӯйхати иншооте, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ба ақидаи муаллиф, “ғайриқонунӣ” хусусӣ гардондааст, ҳамчунин навиштааст, ки “тибқи ахбори як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ, тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд.”

Муҳиддини Кабирӣ баъди интихоботи порлумонии 1 март дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG