Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фазо мусоид нест". Коҳиши сармоягузории Русия ба Тоҷикистон


Русия дар соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 21 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки ба қавли мақомоти тоҷик "аз сармоягузории Филиппин ҳам камтар аст".

Соҳибкоронро наметавон ба коре маҷбур кард. Вақте аз сармоягузории худ фоида намегиранд, чӣ гуна сармоягузорӣ мекунанд? Бо чунин фазое, ки доред, набояд афзоиши сармоягузории хориҷиро интизор шуд

Душанбе ба Маскав 50 тарҳ пешниҳод кардааст​

Хурсанд Вафобекзод, як масъули Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, сармоягузориҳои Русия асосан ба бахши мухобирот ва истихроҷи маъдан равона шудаанд. Ин масъули кумита афзуд, феълан Тоҷикистон ба Русия барои сармоягузорӣ беш аз 50 лоиҳа пешниҳод кардааст.

Тоҷикистон аз Русия, кишваре, ки онро шарики стратегӣ ё "бародари бузург" мехонад, сармояҳои бештарро интизор аст. Аммо Маскав мегӯяд, бо он фазои сармоягузорие, ки Тоҷикистон дорад, набояд ба сармояҳои аз ин бештар умед бандад.

  • Омори солҳои қаблӣ коҳиши чашмраси сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро намоиш медиҳад. Агар Русия соли 2015 ба Тоҷикистон 1,4 миллиард доллар сармоягузорӣ карда буд, ин рақам соле баъд ба 92 миллион доллар поин омад. Ҳоло ба 21 миллион доллар расидааст.

Сафир: "Бо ин фазое, ки доред..."

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ сабабҳои коҳиши сармоягузориҳои Маскавро шарҳ дод. Ӯ гуфт, "дар шароити феълии иқтисодӣ Тоҷикистон набояд ба афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ умед бандад."

Игор Лякин-Фролов
Игор Лякин-Фролов

Сафири Русия гуфт, сиёсати андозбандӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон бетағйир монда ва ширкатҳои русӣ аз ҳеч имтиёз замина бархӯрдор нестанд: "Сатҳи ҳозираи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботи ҳар ду ҷониб нест. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон мехоҳанд, ки ин нишондод афзоиш ёбад. Вале соҳибкоронро наметавон ба коре маҷбур кард. Вақте онҳо аз сармоягузории худ фоида намегиранд, чӣ гуна сармоягузорӣ мекунанд? Бо чунин фазое, ки Шумо доред, набояд афзоиши сармоягузории хориҷиро интизор шуд."

Баръакси коҳиши чашмраси сармоягузориҳои Русия, гардиши савдо миёни Маскав ва Душанбе дар ҳоли афзоиш аст. Соли 2018 мизони савдои ду ҷониб аз марзи 1 миллиард доллар гузашт. Аммо ин додуситад якҷониба аст ва бештар Русия молҳояшро дар бозори Тоҷикистон мефурӯшад ва маблағи молҳои содиркардаи Тоҷикистон ба Русия ночиз аст.

"Хеле дипломатӣ гуфтааст"

Феълан дар Тоҷикистон танҳо 149 ширкат бо сармояи русӣ фаъол аст, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бамаротиб камтар аст. Далели аслии аз бозори Тоҷикистон рафтани ширкатҳои русӣ ба сатҳи баланди андоз ва фазои номусоиди пешбурди тиҷорат рабт дода мешавад.

Дар гузашта дар посух ба чунин иддао мақомоти Тоҷикистон ангушти ишораро ба сӯи сармоягузорони Чин баланд карда буданд, ки дар шароити феълӣ ба таври фаъол дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд.

Александр Князев
Александр Князев

Александр Князев, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Русия, гуфт, Игор Лякин-Фролов дар ин замина боз ҳам "хеле дипломатӣ" изҳори назар кардааст. "Дар асл, вазъият душвортар аз ин аст. Шояд сафир нахостааст рӯйирост бигӯяд, вале дар асл шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то ҳадде бад аст, ки ҳеҷ соҳибкор омода нест, сармоягузорӣ кунад. Зеро бовар надорад, ки аз ин кораш фоида хоҳад гирифт ё не", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон ва Русия Ҳамеша ҳамдигарро шарикони стратегӣ номида, бозори моли Русия барои тоҷирони тоҷик як самти муҳими додугирифтҳои тиҷоратӣ ба шумор меравад.

Аз "Сангтӯда-1" ба "Шоколоднитса"?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари тоҷик гуфт, феълан таваҷҷӯҳи бештари Русия ба ҳамкориҳо дар бахши низомӣ ва маориф равона шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар гузашта Русия ҳатто сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҷануби Тоҷикистонро сармоягузорӣ кард, ки ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” наметавонад маблағи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳро пардохт кунад.

“Ҳаҷми сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон аз сатҳи сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар солҳои қаблӣ то ба сохтмони як қаҳвахонаи “Шоколаднитса" поин омадааст", - афзуд ӯ.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов
Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Мақомоти Тоҷикистон дар ду соли ахир вуҷуди мушкилот дар ҷалби сармоягузориро эътироф карда, соли 2019-ро соли ислоҳоти арсаи соҳибкорӣ унвон кардаанд. Ба ин манзур як гурӯҳи ҳукуматӣ машғули таҳияи пешниҳодҳо барои коҳиш додани сангинии андоз ва фароҳам овардани имтиёзҳои бештар ба соҳибкорон мебошад. Тибқи барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон ҳамасола кишвар бояд на кам аз 4 миллиард доллар сармояи хориҷиро ба иқтисоди кишвар ворид созад.

Роҳи ҳал ҳаст. Монеа кадом аст?

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисод ва демографияи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд ин ҳадаф амалишаванда аст, монеаҳое низ дар ин роҳ вуҷуд доранд.

"То ду ҳафтаи дигар сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сурат мегирад. Мутмаинам, ки мақомоти Русия мехоҳад тавассути мақомоти худ ба ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ таъсир расонад. Кремл дарк мекунад, ки ҳатман бояд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, вагарна Душанбе низ аз меҳвари таъсири Маскав берун хоҳад рафт", - гуфт ӯ.

Шамсиддин Ҷалолов афзуд, ҳарчанд мақомот вуҷуди мушкилот дар бахши сармоягузориро дарк мекунанд, ҳанӯз барои ҳалли комили он иқдоми таъсирбахше накардаанд. Ӯ аз ҷумла вуҷуди фасоди густарда дар иқтисод ва тиҷоратро ном бурд, ки низ яке аз чандин монеаи сармоягузориҳои хориҷӣ дар кишвар шумурда мешавад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG