Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар шохиси сулҳ "лағжид", вале босубот монд


Дар ҳамсоягӣ бо ноамнтарин кишвари ҷаҳон, Тоҷикистон имсол дар як шохиси байналмилалии сулҳ мақоми 107-умро гирифта ва ҳамчунон дар байни кишварҳое мондааст, ки суботу амнияти миёнаро доранд.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ, ки низоъу ноамнӣ дар ҷаҳонро таҳлил мекунад, рӯзи 10-уми июн Шохиси Байналмилалии Сулҳро нашр кард, ки нишон медиҳад, Тоҷикистон дар ин шохис назар ба соли 2019 ду зина поин лағжидааст. Дар он сол кишвар дар зинаи 105-ум буд.

Бо вуҷуди аломатҳо аз таназзули пояҳои суботу амн, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам “босуботтар” аз Туркманистону Озарбойҷон аз ҳамсоягони наздиктари худ будааст. Шохиси мазкурро бо таҳлили омилҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ, сатҳи ҷурму ҷиноят, тамоюлҳо ба ошӯбу шуриш, робитаҳои байналмилалӣ таҳия мекунанд ва имсол замоне нашр карданд, ки пандемияи COVID-19 зиндагии маъмулии ҷаҳонро ба ҳам зад ва иқтисоди ҷаҳониро аз ҳаракат ба пеш боздошт.

Муаллифони шохис гуфтаанд, ки “пайомадҳои иқтисодии COVID-19 ба суботи сиёсӣ, робитаҳои байналмилалӣ, муноқишаҳо, ҳуқуқи маданӣ таъсири манфӣ гузошта ва ҳосили пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодии чанд соли гузаштаро аз байн мебарад.”

Стив Киллелеа, муассиси Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ
Стив Киллелеа, муассиси Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ

Стив Киллелеа, муассиси Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ, ки дар Австралия қароргоҳ дорад, мегӯяд: “Танишҳои асосии як даҳаи гузашта дар бораи низоъҳо, мушкилоти муҳити зистӣ, кашокашҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчунон мондаанд. Ғолибан пайомадҳои иқтисодии COVID-19 ин танишу кашокашҳоро зиёд мекунанд, чун бекорӣ меафзояд, нобаробарӣ зиёд ва шароити корӣ бадтар мешавад. Ин ҳама сабаби безорӣ аз низомҳои сиёсӣ ва нооромиҳои оммавӣ мешавад.”

Оқибатҳои бадтар аз беморӣ?

Дар воқеъ Тоҷикистон, ки ҳоло бештар аз 4700 гирифтори COVID-19-ро сабт карда ва бо эпидемияи бемории нав даст ба гиребон аст, таъми талхи пайомадҳои иқтисодии густариши коронавируси навро аз моҳи март аст, ки эҳсос мекунад. Бастани марзҳо, қатъи парвозҳои байналмилалӣ, кам омадани пули муҳоҷирон аз Русия, Тоҷикистонро аз даромадҳои зиёде маҳрум кард.

Интиқоли пул дар моҳҳои марту апрел аз Русия ба Тоҷикистон 80 миллион доллар коҳиш ёфт ва буҷа имсол то 400 миллион доллар камомад дорад. Ҳукумат барои харҷҳои иҷтимоӣ аз муассисаҳои байналмилалии молӣ қарз хост ва гирифт.

Муслим Бӯриев, таҳлилгари тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран оқибатҳои бади иқтисодии COVID-19 барои Тоҷикистон ба зудӣ ҷуброн намешавад, чун ба худи кишвар рабт надорад. Ӯ ба Радиои Озодӣ навишт: “Зарарҳои иқтисодии асосӣ, ки кишвар мебинад, ба сабаби вазъи ногувори муҳоҷирони корӣ дар Русия аст. Зарба ба иқтисоди Тоҷикистон ҷиддӣ ва дарозмуддат мешавад. Ҳама ба он вобаста аст, ки то чӣ ҳад соҳибкории хурду миёна дар Русия эҳё мешавад. Омили дувум, тағйири сиёсати муҳоҷиратии Русия баъди поён ёфтани пандемия аст. Интизор меравад, ки чораҳои амниятиро тақвият медиҳанд, аз ҷумла назорати онҳое, ки ба Русия меоянд, сахттар мешавад. Чунин тамоюлро дар тамоми дунё интизор бояд дошт. Дар чунин ҳол Тоҷикистон шоҳиди коҳиши пулҳои интиқолӣ аз Русия хоҳад буд. “

