Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд пешниҳод аз хориҷа барои "табобат"-и иқтисоди Тоҷикистон


Бозори мардикорон дар Душанбе

Баъзе аз иқтисоддонҳои тоҷик, ки ҳоло берун аз кишвар зиндагӣ доранд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ назари худро дар бораи вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар миён гузоштанд.

Ҳукумат дар оғози моҳи апрели имсол гуфт, Тоҷикистон дар қатори 10 давлати ҷаҳон қарор гирифт, ки рушди иқтисодашон аз ҳама зиёд буд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018-ум 7,3 дар сад рушд кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ ояндаро пешбинӣ мекунанд, вале дар поёни кор рақамҳои эълонкардаи ҳукуматҳоро мепазиранд.

“Бояд се мушкили бунёдиро ҳал кард”

Иқтисоддони тоҷики муқими Канада, Каримҷон Аҳмадов, се мушкили бунёдии рушди иқтисоди Тоҷикистонро ном бурд, ки бидуни ҳалли онҳо аз назари ӯ, ба тағйироти чашмгир даст ёфтан номумкин аст:

  • Набуди тақсими воқеии қудрат;
  • Набуди иродаи сиёсӣ барои иҷро кардани ислоҳоти иқтисодӣ;
  • Муборизаи бесамар бо фасод.

"Ҳама гуна барномаҳои иқтисодӣ, фармону қонунҳо, ҳамчунин дастуру амалкардҳои ҳукумат, бе ҳалли ин мушкилот танҳо тақлиди ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ мебошаду бас", -- гуфт Каримҷон Аҳмадов рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ.

Боло бурдани сарбории молӣ дар пасманзари баланд шудани қарзи давлатӣ, ба гуфтаи вай, дар оянда суръати рушди иқтисодиро суст мегардонад ва метавонад ба Тоҷикистон “дефолт” таҳдид кунад.

Ӯ гуфт: “Эълони саноатӣ кардани кишвар, ки муҳити ҷалбкунандаи сармоягузорӣ надорад ва ҷудо кардани 16 миллион доллар аз будҷа барои ин ҳадаф тавҷеҳнопазир аст. Сайёҳиро бахши авлавиятноки иқтисоди миллӣ эълон кардан, бидуни барномаи махсуси дастгирӣ аз набуди стратегияи иқтисодии кофӣ дар ҳукумат шаҳодат медиҳад.”

Сратегияи гаронарзиш

Соли 2016 дар Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардид, ки хароҷот барои он 118,1 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Манбаи асосии сармоягузории ин стратегия бахши хусусӣ, қарзҳо ва бурсияҳо бе нишон додани рақамҳои мушаххас, ном бурда шудааст.

Неъматулло Ҳикматуллозода
Неъматулло Ҳикматуллозода

Ҳангоми муаррифии ин Стратегия вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода гуфта буд, ки иҷрои бомуваффақияти он ба кишвар имкон медиҳад, аз бунбасти иртибототӣ барояд, амнияти озуқавориро таъмин намояд ва сатҳи миёнаи зиндагӣ аз 22% ба 50% боло равад.

Коршиноси мустақил дар соҳаи макроиқтисодӣ ва мушовири Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтан Собир Қурбонов дар мусоҳибаи чанде пеши худ бо маҷаллаи “Иқтисодчӣ” (Душанбе) Стратегияи миллиро санади хуб ва муҳим номида, вале онро “бисёр ҷоҳталабона” донистааст.

Дар ин кор, ба назари ӯ, пеш аз ҳама ниҳодҳои байналмилалӣ гунаҳкоранд. “Дар бештари маврид созмонҳои байналмилалӣ – донорҳо дар вазъи бавуҷудомада гунаҳкоранд, зеро маҳз онҳо аз оғози солҳои 2000 яке аз шартҳои фароҳам кардани ёриҳои беруниро қабули чунин стратегияҳо аз сӯйи давлат гузошта буданд. Ба ҷуз ин, онҳо ба таври фаъолона ҳукуматро ба он дидгоҳҳои худ гирифтор кардаанд, ки ба кадом самт ва чӣ гуна бояд рушд кард”, -- гуфтааст Қурбонов.

Коршинос таъкид кардааст, ки бо ҳадафи иҷрои босамари чораҳои Стратегияи рушди то соли 2030, воқеӣ буд, ки вазоратҳои молия ва иқтисодро муттаҳид мекарданд, то сиёсати иқтисодиро молиячиён мудирият мекарданд, на ин ки баръакс.

Қарзи давлатӣ ва душвориҳои дигар

Ҳаҷми маблағ барои дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегиро аз ибтидо коршиносон шубҳаовар дониста буданд. Бисёриҳо пойбандии бештари Тоҷикистонро аз Чин пешбинӣ карда буданд, ки сармоягузори бузургтарин барои як кишвари на он қадар ҷолиб шуд ва ҳозир аст маблағҳои бузургеро бе уҳдадориҳои сиёсӣ сармоягузорӣ кунад. Аз рӯйи маълумоти охирин қарзи Тоҷикистон аз Эксимбонки Чин 1,3 млрд доллар аст ва беш аз 40% тамоми қарзи беруниро ташкил медиҳад.

“Дар солҳои охир талошҳои бозсозии қарз сурат мегирад, евробондҳо дар ҳаҷми 500 миллион доллар нашр шуд, ки маҳз қарзи кишварро дар соли 2017 то 2,9 млрд доллар боло бурд. Аз рӯйи талошҳои ҳукумат ба назар мерасад, ки онҳо мехоҳанд аз кишварҳои дигар (Русия, Арабистони Саудӣ, кишварҳои ИА) дигарбора қарз бигиранд”, -- мегӯяд Зарина Додобоева, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Русия.

Ин коршинос дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба сифати мушкилоти аслии бахши иқтисоди Тоҷикистон “дараҷаи пасти саноати кишвар”, “вобастагии манобеъ аз Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон”, “сатҳи пасти тахассусии аҳолии қобили меҳнат”, ки маҷбуранд ба муҳоҷират бираванд ва ҳамчунин “сиёсати пегӯйинашавандаи андоз”- ро ном бурд.

“Агар ин зарфияти бузург ба таври ҳирфаӣ омӯхта шавад ва дар бахшҳои саноатии иқтисод, кишоварзӣ ворид гардад, он гоҳ мешавад дар бораи рушди иқтисод дар маҷмуъ суҳбат кард. Ҳамчунин будани сиёсати андози пешгӯйишаванда ва муносибати шаффоф бо соҳибкории хурд, ки ин шабу рӯзҳо даврони мушкилеро пушти сар мегузорад, метавонад барои офаридани ҷойҳои иловагии кор шаванд”, -- мегӯяд коршинос.

Душвориҳои пешбурди тиҷорат

Моҳи октябри соли гузашта дар раддабанди ҷаҳонии “Пешбурди тиҷорат” Тоҷикистон мақоми 126-умро дар миёни 190 кишвар гирифта буд. Дар ин радабандӣ, меъёрҳои танзимкунанда, тавонмандсоз ва ё монеъгузори рушди тиҷорат дар тамоми давраи фаъолият, пардохти андоз ва ҳамчунин дараҷаи ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорҳо тадқиқ шуда буд.

Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд, ки дар оғози моҳи октябри соли гузашта нашр шуд, ҳамчунин рӯйи зарурати бартараф кардани норасоиҳои муҳити сармоягузорӣ, аз қабили раванди мурракаби боз кардани тиҷорат, хадамоти гарони гумрук, нақлиёт ва ҳамлу нақл, ҳамчунин дастрасии мушкил ба қарзҳо ва мудирияти молиётие, ки сармоягузорони хусусиро ҳавасманд намекунад, таъкид карда буд.

Чораҳои решаӣ

Каримҷон Аҳмадов ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодро дар ислоҳоти решаии мудирияти давлатӣ мебинад.

“Сарвазир ба таври воқеӣ ҳукуматро раҳбарӣ кунад, на ин ки вазифаи намоишиеро дар низоми мудирияти давлатӣ иҷро бикунад. Бонки миллӣ бояд мустақил бошад ва сарфи назар аз дахолати ҳукумат бояд сиёсати пуливу қарзиро мустақилона ба роҳ монад. Бояд иродаи сиёсӣ зоҳир кард ва бо фасод корро тамом намуд. Агар ирода вуҷуд дорад, пас, фасоди куллӣ ногузир пушти сар мемонад ва навбатпойии хоҳишмандон барои хидмати давлатӣ аз миён меравад”, -- бовар дорад ҳамсуҳбати мо.

Дар маҷмуъ, ҳама коршиносоне, ки Радиои Озодӣ пурсид, ба мушкилоти ба ин монанд дар бахши иқтисоди Тоҷикистон таъкид мекунанд. Миёни онҳо бисёриҳое ҳам буданд, ки розӣ нашуданд ба таври боз масъалаҳои марбут ба иқтисодро дар пайванд бо сиёсат шарҳ бидиҳанд. Ин бахши коршиносон ҳалли масоили иқтисодиро дар бештари маврид аз тағйироти сиёсӣ дар кишвар вобаста медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG