Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Турсунзода як навраси 16-соларо кушт. ВИДЕО


Ин сел дар рӯдхонаи Элок дар ноҳияи Файзобод аст.

Дар натиҷаи борони сахти субҳи 21-уми апрел ва омадани сел дар ноҳияи Турсунзода як навраси 16-сола ба ҳалокат расидааст.

Фоҷиа дар наздикии деҳаи Баҳористон ба вуқуъ пайвастааст ва сокинони маҳалла ва наҷотбахшон ҷасади Азизбек Қуловро пайдо карда ва ба волидонаш супурдаанд.

Яке аз ҳамдеҳагони Азизбек имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, “Азизбек саҳар чорвои хусусиашонро барои чарондан ба адир мебурдааст, ки сел омада ва уро бурдааст.”

Дар ҷамоати “Сешанбе”, ки деҳаи Баҳористон ба он шомил аст, хабари марги Азизбекро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки дар натиҷаи фалокати табиӣ дигар касе осеб надидааст.

Азизбекро, ки як бародараш дар муҳоҷират аст, имрӯз дар оромгоҳи деҳа дафн кардаанд.

Оби ғализи гилолуд дарахтҳо шикаста ва ба роҳу кучаҳо ҷорӣ шудааст, аммо мардум ва ё моликияти онҳо осеби зиёд надидааст. Яке аз сокинони деҳаи “Асбоб” аз ҷамоати “Работ” видеоеро ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, оби гилолуд аз дохили кӯчаҳо ҷорӣ мешавад.

Сел дар деҳаи "Асбоб" дар ноҳияи Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел ҳушдор дод, то охири моҳ хатари боронҳои сел ва тарма зиёд боқӣ мемонад. Дар баёнияи кумитаи омадааст: “Бориши шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабабгори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимоли ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад.”

Дар се моҳи охир дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз ин миён 12 селу тарма ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расонидаанд.

Агар хонаи шумо ҳам агар осеб дид ва ё шоҳиди ҳодиса будед, лутфан ба мо тамос гиред ва ба ин шумора + 420 724 053 959. Вотсапп, Телеграм, Вайбер ва ё ИМО

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG