Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2015


Рӯзи 4 декабр дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои мавсими соли 2015 баргузор шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар як маросими ботантана, ки рӯзи 4 декабр дар Душанбе, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси», доир шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2015-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Дар ин маросим нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими имсола гузориш дод. Дар гузориш, аз ҷумла зикр шуд, ФФТ соли равон корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овард.

Имсол ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд.

Соли 2015 мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 ҳамагӣ шаш бозӣ анҷом дод, ки сетоаш дар майдони худ буд.

Дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) имсол дар Душанбе бозиҳо бо ширкати бошгоҳҳои футбол аз Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 мушарраф шуд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт.

Дар ин маросим ба тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе бо медалҳои тилло, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои нуқра ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ мутаносибан медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ супурда шуд.

Дар ин маросим, инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои ФФТ тақдим гашт. Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, бо ду ҷоиза - “Беҳтарин бозигари соли 2015” ва “Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ” (22 гол) - мукофотонида шуд. Никола Стошич (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабони сол ва Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, беҳтарин мураббии сол эътироф гаштанд.

Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ дар риштаҳои футбол ва футзал ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Дар ин маросим Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015-ро табрик гуфт ва барояшон дар мавсими соли оянда барори кор ва комёбиҳо орзу кард.

XS
SM
MD
LG