Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 4 июн нашр шуд, бо 173 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ чаҳор зина боло рафт ва ҷойи 139-умро касб кардааст.
Мунтахаби Олмон дар ин феҳрист мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия ба ҷойи дувум баромад. Мунтахаби Аргентина ба ҷойи севум фуромад. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай, Фаронса ва Испания дохиланд.
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё панҷ зина боло шуд (ҷойи 17-ум). Дар ин қора Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 41-ум), Ҷопон дар ҷойи дувум (52) ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи севум (58) мебошанд.
Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон мисли пешин дар зинаи 13-ум буда, аз Туркманистон (173) ва Қирғизистон (177) боло ҷой гирифтааст.
Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 63-юм, Урдун – ҷойи 103-юм, Бангладеш – ҷойи 166-ум, Қирғизистон – ҷойи 177-ум.
Ёдовар мешавем, бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.
Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 4 июн нашр хоҳад шуд.