Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад, ҳудуди 1 миллиард доллари дигар қарз гирад. САДО


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, дар се соли оянда аз кишвару созмонҳои хориҷӣ ҳудуди як миллиард доллари дигар қарз бигирад. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон ба тақрибан 2 миллиарду 900 миллион доллар ва ба беш аз 35 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. Агар қарзи ҳозираи Тоҷикистонро ба сари аҳолии кишвар тақсим кунем, пас, ҳар шаҳрванд каме беш аз 318 доллар аз созмону кишварҳои хориҷӣ қарздор аст. Коршиносон мегӯянд, аз рӯйи меъёрҳои қарзгирӣ Тоҷикистон ба хатти сурх наздик шудааст ва бояд дар фикри баргардондани пулҳои гирифтааш бошад. Мақомот пайваста гуфтаанд, ки имкони бозгардондани қарзҳоро доранд ва ҷое барои изтироб нест.

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи нави қарзи хориҷӣ барои соли 2020 ва дурнамо барои солҳои 2021 ва 2022-ро қабул кардааст. Нусхаи он рӯзи 18-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Дар ин санад, ки бо қарори ҳукумат ва имзои президент Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, гуфта мешавад, Тоҷикистон ният дорад, соли 2020 беш аз 220 миллион доллар, соли 2021-ум 336,48 миллион доллар ва соли 2022-юм 365,31 миллион доллар аз хориҷа қарз гирад.

Дар ин санад гуфта нашудааст, ки кишвар аз кадом давлатҳо ва ё созмонҳо бештар қарз гирифтанист, аммо ҳоло Тоҷикистон беш аз ҳар созмон ва ё давлати дигар аз Чин қарздор аст. Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон беш аз нисфи қарзи хориҷӣ (52 дарсад) ё 1 миллиарду 525 миллион доллари он аз Чин аст. Бештари қарзҳоро ба Тоҷикистон "Эксимбонк" -- бонки давлатии содироту воридоти Чин -- додааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, муҳлати бозгардондани қарзҳои "Эксимбонк" аз 20 то 25 сол аст ва баҳраи солонааш аз 1,5 то 2,5 дарсад.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 ба чанд миллиард $ мерасад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим

Бархе аз таҳлилгарон зиёд будани қарзи Тоҷикистонро аз Чин хатарзо арзёбӣ мекунанд, "чун кишвар вобастаи як давлат мешавад". Сэм Паркер, муҳаққиқи амрикоӣ, дар оғози моҳи ноябри имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар Тоҷикистон саривақт ин қарзҳоро бозгардонда натавонад, он гуна ки истихроҷи чандин кони тило ва нуқра ба Чин дода шуд, ҳамин намуна ба одат табдил хоҳад ёфт. Дар натиҷа фоидаи ин захираҳо на ба Тоҷикистон, балки ба Чин мерасад."

Вале Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, моҳи августи имсол дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба ин монанд иддаоро рад карда ва гуфта буд, "ба ҷалби маблағҳое, ки бо имтиёз дарёфт мегарданд, ҳавасмандем. Имрӯз кулли кишварҳо аз имкониятҳои молиявии созмонҳо ва кишварҳои доро истифода мебаранд."

Созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилали Пул "риск"-и қарзи хориҷии Тоҷикистонро баланд хонда, гуфта буданд, ки бозгардондани қарзу баҳраи онҳо барои буҷаи Тоҷикистон сарбории калон шудаанд.

Афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон мардумро нигарон кардааст, ки рӯзе ин бори гарон ба дӯшашон наафтад. Мақомот ҳамеша дар посух ба ин нигарониҳо бо хушбинӣ посух додаанд, аммо айни замон гуфтаанд, барои боз ҳам баланд нашудани андозаи қарзи хориҷӣ тасмим доранд, аз созмон ё кишварҳои хориҷӣ бештар маблағҳои грантӣ дарёфт кунанд. Маблағҳои грантӣ ёрии молиявии бебозгашт ҳастанд.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, созмону кишварҳо дар ивази қарзҳои боимтиёз аз Тоҷикистон ислоҳот металабанд, ки мақомот ба қабулу иҷрои он омода нестанд.

Ӯ афзуд: "Маъмулан созмонҳои байналмилалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёи Рушд метавонанд ба Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи камтар ва ё ҳатто бефоиз бидиҳанд. Онҳо дар иваз шартҳои худро доранд ва мехоҳанд Тоҷикистон ислоҳот гузаронад. Ин гуна шартҳои ислоҳот ба мансабдорони тоҷик чандон писанд намеояд. Аз ин рӯ, онҳо ба қарзҳои Чин рӯ меоранд, ки ягон пешшарт надорад. Аммо дар дарозмуддат бинобар баланд будани баҳраашон амнияти молии кишварро ба хатар меандозанд."

Қарзҳое, ки Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бунёди кишварҳои содиркунадаи нафт – ОПЕК, Бунёди Кувайтии Рушд, Бунёди Саудии Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо гирифтааст, муҳлати пардохташ ба маротиб тӯлонитар ва баҳрааш аз қарзҳои бонки Чин дида камтар будааст. Ин созмонҳо ба Тоҷикистон ба муҳлати аз 20 то 40 сол бо баҳраи солонаи 0,75 то 2 дарсад қарз додаанд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, қарзҳои хориҷиро бештар дар соҳаи маориф (беш аз 77 дарсад) ва баъдан дар соҳаи роҳу нақлиёт (11 дарсад) харҷ кардаанд. Бо ин ҳол, дар ҷомеа шубҳаҳо дар бораи шеваи харҷи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG