Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мақомоти Эронро ба нишасти об даъват кард


Тоҷикистон раёсати ҷумҳури Эронро ба ширкат дар Конфронси байналмилалии "Об барои рушди устувор, 2018-2028" даъват кард. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ рӯзҳои 20-22 июни соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба иттилои хабаргузории эронии ИСНА, дар ҳошияи нишасти байналмилалии "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки дар Ню-Йорк идома дорад, мулоқоти вазирони энержии Эрон ва Тоҷикистон Ризо Ардакиён ва Усмоналӣ Усмонзода, ки ҳамзамон раисони комиссияҳои муштараки ҳамкориҳои ду кишвар мебошанд, баргузор шудааст.

Усмоналӣ Усмонзода аз рушди ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла мушорикати ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон истиқбол кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ду ҷониб ба рушди ҳамкориҳои муштарак дар қолаби комиссияҳои муштараки ҳамкориҳо ба раёсати ду вазир дар заминаҳои мухталиф, таъкид карданд. Ҳамзамон ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки нишасти ояндаи ин комиссия дар авохири тобистони соли ҷорӣ дар Эрон баргузор шавад.

Ба навиштаи ИСНА, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ин мулоқот аз раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати энержии Эрон даъват кардааст, ки дар ҳамоиши ҷаҳонии об, ки тобистони имсол дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки вазири энержии Тоҷикистон аз шахси президенти Эрон барои ширкат дар ин ҳамоиш даъват ба амал овардааст ва ё мақомоти дигари раёсати ҷумҳури он кишвар. Мақомоти дигари расмии Тоҷикистон ва Эрон ҳам то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд.

Президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар тӯли шаш соли фаъолияи худ ба унвони раиси ҷумҳури Эрон, ҳамагӣ як бор ва он ҳам соли 2014 барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба Тоҷикистон сафар кардааст. Дар ин муддат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ягон дафъа ба Эрон сафар анҷом надодааст.

Ин дар ҳолест, ки дар замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, равобити ду кишвар дар сатҳи боло қарор дошт ва руасои ҷумҳури ду кишвар борҳо ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буданд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молии Эрон бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон бунёди нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.​

XS
SM
MD
LG