Ба гуфтаи таҳиягарони Шохиси Байналмилалии Сулҳ, бо идомаи чунин талотумҳои иқтисодӣ, баръакси кишварҳои сарватманд, мамолики муҳтоҷ ба кумак ва қарздор ба мисли Тоҷикистон бештар “ранҷ мекашанд” ва мумкин аст, сутунҳои суботи он “ларзонак” шавад. Дар воқеъ, нотавонӣ ва таъхир дар кумак ба мардуми аз сел осебдида дар ноҳияи Хуросон буд, ки моҳи гузашта даҳҳо нафар бар хилофи интизороти мақомот даст ба эътироз заданд ва як шоҳроҳро бастанд. Коре, ки дар Тоҷикистон бисёр кам дида шудааст ва эътирозро таҳлилгарон як дилсардӣ аз ҳукумат хондаанд. Дигар ин ки ҳукуматро чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешон, нақзи ошкори ҳуқуқи динӣ, озодии баён, аз саҳна рондани мухолифони сиёсӣ, фасоди густурда, тамаркузи ҳукумат дар дасти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш пайваста танқид мекунанд.

Сулҳи мусбат ва сулҳи манфӣ. Тоҷикистон кадомеро дорад?

Ба гуфтаи Стив Киллелеа, муассиси Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ: “COVID-19 ба субот дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад, чун кишварҳо дар таъмини сулҳу амният комилан чораҳои гуногунро меандешанд. Ин баёнгари қудрати вирус аст, ки пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодии солҳои гузаштаро бесамар сохта, бӯҳронҳои башариро бадтару амиқтар мекунад ва нооромиву муноқиша бармеангезад.”

Зимнан дар Шохиси Байналмилалии Сулҳ дар соли 2020 тамоюли афзояндаи авҷ гирифтани нооромиҳои иҷтимоиро зикр карда ва гуфтаанд, ки 58 дар сади кишварҳо дар соли 2019 шоҳиди тазоҳуроту исёнҳои хушунатомез шудаанд. Зоҳиран биму тарс аз афзоиши норизоятии мардуми аксаран бекор дар Тоҷикистон аст, ки телевизионҳои давлатӣ батакрор саҳнаҳои хунини ҷанги харобиовари дохилиро намоиш дода ва ба ҳифзи суботу амният таъкид мекунанд, ки ду даҳа аст, дар Тоҷикистон ҳукмфармост.

Муаллифони шохиси байналмилалӣ сулҳро ду навъ табақабандӣ кардаанд, яке сулҳи манфӣ ва дувумӣ сулҳи мусбат. Сулҳи манфӣ “осоиштагӣ бидуни зӯроварӣ ва ё тарс аз зӯроварӣ” аст, ки на ҳамеша ба ҷомеаи босубот, дорои ҳамбастагӣ ва шукуфо мерасонад. Дуввумӣ сулҳи мусбат, ки мардум дар симои сохторҳои давлатӣ, шароити муносибу таъмини ҳуқуқу озодиҳо, ҷомеаеро мебинанд, ки дар он сулҳ ҳамеша пойдор мемонад.

Зоҳиран Исландия аз ҳамингуна кишварҳост, ки аз соли 2008 то кунун дар Шохиси Байналмилалии Сулҳ ҳамчун амнтарин кишвари дунё боқӣ мондааст. Ноамтарин кишвари дунё ҳам Афғонистон, ҳамсояи Тоҷикистон аст, ки дар мақоми 163-ум ва пас аз Сурияву Ироқ омадааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG