Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки аз Google андоз ситонад


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, аз ҳукумати кишвар хостааст, ки сомонаҳои бузурге чун Google, Алибобо Груп ва Телеграмро бояд андоз бандад. Давлатзода дар номаи худ, ки моҳи сентябр ба президенти Тоҷикистон навишта шуда, охири ҳафтаи ҷорӣ расонаӣ гардид, дар ин маврид ба таҷрубаи, ба қавли ӯ, босамари Русия ишора кардааст.

Ба қонуни андоз ворид кардани талабот оид ба нигоҳ доштан ва ба буҷет гузарондани андозҳо аз хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани андоз аз Интернет, ба мақсад мувофиқ мебошад
Нусратулло Давлатзода

Вай гуфтааст, “баъди ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хидматрасонаҳои электронӣ дар Русия, ки аз тарафи Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайра расонда мешавад, дар семоҳаи аввали имсол ба буҷети давлатии он кишвар 2 миллиард рубл ворид шудааст.”

Раиси Кумитаи андоз афзудааст, қонунгузориҳои кишвар дар ин маврид ба ислоҳот ниёз доранд ва изҳори умед карда, ки дар сурати андозбандии Гугл ва ширкатҳои дигари интернетӣ буҷет фоидаи бештар хоҳад дид.

“Зарурат ба миён омадааст, ки барои ба танзим даровардани амалиёт дар интернет чораҳои дахлдор андешида шавад. Ҳамчунин, ба қонуни андоз ворид кардани талабот оид ба нигоҳ доштан ва ба буҷет гузарондани андозҳо аз хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани андоз аз Интернет, ба мақсад мувофиқ мебошад”, - таъкид кардааст ӯ.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Тайи солҳои ахир бори дувум аст, ки мақомоти тоҷик хостори андозбандии ширкатҳои бузурги интернетӣ мешаванд. Чанд соли қабл Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар пайи қатъи дастрасӣ ба Фейсбук гуфта буд, раҳбарияти ин ширкат бояд ба назди ӯ ҳозир шуда, барои фаъолияташ андоз бисупорад.

Як коршиноси соҳаи иқтисод дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин пешниҳодҳо на фақат ба буҷет фоида намеоранд, балки ба обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилал зарба хоҳанд зад.

Ӯ гуфт, “Гугл аз Тоҷикистон чандон даромаде намебинад. Фоидааш шояд мисли қатрае аз баҳр бошад. Почта, хадамоти тарҷума, браузер, Ютуб ва диски Гугл бепул аст. Ман ин мантиқро намефаҳмам, ки мақомдорони мо аз Гугл чӣ мехоҳанд? Яъне, барои хадамоти бепулаш Гугл бояд андоз диҳад?”

Ин ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт, аммо талаби андоз аз фурӯшгоҳҳои интернетӣ то ҷое мантиқист ва ин ҳолат дар ҷаҳон таҷруба мешавад. Ӯ гуфт, “дар ин маврид ҳам ду чиз бояд мушаххас шавад. Аввал инки одамон молро як намуна барои истифодаи худ фармоиш додаанд, ё сад намуна барои фурӯш. Агар барои фурӯш аст, он вақт хислати тиҷоратро мегирад ва бояд боҷу андоз ситонда шавад. Аммо вақте одам барои худаш як молро аз тариқи фурӯшгоҳҳои интернетӣ фармоиш додааст, нодуруст аст, ки аз он боҷу андоз гирифта шавад.”

Пешниҳоди Нусратулло Далвтазода барои як навъ пур кардани буҷет дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети кишвар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 212 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид гашта, нақшаи андози иҷтимоӣ низ ба пуррагӣ иҷро нашуд. Ба ин сабаб охири моҳи ноябр Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бинобар ба таври зарурӣ “иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” танбеҳ гирифтанд.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин нома рӯзи 2-юми октябри имсол ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон расида, раиси Кумитаи андоз ҳанӯз ба номаи худ ҳеч посухе нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG