Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пасманзари моҷарои марбут ба иттиҳоми асардуздии олимону мақомоти тоҷик, ки аз пойгоҳи интернетии "Диссернет" бархост, гурӯҳи корӣ таъсис дода, асарҳои ба истилоҳ копишуда ва ё"дуздидашуда"-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Моҷарои "диссернет"
Тайи як моҳи ахир "Диссернет" - як пойгоҳи хусусӣ дар Русия, рисолаҳои илмии бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дода, исми тахминан 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудаанд.
Бархе донишмандон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.
Барномаи вижаи компютерӣ мутобиқати матнҳои донишмандони муттаҳам ба асардуздиро бо матнҳои муаллифони аввалаи онҳо муқоиса карда, мавридҳои нусхабардорӣ шудани матнҳоро ҳам собит кардааст. Моҷарое, ки ба матбуот роҳ ёфт, тайи ҳафтаҳои охир яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.
"Диссернет" як пойгоҳи озоди донишмандону муҳаққиқони ихтиёрӣ буда, вуҷуди плагиат ё асардуздиро дар корҳои таҳқиқотии илмиву докторӣ месанҷад, бо Комиссиюни олии аттестатсионии вазорати илми Русия ё ВАК рабте надорад. Маҳз ҳамин комиссиюн масъулияти тақдими унвони илмиро ба донишмандон, аз ҷумла олимони тоҷик ба ӯҳда дорад.
Вале пахши матолиби дуздидашудаи илмӣ пеш аз ҳама ба обрӯи муаллифон зарба мезанад ва қонунмандии унвони илмии онҳоро зери суол мебарад. Бархе мунаққидон мегӯянд, иттиҳоми на камтар аз 30 донишманду мақоми баландпояи тоҷик дар асардуздӣ на танҳо ба шахсияти онҳо, балки ба обрӯи илми тоҷик ҳам таъсири манфӣ расонд.
Ҳоло вазорати Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, мутаххассисони Пажуҳишгоҳи рушди маъориф, Бахши иноватсияи Академияи илм ва рушд ва дигар ниҳодҳои таҳқиқотӣ иттиҳоми дар "Диссернет" нашршударо мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Зиёӣ Хуршед, раиси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илми назди вазорати маориф рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "ман узви ҳамин гурӯҳи корӣ ҳастам ва феҳрасти ному насаби 30 олими тоҷик дар дасти мо мебошад ва ҳаматарафа муқоиса намуда, мушаххас карда хоҳад шуд, ки оё воқеан ҳолати копибардорӣ ё ба истилоҳ дуздӣ ҳаст ё не".
Аъзои гурӯҳи корӣ мегӯянд, онҳо бар асоси манбаъҳо ва сарчашмаву адабиёте, ки дар рисолаҳои илмӣ истифода шудаанд, варақгардон ва мушаххас мекунанд, ки то кадом андоза аз рисолаҳои илмии олимони дигар нусхабардорӣ шудааст.
Зиёӣ Хуршед афзуд, азбаски масъала нозук аст, санҷиш дақиқ бояд сурат гирад. Ӯ нагуфт, ки дар навбати аввал кори илмии кадом олимон мавриди санҷиш қарор дорад, аммо гуфт, ки натиҷаи санҷиш рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май эълон хоҳад шуд.
Мансабдорони тоҷи дар феҳристи "Диссернет"
ВАК-и Русия тақрибан як моҳ қабл рӯзи 4-уми апрел ба раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки фошкориҳои ахири созмони “Диссернет” ба онҳо рабт надорад ва ин ҳукми ниҳоӣ нисбат ба олимони тоҷик нест.
Дар миёни онҳое, ки пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ ё плагиат муттаҳам кардааст, аз ҷумла ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури кадрҳо Асадулло Раҳмонзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик” Аслӣ Назаров, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқ Нарзулло Амиров, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Шоҳин Саидов ва чандин мудири кафедраҳои илмии мактабҳои олии Тоҷикистон низ ҳастанд.
"80 дар сади маводи кори илмиам нотакрор аст"
Аз ин гурӯҳ рисолаи ду олими тоҷик - Зафар Тайфуров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Назрулло Амиров - доктори илмҳои иқтисодӣ ва намояндаи мардумӣ дар парлумони шаҳри Душанбе, бар пояи шикояти ин ҷамъият дубора мавриди муҳокима қарор гирифт ва бо тасмими шӯроҳои дифоъ ин ду нафар аз унвони илмӣ маҳрум шуданд.
Нарзулло Амиров, собиқ раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзӣ ва ҳоло муовини раиси ин ниҳод соли 2014-ум дар мавзӯи «Рушди чорвопарварии гӯштӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Нозирони пойгоҳи «Диссернет» дар вебсайти худ навиштаанд, ки дар асл Амиров матни рисолаашро аз асари олими рус Н.З.Гончарова, ки ҳанӯз соли 2008-ум таълиф шудааст, нусхабардорӣ кардааст. Ин пойгоҳ навиштааст, ки Амиров дар рисолааш калимаҳои «Россия»-ро ба «Таджикистан» иваз карда, ибораҳои «российский рынок мяса»-ро ба «таджикский» иваз карда, боқӣ маълумотро бетағйир гузоштааст.
Амиров дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 19-уми март ин ҳодисаро “як сӯитафоҳум” номид ва гуфт, ки "80 дар сади" маводи кори илмиаш “нотакрор аст”. Айни замон, Зафар Тайфуров гуфт, ӯ як олими унвондор аст ва касе ҳақ надорад унвонашро аз ӯ бигирад. Вай дар сӯҳбати мухтасараш бо Радиои Озодӣ гуфт: "Унвони илмиро ба ман ВАК-и Русия додааст ва танҳо ин идора метавонад маро аз унвон маҳрум кунад. Тамом!".
"Бизнеси илм" дар Тоҷикистон?
Дар ҳоле, ки моҷарои марбут ба асардуздии эҳтимолии донишмандони тоҷик дар баробари баҳсу баррасиҳо ба як мавзӯи суолу ҷавобҳои мақомоти илм ва академи тоҷик бо Комиссиюни аттестатсионии Русия шудааст, вуҷуди таҷрибаи асардуздиро дар соҳаи илм бархе донишмандони номдор тасдиқ мекунанд.
Аз ҷумла, Акбари Турсон, академики тоҷик, ки дар ин замина назари интиқодӣ дорад, гуфт, дар кишвар ҳоло "бизнеси илм" арзи вуҷуд кардааст. Ба қавли ин академики тоҷик, “бозори сиёҳи рисоланависонӣ ва диссертатсияхарӣ кайҳо тафсидааст. Олимонеро медонам, ки корашон таҳрири илмӣ ё забонии рисолаҳои номзадию доктории хому хаталаи олимшавандагон мебошад. Инҳо зуҳуроти падидаи куллитаре мебошанд, ки ман онро "коррупсияи маънавӣ" унвон мекунам.”
Дигар донишмандон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.