Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистонро чӣ рӯзҳое дар пеш аст? Пешбинии ду бонк ва чораи ҳукумат


Намояндагии яке аз бонкҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Хуруҷи коронавирус боис шуд, ки дар оғози мавсими имсолаи баҳорӣ муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қатъ гардад. Муҳлати манъи сафари хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикон, ба Русия то 1-уми май муайян шудааст, аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки хуруҷи коронавирус дар ин кишвар то чӣ ҳад меравад.

Баста шудани роҳи муҳоҷирон дар оғози мавсим, ба пешбинии коршиносон, боис ба коҳиши интиқоли пул аз Русия мешавад. Пулҳои муҳоҷирони корӣ сарчашмаи асосии воридшавии сармоя ба Тоҷикистон аст. Соли 2019 муҳоҷирон ба кишвар наздик ба 2,6 миллиард доллар ворид кардаанд, ки ба беш аз 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, таъсири вирус танҳо бо ин хатм намешавад ва соҳаи туризм ё ҷаҳонгардиву хизматрасонӣ ва нақлиёт низ зери зарба ҳастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои муқобила бо таъсири манфӣ ба иқтисод барномаи хос дорад ва намегузорад нархи маҳсулот дар бозорҳо беш аз ҳад боло равад.

Бонки Осиёии Рушд

Бонки Осиёии Рушд дар арзёбии нави худ гуфт, хуруҷи вирус ба иқтисоди минтақа "таъсири амиқ" мерасонад, аз ҷумла "боиси ба шиддат коҳиш ёфтани талабот, сайёҳӣ ва сафарҳои корӣ ва қатъи робитаҳои тиҷоратӣ ва занҷираҳои истеҳсолӣ мешавад".

Иқтисоддонҳои бонк се сенарияи рушди вазъият:

  • хушбинона
  • миёна
  • бадро

таҳлил кардаву хулоса намудаанд, ки иқтисоди ҷаҳон аз хуруҷи коронавирус метавонад аз 77 то 347 миллиард доллар зарар бинад.

Ба арзёбии бонк, дар Тоҷикистон беш аз ҳама соҳаи туризм зарар мебинад ва, мумкин аст, зиёни молии ширкатҳои сайёҳии кишвар аз 0,3 то 0,8 миллион доллар шавад.

Муаллифон менависанд, ин арзёбиҳои пешакӣ аст ва бо таҳаввули вазъият метавонад иваз шавад. Арзёбии нави Бонки Осиёии Рушд, қарор аст, 1-уми апрел нашр шавад.

Пешбинии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Антон Усов, масъули Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) рӯзи 18-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иқтисоддонҳои аршади ин бонк таҳаввули вазъиятро дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон бодиққат назорат доранд.

"Чолише, ки имрӯз инсонҳо рӯ ба рӯ шуданд, дар гузаштаи наздик назир надорад. Аз ин рӯ, пешбинӣ кардани оқибатҳои иқтисодӣ душвор аст. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки мизони интиқоли пули муҳоҷирон кам мешавад, ширкатҳои хурду миёна беш аз ҳама зиён мебинанд. Хусусан бахши хидматрасонӣ - ошхонаву тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ. Дар соҳаи нақлиёт ширкатҳои бузург ҳам зиён мебинанд", - иброз дошт ӯ.

Шӯрои БАТР барои кумаки фаврӣ ҷиҳати коҳиши таъсири бади коронавирус ба иқтисоди кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Антон Усов гуфт, бонк таҷрибаи муқобила бо буҳрони молии соли 2008-ро дорад ва, қарор аст, ин бор ҳам аз он таҷрибаҳо истифода кунад.

"БАТР ин маблағҳоро барои дароз кардани муҳлати пардохти қарзи ширкатҳое, ки дучори мушкил шудаанд ва сармоягузории бонкҳо ва ташиклоти хурди қарзӣ равона мекунад", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамчунон ин бонк сармоягузории сохтмони иншооти бузург, аз ҷумла сохтмони роҳи наверо, ки дар минтақаи зери обмемондаи нирӯгоҳи "Роғун" бояд бунёд шавад, бе таъхир идома доданист.

Ҳукумати Тоҷикистон чӣ тадбир меандешад?

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар изҳороте гуфт, "пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисоди аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии кишварамон бетаъсир намонд" ва вазорат барои коҳиши ин омилҳо тадбирҳо меандешад.

"Иҷрои босифати буҷаи давлатӣ, истифодаи самарбахши маблағҳои он, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа", ба гуфтаи масъулони вазорат, аз чораҳоест, ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз таъсири бади вирус ба иқтисод амалӣ мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG